Бонки Осиёӣ: Тоҷикистон ҳамчунон ба кумакҳои билоъиваз ниёз дорад
Image copyrightBBC World ServiceЯк масъули Бонки Тавсеъаи Осиёӣ (БТО) гуфт, ки то ҳол рушди иқтисоди Тоҷикистон ба сатҳи зарурӣ нарасида ва ин кишвар ба кумакҳои билоъивази молии созмонҳои байналмилалӣ эҳтиёҷ дорад.
Сӣ Сӣ Ю, намояндаи доимии БТО дар Тоҷикистон, рӯзи сешанбеи 23 декабр дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе гуфт, ки аз ин лиҳоз ин созмони байналмилалии молӣ дар садад аст, мизони кумакҳои билоъивази молӣ ба Тоҷикистонро аз 54 милюн дулори соли ҷорӣ то ба 80 милюн дулор дар соли оянда афзоиш диҳад.
Оқои Ю гуфт, ки бар асоси тавсияи Сандуқи Байналмилалии Пул (СБП), дар зарфи панҷ соли ахир БТО ба Тоҷикистон воме ихтисос надода ва танҳо кумакҳои билоъивази молӣ ироа мекунад.
Дар назар аст то авохири соли ҷорӣ СБП вазъи иқтисодию молии Тоҷикистонро баррасӣ карда ва дар сурати осебпазир арзёбӣ шудани иқтисоди ин кишвар ироаи кумакҳои билоъивази молиро идома бидиҳад.
Сӣ Сӣ Ю гуфт, ки ба далели таҳримҳои Омрико ва Урупо алайҳи Русия, ки ба буҳрони иқтисодию молӣ дар ин кишвар ва шадидан пойин рафтани арзиши рубл мунҷар шуд, имкон дорад ин буҳрон дар рушди иқтисоди Тоҷикистон ва фаъъолияти муҳоҷирони тоҷик асароти ҷиддӣ гузорад.
Ба гуфтаи масъулони Вазорати рушди итқисод ва тиҷорати Тоҷикистон, мизони маболиғе, ки дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ аз муҳоҷирони тоҷик дар Русия ба Тоҷикистон ворид шудааст, дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли гузашта 14 дарсад камтар будааст.
Дар соли гузашта муҳоҷирони кории тоҷик аз Русия ба Тоҷикистон ба маблағи 4 милёрду 173 милюн дулор пул интиқол дода буданд, ки дар муқоиса бо соли 2012 (3 милёрду 651 милюн дулор) 14,3 дарсад бештар буд.
Аз сӯйи дигар, Вазорати кору муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯяд, ки ба иллати коҳиши ҷиддии арзиши рубл, пули миллии Русия, ва эҷоди мавонеъе чун ҷорӣ шудани имтиҳонот аз забони русӣ, таърих ва ҳуқуқ барои муҳоҷирон, аз авоили соли оянда мумкин аст теъдоди муҳоҷирони тоҷик дар Русия бамаротиб камтар шавад.
Ба гуфтаи иқтисоддонҳо, ин амр метавонад дар бозори кори Тоҷикистон ва таъмини машоғил барои шумори зиёде аз мардум, ки имкони муҳоҷират ба Русияро надоранд, мушкилоти ҷиддӣ эҷод кунад.
Зимнан, бино ба иттилоъи манобеъи расмии Тоҷикистон, дар Русия ҳудуди 800 ҳазор нафар ва тибқи гузориши Идораи муҳоҷирати Русия беш аз як милюн муҳоҷири тоҷик кор ва зиндагӣ мекунанд.
Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи коршиносони Бонки Тавсеъаи Осиёӣ, мизони тавлиди колоҳо дар Тоҷикистон ҳамасола пойин рафта ва дар зарфи 10 соли ахир саҳми колоҳои санъатӣ дар тавлидоти кишвар 14 дарсад коҳиш ёфтааст.
Шикофи байни содирот ва воридот дар Тоҷикистон низ дар соли милодии ҷорӣ ба таври қобили мулоҳизае фарохтар шуда ва мизони содирот ҳамагӣ як севуми воридотро ташкил медиҳад.
То ҳол Бонки Тавсеъаи Осиёӣ 13 тарҳи сармоягузориро дар Тоҷикистон ба мавриди иҷро гузоштааст, ки ҳазинаи онҳо 905 милюн дулори омрикоӣ буда ва 75 дарсади онро кумакҳои билоъиваз ташкил медиҳанд.
