Кӯмакҳои БОТ барои рушди Тоҷикистон
Ба иттилоъи як манбаъ дар дафтари намояндагии Бонки Осиёии Тавсеъа дар Тоҷикистон, тарҳи рушди роҳҳои оҳани Тоҷикистон сармоягузории эҳдоси роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистонро дар назар дорад. Интизор меравад БОТ ба ин тарҳ ҳудуди 100 милюн дуллор сармоягузорӣ кунад.
Ҳарчанд, дар мавриди иҷрои ин тарҳ тасмими ниҳоӣ гирифта нашудааст, вале ба гуфтаи ин манбаъ, “мавзӯъ тақрибан ҳал шудааст ва соли оянда иҷрои он шурӯъ хоҳад шуд”.
Ҳамчунин, БОТ дар назар дорад дар соли 2016 бозсозии ҷодаи мошингарди Ховалинг-Тавилдараро бо ҳазинаи 40 милюн дуллор сармоягузорӣ кунад. Таъсиси системи таъмини фаъъолияти тавлидии SKADA як тарҳи дигари энержии БОТ будааст.
Ин дар ҳолест, ки феълан БОТ дар бахши энержии Тоҷикистон чаҳор тарҳро ба маблағи 122 милюн дуллор мавриди иҷро қарор додааст.
Тибқи иттилоъи манобеъи ширкати “Барқи тоҷик” дар соли ҷорӣ иҷрои тарҳи кашидани хутути интиқоли нерӯи барқи миёни Қайроққум ва Ашт ва Герон-Румӣ оғоз мешаванд.
Ҳамчунин бо кӯмаки молии ин бонк зеристгоҳҳои барқии Регар, Қайроққум ва Бойғозӣ бозсозӣ хоҳанд шуд.
