Тасвиби тарҳи бунёди 15 мактаби ҳамагонӣ дар Тоҷикистон

Порлумони Тоҷикистон тарҳи муштараки давлати Тоҷикистон ва Сандуқи Саъудии Тавсеъа барои бунёд ва муҷаҳҳазсозии макотиби ҳамагонӣ дар ин кишварро тасвиб кард.
Мувофиқатнома дар ин замина дар 19 августи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе миёни Вазорати молия ва Сандуқи Саъудии Тавсеъа имзо шуда буд.
Рӯҳулло Ҳакимов, муъовини вазири молияи Тоҷикистон, ки рӯзи сешанбеи 26 ноябр, ин тарҳро дар иҷлоси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон муъаррифӣ мекард, марҳилаи сеюми онро бунёди макотиб ва таъмини онҳо бо таҷҳизоту ашёи лозимӣ унвон кард.
Гуфта мешавад, ҳазинаи умумии ин тарҳ 25 милюну 750 ҳазор дулори омрикоӣ буда, 25 милюн дулор воми ботахфифи Сандуқи Саъудии Тавсеъа ва 750 ҳазор дулор саҳми давлати Тоҷикистон аст. Ин вом ба муддати 25 сол ва бо баҳраи солонаи 1 дарсад дар ихтиёри Тоҷикистон вогузор шудааст.
Оқои Ҳакимов гуфт, дар назар аст дар чорчӯби тарҳи муштараки Тоҷикистону Сандуқи Саъудии тавсеъа то авохири соли 2016 15 мактаб дар навоҳии Восеъ, Ҳамадонӣ, Ёвон, Норак, Ҷилликӯл, Данғара, Кӯлоб, Фархор, Шӯрообод, Бохтар, Панҷакент ва Айнӣ бунёд шавад.
Ба гуфтаи ӯ, дар сурати иҷрои ин тарҳ ҳудуди 28 ҳазор шогирд дар ду баст ба таҳсил фаро гирифта шуда, 2000 омӯзгору кормандони фаннӣ бо кор таъмин хоҳанд шуд.
Зимнан, ҳоло дар бахши маорифи Тоҷикистон 6 тарҳи муштараки сармоягузорӣ, ки ҳазинааш 94,9 милюн дулори омрикоӣ аст, дар дасти иҷрост, ки аз ҷумлаи ин маблағ беш аз 42 милюн дулор кумаки билоивази созмонҳои молии байналмилалӣ маҳсуб мешавад.
Бино ба иттилоъи Вазорати молияи Тоҷикистон, дар солҳои 2004-2009 марҳилаи аввали тарҳи бунёд ва муҷаҳҳазсозии 30 мактаб дар навоҳии Ваҳдат, Турсунзода ва Панҷ иҷро шуд.
Ба марҳилаи дуюм бунёд ва муҷаҳҳазсозии 5 мактаб дар навоҳии Ҳисор, Ваҳдат, Фархор, Бохтар ва Душанбе шомил шуда ва дар назар аст, дар соли 2015 ин макотиб мавриди баҳрабардорӣ қарор гиранд.
Дар пайи рушди сареъи ҷамъияти Тоҷикистон мушкили таъмини шогирдон бо мактаб пеш омада ва ба далели камбуди ҷойи нишаст дар бештари макотиби ҳамагонии ин кишвар таҳсил дар ду баст анҷом мешавад.
