Порлумон тасҳеҳи мувофиқатнома бо Бонки Исломиро тасвиб кард

  • 11 Декабр, 2013

Порлумони Тоҷикистон тасҳеҳи мувофиқатномаи молӣ бо Бонки Тавсеъаи Исломиро (БТИ) бо аксари кулли оро тасвиб кард.

Ҷамолиддин Нуралиев, муъовини аввали вазири молияи Тоҷикистон, ки рӯзи чаҳоршанбеи 11 декабр дар иҷлоси Маҷлиси Намояндагон ин санади молиро шарҳ медод, гуфт, ки ҳадафи ин тарҳ таъмини оби ошомиданӣ барои сокинони шаҳри Душанбе аст.

Ба гуфтаи оқои Нуралиев, ҳазинаи ин тарҳ 2,4 милюн дулори омрикоӣ буда, аз ин ҷумла 2,1 милюн дулорро воми Бонки Тавсеъаи Исломӣ ташкил медиҳад ва 300 ҳазор дулор саҳми давлати Тоҷикистон аст. Муддати пардохти вом 25 сол пешбинӣ шудааст.

Дар назар аст ин маблағ барои тармим ва бозсозии системи обрасонӣ дар соҳили чапи рӯдхонаи Кофарниҳон, мавсум ба “Каф-2”, сарф шавад.

Ӯ гуфт, ки бо вуҷуди дар саргаҳи об қарор доштан ва дорои захоири бузурги об будани Тоҷикистон сокинони бархе аз манотиқи ин кишвар ба оби софи ошомиданӣ дастрасӣ надоранд.

Гуфта мешавад, ба манзури ҳалли ин мушкил давлати Тоҷикистон 9 тарҳеро рӯйи даст гирифтааст, ки ҳазинаи умумии онҳо 124 милюн дулори омрикоӣ будааст.