Баррасии фаъъолияти Бонки Тавсеъаи Осиёӣ дар Тоҷикистон
Image copyrightBBC World ServiceБонки Тавсеъаи Осиёӣ (БТО) зимни тарҳрезии барномаҳои ояндаи худ дар Тоҷикистон бояд ба фарогири куллияи ақшори ҷомеъаи ин кишвар ба ин тарҳҳо бештар таваҷҷуҳ кунад.
Ин матлаб дар баррасии мустақилли фаъъолиятҳои ин муассисаи молии байналмиллалӣ матраҳ шудааст. Бозрасон фаъъолияти ин бонк дар Тоҷикистонро судовар арзёбӣ кардаанд.
Намояндагии БТО дар Тоҷикистон бо пахши як баёнияе ин мавзӯъро матраҳ карда, вале аз ироаи ҷузъиёти дигари ин бозрасӣ худдорӣ кардааст. Вале гуфта мешавад, ки бозрасон куллияи фаъъолиятҳои БТО дар Тоҷикистон аз замони пайвастани Тоҷикистон ба ин муассисаи молӣ то поёни соли гузаштаро ба баррасӣ гирифтаанд.
Гуфта мешавад, ки дар ин муддат БТО ба Тоҷикистон барои иҷрои 38 барнома беш аз як милёрд дулор бидеҳиҳо ва кумакҳои молии билоъиваз ихтисос додааст.
Аз ин маблағ 42 дарсад ба бахши ҳамлу нақл, 24 дарсад ба бахши энержӣ, 9 дарсад ба бахши кишоварзӣ ва 8 дарсад ба бахши идораи давлатӣ ихтисос ёфтааст.
Гуфта мешавад, ки ҳадафи аслии ин бозрасӣ даст ёфтани БТО ба тавсеъаи бештар тавассути кумакҳои молӣ дар Тоҷикистон аст.
Дар гузориш омада, ки судманд будани иҷрои бархе аз тарҳҳо дар Тоҷикистон зери суол меравад. Ва пешниҳод шудааст, ки барои устувор будани таъсири ин тарҳҳо дар Тоҷикистон имконоти молӣ ва фарогирии ин кишвар бояд тақвият дода шавад.
Ҳамчунин, таъкид мешавад, ки мусоъидати молии БТО ба рушди тиҷорати минтақаӣ, аз ҷумла бо нерӯи барқ, кумак кардааст. Ва пешниҳод шуда, ки БТО зимни таҳияи барномаҳои дигари худ бояд хатароти ношӣ аз иҷрои ин тарҳҳо ва роҳҳои ҷуброни онҳоро дар назар дошта бошад.
Ҳарчанд БТО ба рушди бахши хусусӣ ва равобити он бо давлат аҳаммият қоил аст, вале то ҳол ҳеҷ барномаеро дар бахши хусусӣ сармоягузорӣ накардааст.
Ҳамчунин, коршиносон пешниҳод кардаанд, ки БТО бояд дар оянда ба масоили тағйироти иқлимӣ ва ҷилавгирӣ аз авоқиби зиёнбори ҳаводиси табиъӣ бештар таваҷҷуҳ кунад. Зеро, Тоҷикистон дар миёни кишварҳои дигар дар ин замина бештар осебпазир аст.
Ин дар ҳолест, ки ба эътиқоди бархе аз соҳибназарон ва иқтисоддонҳо, БТО дар чанд соли ахир ба яке аз кумаккунандаҳои аслӣ ба бахши иқтисод ва иҷтимоъи Тоҷикистон табдил шудааст.
Давлати Тоҷикистон бо таваҷҷуҳ ба ин нукта зимни таҳияи барномаҳои мухталифи худ ба имконоти ин созмони молии байналмилалӣ такя мекунад ва умедвор аст, ки БТО ҳамвора дар ҳалли мушкилоти мухталифе ба ин кишвар мусоъидат мекунад.
