Омодагии Бонки Осиёӣ ба сармоягузорӣ дар тарҳҳои ҷадид дар Тоҷикистон

  • 2 Май, 2014

Бонки Тавсеъаи Осиёӣ (БТО) тасмим гирифтааст дар се соли оянда ба Тоҷикистон маблағи беш аз 300 милюн дулор кумак кунад.

Тибқи иттилоъи масъулони дафтари намояндагии ин бонк дар Душанбе, ин кумакҳо ба бахшҳои энержӣ, омӯзишу парвариш ва таробарӣ ё нақлиёт дар тӯли солҳои 2014-2016 ихтисос дода мешавад.

Қаблан намояндагии БТО дар Тоҷикистон эълом карда буд, ки барои иҷрои тарҳҳое дар заминаи коҳиши талафи нерӯи барқ ва тавсеъаи шуғломӯзӣ (ПТУ) сармоя хоҳад гузошт.

Масъулони вазорати дороиҳои Тоҷикистон гуфтанд, ки яке аз авлавиятҳои фаъъолияти БТО дар ин кишвар сармоягузорӣ дар тарҳи кашидани хатти роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон аст.

Ба гуфтаи ин манобеъ, БТО дар садад аст ба ин манзур то 100 милюн дулор ихтисос бидиҳад. Феълан БТО гуфта, ки барои таҳияи нақшаи ин масир дар қаламрави Тоҷикистон як милюн дулор ихтисос медиҳад.

Дар рӯзҳои наздик ҷаласаи гурӯҳҳои кории се кишвар дар Душанбе баргузор мешавад. Тоҷикистон ба сохтмони ин хатти роҳи оҳан сахт алоқаманд аст, зеро он аз вобастагии Тоҷикистон ба роҳи оҳани Узбакистон мекоҳад.