Порлумони Тоҷикистон будҷеи соли ояндаи давлатро тасвиб кард

  • 23 Октябр, 2013
Порлумон
Image caption Порлумони Тоҷикистон қонун дар бораи будҷеи соли ояндаи кишварро тасвиб кард

Маҷлиси намояндагони порлумони Тоҷикистон ба иттифоқи оро тарҳи будҷеи давлат барои соли ояндаи милодиро барарсӣ ва тасвиб кард.

Бар асоси ин санад, ҳаҷми умумии будҷеи давлати Тоҷикистон дар соли оянда ҳудуди 14 милёрд сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки дар муқоиса бо ҳаҷми будҷеи соли гузашта 1,8 милёрд сомонӣ ё 15,3 дарсад бештар аст.

Касри будҷеи соли оянда муъодили 242,1 милюн сомонӣ ё ҳудуди 50 милюн дулори омрикоӣ хоҳад буд.

Ҳамчунин, пешбинӣ шудааст, ки дар солҳои 2015 ва 2016 ҳаҷми умумии буҷети Тоҷикистон мутаносибан 15,3 милёрд ва 16,4 милёрд сомониро ташкил хоҳад дод.

Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири молияи Тоҷикистон, ки рӯзи чаҳоршанбеи 23 октябр дар иҷлоси Маҷлиси намояндагони порлумон, тарҳи қонун дар бораи будҷеи соли ояндаро муъаррифӣ мекард, гуфт, ки дар назар аст, тавлидоти нохолиси дохилӣ дар соли оянда ба 48,5 милёрд сомонӣ ё ҳудуди 10 милёрд дулори омрикоӣ баробар шуда ва мизони таваррум 7, 5 дарсадро ташкил диҳад.

Оқои Наҷмиддинов гуфт, ки чун дар солҳои қаблӣ будҷеи соли оянда низ ҷанбаи иҷтимоъӣ дошта, дар бахши иҷтимоъӣ 6 милёрду 143 милюн сомонӣ масраф хоҳад шуд, ки ин рақам дар муқоиса бо будҷеи соли ҷорӣ як милёрду 240 милюн сомонӣ бештар аст.

Ӯ гуфт, дар қонуни будҷеи соли оянда барои аввалин бор ба соҳибкорони (тоҷирони) зан ва ҷавон тахсиси 200 милюн сомонӣ кумакҳои билоъивази молӣ пешбинӣ шудааст.

Ҳадаф аз ин иқдом пуштибонии молӣ аз ин гуна соҳибкорон ва тоҷирон дар манотиқи рустоӣ ва кӯҳистонии кишвар ва аз ин тариқ таъмини мавод дар бозори дохилӣ унвон шудааст.

Дар ҳамин ҳол, Сафаралӣ Гулов, муъовини раиси Кумитаи иқтисод ва молияи Маҷлиси Намояндагон гуфт, ки дар қонуни будҷеи соли оянда теъдоди корхонаю муассисоте, ки аз пардохти молиёт ва аворизи гумрукӣ муъоф шудаанд, ба 240 адад расидааст.

Image caption Оқои Наҷмиддинов гуфт, ки мизони сармоягузорӣ барои бунёди нерӯгоҳи "Роғун" пас аз эъломи натоиҷи ниҳоии бозрасии коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ дар моҳи оянда эълом хоҳад шуд

Яъне ширкату ниҳодҳое, ки ба воридоти гандум, гоз, битум ва таҷҳизоти мудерни фаннӣ машғул ҳастанд ва таҷҳизоту маводди сохтмонӣ барои бемористони Исмоъили Сомонӣ дар Душанбе ва бунёди роҳи оҳани Душанбе-Ёвон аз чунин имтиёзот бархурдор ҳастанд.

Шодӣ Шабдолов, раҳбари Ҳизби кумунисти Тоҷикистон ва намояндаи порлумон, ба навбаи худ пешниҳод кард, ки кумисиюни вижае аз ҷумлаи намояндагони порлумон ва ниҳодҳои зирабти давлатӣ, бахусус, Девони муҳосиботии Тоҷикистон, таъсис шуда, фаъъолияти чунин ширкату муассисотро баррасӣ кунанд, то рӯшан шавад, ки муъоф шудан аз пардохти молиёту аворизи гумрукӣ дар пешрафти онҳо то чи ҳад муассир будааст.

Ҳамчунин, вай аз раванди тахсиси кумакҳои билоъивази молӣ барои бунёди нерӯгоҳҳои кӯчак интиқод карда ва гуфт, ки дар ҷараёни бозрасии гурӯҳи намояндагони порлумони Тоҷикистон ва Идораи тавсеъаи СММ дар ин кишвар ошкор шудааст, ки бештари ин нерӯгоҳҳо фаъъолият намекунанд ва афроде, ки ин кумакҳоро дарёфт карда буданд, "нопадид шудаанд."

Зимнан, дар будҷеи соли милодии оянда мизони кумакҳои билоъивази молӣ болиғ ба 1,5 милёрд сомонӣ буда ва қисмати аслии ин маболиғ ба бахши энержӣ ихтисос дода шудааст.

Аз сӯйи дигар, Саидумар Ҳусайнӣ, намояндаи Ҳизби наҳзати исломӣ дар порлумон, мавзӯъи тавофути ҷиддии арқоми идороти гумруки Тоҷикистон ва Чин дар заминаи табодули коло миёни ду кишварро матраҳ кард.

Ба гуфтаи оқои Ҳусайнӣ, тибқи иттилоъи Идораи гумруки Тоҷикистон дар соли гузашта мизони табодули коло миёни Чин ва Тоҷикистон 670 милюн дулор арзёбӣ шуда, аммо ин рақам дар гузориши Идораи гумруки Чин 1 милёрду 700 милюн дулор омадааст.

Нуралӣ Маҳмадов, муъовини раиси Идораи гумруки Тоҷикистон, иллати ин тафовут дар арқоми идороти гумруки ин ду кишварро ба тафовут дар арзиши колоҳо, услуби баррасии гумрукӣ ва ба ворид шудани колоҳои воридотии Тоҷикистон ба Қазоқистону Қирғизистон марбут хонд.

Ҳамзамон, оқои Маҳмадов имкони фасод дар сабт ва ҳисоби колоҳо аз ҷониби кормандони Идораи гумруки Тоҷикистонро баъид намедонад. Ӯ гуфт, ин мавзӯъ дар расонаҳои Тоҷикистон бозтоби густарда дошта ва Идораи гумрук дар садад аст ин мавзӯъро ба расонаҳо ва нашрияҳо ташреҳ диҳад.

Зимнан, ба ҳангоми баррасии тарҳи қонуни будҷеи соли 2014 мавзӯъи сармоягузорӣ дар тарҳҳои бузурги сохтмонӣ, назири нерӯгоҳи "Роғун", матраҳ нашуд.

Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири молияи Тоҷикистон, дар фарҷоми иҷлоси порлумон ба хабарнигорон гуфт, ки мизони сармоягузорӣ барои бунёди нерӯгоҳи "Роғун" пас аз эъломи натоиҷи ниҳоии бозрасии коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ дар моҳи оянда эълом хоҳад шуд.

Ҳамзамон, оқои Наҷмиддинов таъкид кард, ки дар қонуни будҷеи соли оянда барои идомаи корҳои барқарорсозӣ дар нерӯгоҳи "Роғун" беш аз як милёрд сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Матолиби муртабит