Даъвати ҷаласаи ғайринавбатии порлумони Тоҷикистон

  • 6 Декабр, 2013

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди даъвати ҷаласаи ғайринавбатии муштараки маҷолиси улё ва суфлои порлумони ин кишвар фармон содир кард.

Тибқи ин фармон, қарор аст, дар ҷаласаи муштараки Маҷолиси Миллӣ ва Намояндагони Тоҷикистон, ки рӯзи 16 декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд, фармонҳои Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди кобинаи ҷадид баррасӣ ва таъйид шавад.

Бар асоси моддаи 74-и Қонуни асосии Тоҷикистон пас аз интихоби раиси ҷумҳурии ҷадид ваколати нахуствазир, муъовинони ӯ, вазирону руасои кумитаҳо поён ёфта ва бояд кобинаи ҷадид таъйин шавад.

Президент Раҳмон дар чорчӯби ваколатҳои худ нахуствазир ва чандин вазиру руасои кумитаҳои давлатиро барканор ва афроди ҷадидро ба ин мақомҳо таъйин кард.

Зимнан, ҷаласаи қаблии ғайринавбатии маҷолиси улё ва суфлои порлумони Тоҷикистон рӯзи 16 ноябри соли ҷорӣ баргузор шуда ва дар ин ҷаласаи оқои Раҳмон пас аз интихобои муҷаддад ба мақоми раиси ҷумҳурӣ савганд ёд карда буд.