Афзоиши бесобиқаи мизони воридот бар содироти Тоҷикистон

Дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ Тоҷикистон ба миқдори 880 милюн дулор ба кишварҳои хориҷӣ коло содир карда ва аз хориҷ ба маблағи 2 милёрду 900 милюн коло ворид кардааст.
Бино ба иттилоъи манобеъи Бонки миллии Тоҷикистон таносуби мизони воридот бар содирот дар соли ҷорӣ 3,3 баробар буда ва мизони содирот дар муқоиса ба давраи мушобеҳи соли гузашта ҳудуди 10 дарсад коҳиш ёфтааст.
Абдуҷаббор Ширинов, раиси ин бонк, ки рӯзи чоршанбеи 13 ноябр, дар иҷлоси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аз иҷрои “Дурнамои сиёсати пулию қарзии Тоҷикистон дар 9 моҳи соли ҷорӣ” гузориш медод, далели коҳиши қобили мулоҳизаи содиротро ба поин рафтани арзиши олуминиюм ва панба - колоҳои аслии содиротии Тоҷикистон дар бозори ҷаҳонӣ марбут хонд.
Аз сӯйи дигар, ба гуфтаи оқои Ширинов ба иллати камбуди гози табиъӣ аз фаъъолият бозмондани корхонаи сементи Душанбе воридоти семент аз хориҷ баякбор афзоиш ёфтааст.
Ҳамчунин гузориш шуд, ки дар соли ҷорӣ вуруди худравҳо ба Тоҷикистон ва судури онҳо аз тариқи Тоҷикистон ба кишварҳои дигар (реэкспорт) афзоиш ёфта ва ин амр низ дар болоравии мизони воридот асар гузоштааст.
Зимнан, дар соли ҷорӣ бахши воридоти Тоҷикистон дар муқоиса ба давраи мушобеҳи соли гузашта 9,1 дарсад афзоиш пайдо кардааст.
Дар ҳамин ҳол, мақомоти Бонки миллӣ поин рафтани мизони таваррум ва собит будани арзиши пули миллии ин кишвар дар қиболи пулҳои хориҷиро аз дастовардҳои иқтисодии Тоҷикистон дар соли ҷорӣ арзёбӣ карданд.
Тибқи иттилоъи Бонки миллӣ мизони таваррум дар 9 моҳи соли ҷорӣ 2,8 дарсадро ташкил додааст, ки ин рақам дар муқоиса ба нишондоди соли гузашта 2,8 дарсад камтар будааст.
Арзиши сомонӣ, пули миллии Тоҷикистон низ дар баробари дулори омрикоӣ танҳо ба миқдори 0,1 дарсад коҳиш ёфтааст.
Дар ҳамин ҳол, Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, ба ин рақам тардид карда ва гуфт, дар ҳоле ки тавлидоту содирот дар ин кишвар дар поинтарин сатҳ қарор дорад, чи гуна арзиши пули миллии он собит боқӣ мондааст.
Абудҷаббор Ширинов, раиси Бонки миллии Тоҷикистон, далели ин амрро ба маболиғи интиқолӣ аз кишварҳои хориҷӣ марбут хонд.
Тибқи иттилоъи Бонки Марказии Русия дар соли гузашта аз ин кишвар ба Тоҷикистон ба миқдори 3,5 милёрд дулор маблағ ворид шудааст, ки аз бахши даромади буҷети Тоҷикистон бештар буда ва 47 дарсади Маҳсулоти нохолиси миллии ин кишварро ташкил додааст.
Бонки Ҷаҳонӣ низ дар гузориши ахири худ Тоҷикистонро дар миёни кишварҳои собиқи шӯравӣ аз бузургтарин воридкунадаи маболиғи муҳоҷирони корӣ хонда ва гуфтааст, интизор меравад, дар соли ҷорӣ мизони ин маболиғ ба 4 милёрду 100 милюн дулор бирасад.
