Кумакҳои давлати Жопун ба рушди иқтисоди Тоҷикистон

  • 12 Феврал, 2014
Маросими имзои созишномаҳоImage copyrightBBC World Service
Image caption Маросими имзои қарордодҳо ахиран миёни давлати Тоҷикистон ва БТО сурат гирифтааст

Давлати Жопун тасмим гирифтааст барои иҷрои тарҳи сесола дар Тоҷикистон сармоягузорӣ кунад, ки ҳадаф аз он тавсеъаи шароити сармоягузорӣ дар ин кишвар унвон шудааст.

Дар ин бора дафтари намояндагии Бонки Тавсеъаи Осиёӣ дар Тоҷикистон (БТО) дар баёнияе хабар медиҳад.

Тибқи иттилоъи ин манбаъ, ҳазинаи ин тарҳ як милюн дулор арзёбӣ шуда ва қарор аст он то соли 2016 иҷро шавад. Маросими имзои қарордодҳо дар бораи иҷрои ин тарҳ ахиран миёни давлати Тоҷикистон ва БТО бо ҳузури Ҳируюки Имоҳошӣ, сафири Жопун дар Тоҷикистон, баргузор шудааст.

Рубен Борету, коршиноси БТО дар умури кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ғарбӣ, гуфтааст: "Интизор дорем, ки дар паи иҷрои ин тарҳ теъдоди тоҷирон ва сармоягузороне, ки тиҷорати худро рушд дода ва тавлидоти бештару гаронтар тавлид мекунанд, афзоиш ёбад."

Гуфта мешавад, ки ин тарҳ барои коҳиши мизони риски сармоягузорӣ кумак карда ва шароити ҷалби сармояи бештар барои тавсеъаи тавлидот дар Тоҷикистонро фароҳам хоҳад кард.

Роҳандозии сойти ҷадиди Ожонси ҷалби сармоя ва чопи маводди таблиғотӣ, омӯзиши бонувон барои шуғли тиҷорат аз аҳдофи дигари ин тарҳ аст.

Дафтари раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон ва бархе аз ниҳодҳои давлатӣ ва созмонҳои ҷомеъаи маданӣ барои иҷрои ин тарҳ муваззаф шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, дафтари намояндагии Бонки Тавсеъаи Осиёӣ дар Тоҷикистон хабар медиҳад, ки ахиран таҳияи тарҳи ҷадиде барои тавсеъаи бахши омӯзишу парвариши ҳирфаӣ ва фаннӣ (ПТУ) дар ин кишвар оғоз шудааст.

Сандуқи коҳиши мизони фақри Жопун ба ин манзур 700 ҳазор дулор ихтисос додааст.

Асад Сумбал, коршиноси БТО дар умури кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ғарбӣ, гуфтааст: "Аз се ду ҳиссаи нерӯи кор дар Тоҷикистон аз сатҳи зарурии тахассусӣ бархурдор нестанд ва ба ин далел наметавонанд барои худ шуғли муносиб пайдо кунанд... Иҷрои ин тарҳ имкон медиҳад, ки ин мушкил рафъ шавад ва нерӯи кори мувофиқ бо тақозои бозор омода шавад."

Дар чорчӯби иҷрои ин тарҳ як сандуқи омӯзиши ҳирфаӣ барои намояндагони қишрҳои нодори ҷомеъа ва занон таъсис дода мешавад.

БТО дар садад аст барои иҷрои ин тарҳ 20 милюн дулор ихтисос бидиҳад. Интизор меравад, ки тасмими ниҳоӣ дар ин бора дар пойини соли 2014 гирифта мешавад.