Тасвиби тарҳи кумаки молии БОТ ба Тоҷикистон
Image copyrightBBC World ServiceМаҷлиси намояндагони Тоҷикистон тарҳи муштараки Тоҷикистону Бонки Осиёии Тавсеъа (БОТ) мавсум ба “Дастрасӣ ба маблағгузории сабз”-ро бо аксари кулли оро тавсиб кард.
Ин тарҳ рӯзи 19 августи соли гузашта дар шаҳри Душанбе миёни давлати Тоҷикистон ва БОТ имзо шуда буд.
Ҳазинаи ин тарҳ 11,8 милюн дулор буда ва 10 милюн дулори он кумаки билоивази Бонки Осиёии Тавсеъа маҳсуб мешавад.
Ҷамолиддин Нуралиев, муъовини аввали вазири молияи Тоҷикистон, ки рӯзи чоршанбеи 21 май, дар иҷлоси порлумон сӯҳбат мекард, гуфт, муддати иҷрои ин тарҳ 5 сол буда ва маболиғи тарҳ барои беҳбуди вазъи таъмини сокинони кишвар бо неруи барқ тавассути харидорӣ ва насби текнулуҷии каммасрафи барқӣ масраф хоҳад шуд.
Ҳамчунин, ба гуфтаи оқои Нуралиев, дар чорчӯби тарҳи “Дастрасӣ ба маблағгузории сабз” созмонҳои молии “Имон-Интернейшнл” ва “Арванд” ба соҳибкорони ватанӣ, ба хусус, занҳои манотиқи кӯҳистонӣ ба миқдори аз 500 то 2 ҳазор дулори омрикоӣ вомҳои ботахфиф тахсис хоҳанд дод.
Дар назар аст, бархе аз ин маболиғ барои бунёди нерӯгоҳҳои кучаки барқи обӣ ва энержии хуршед истифода шавад.
Дар ҳамин ҳол, Шодӣ Шабдолов, раҳбари Ҳизби кумунист ва намояндаи порлумон ба истифодаи муассири тарҳҳои кумакҳои билоиваз дар бахши энержӣ тардид кард.
Ба гуфтаи оқои Шабдолов, аз ҷумлаи 310 нерӯгоҳи барқи обии кучак, ки тавассути кумакҳои билоивази созмонҳои молии байналмилалӣ эҳдос шудааст, танҳо 10 нерӯгоҳ ҷавобгӯйи меъёрҳои байналмилалӣ буда ва бахши дигари онҳо комилан аз фаъъолият бозмондаанд.
Ҷамолиддин Нуралиев, муъовини аввали вазири молияи Тоҷикистон, ба навбаи худ гуфт, раванди иҷрои тарҳи “Дастрасӣ ба маблағгузории сабз” аз ҷониби масъулони Вазорати молияи ин кишвар ва намояндагони Бонки Осиёии Тавсеъа ҷиддан назорат хоҳад шуд.
