Саидмуродов раиси Кумитаи илму маъориф ва фарҳанги порлумон интихоб шуд
Лутфулло Саидмуродов, узви порлумон, раиси Кумитаи илм, маъориф, фарҳанг ва ҷавонони Маҷлиси Намояндагони порлумони Тоҷикистон интихоб шуд.
Қаблан Марҳабо Ҷабборова дар ин симат фаъъолият мекард. Пас аз интисоби ӯ ба симати муъовини нахуствазири Тоҷикистон дар авохири моҳи гузашта ин курсӣ холӣ шуд.
Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагон, рӯзи чаҳоршанбеи 11 декабр дар иҷлоси порлумон аз оқои Саидмуродов ба унвони як донишманди шинохта ва раиси пешини фокултаи назарияи иқтисодии Донишкадаи иқтисоди Тоҷикистон ном бурд.
Ҳамчунин, бо аксари кулли оро Лутфулло Саидмуродов узви Шӯрои Маҷлиси намояндагони порлумони Тоҷикистон интихоб шуд.
