Султон Раҳимов: Захоири нафту гози минтақа барои 60 сол боқӣ мондааст

  • 14 Феврал, 2014
обImage copyrightBBC World Service
Image caption Кишварҳои Осиёи Марказӣ тӯли 20 соли ахир наметавонанд бар сари танзими истифода аз захоири об ва тавлиди нерӯи барқ ба тавофуқ бирасанд

Захоири нафту гоз дар Осиёи Марказӣ танҳо барои 60 соли дигар боқӣ мондааст ва сипас кишварҳои минтақа бояд барои тавлиди нерӯи барқ ба захоири дигар рӯй оваранд.

Ин матлаб дар мақолаи Султон Раҳимов, муъовини вазири энержӣ ва захоири оби Тоҷикистон, ки ахиран дар рӯзномаи порлумонии “EP Today» мунташир шуда, зикр шудааст.

Оқои Раҳимов ин иддаъоро бар пояи таҳлилҳои вижаи барномаи Созмони Милали Муттаҳид, мавсум ба SPECA, изҳор дошта ва таъкид кардааст, ки дар сурати камбуди захоири нафту гоз кишварҳои минтақа ночор мешаванд ба энержии атумӣ рӯй оваранд, вале “мушкили” зистмуҳитии ин амр рӯшан аст.

Ин матлаби Султон Раҳимов бештар ба мавзӯъи тавсеъаи бахши энержии Тоҷикистон ва истифодаи муштарак аз зарфиятҳои энержии обии ин кишвар ихтисос ёфтааст.

Ин мақоми тоҷик иддаъо дорад, ки аз лиҳози захоири об барои тавлиди энержӣ ва таносуби он бо масоҳати кишвар Тоҷикистон дар ҷаҳон дар мақоми аввал қарор дорад.

Вай навиштааст: "Ҳанӯз дар соли 2006 коршиносон ҳисоб кардаанд, ки хисороти кишварҳои минтақа аз адами ҳамгироӣ дар истифода аз захоири об муъодили 1,75 милёрд дулор ё баробари 3,6 дарсади мизони кулли тавлидоти нохолиси миллӣ аст... Чунин бархурди бархе аз кишварҳои минтақа дар бораи масоили энержӣ ва истифода аз об паёмадҳои номатлуберо ба дунбол хоҳад дошт..."

Оқои Раҳимов дар идомаи матлаби худ изҳор доштааст, ки Тоҷикистон омода аст барои ҳалли ин мушкилот ва мушкилоти оянда бо куллияи кишварҳои минтақа, бахусус ҳамсоягони худ, ҳамкорӣ кунад.

Ин мақоми тоҷик монанди мақомҳои дигари Тоҷикистон навиштааст, ки эҳдоси обанборҳои ҷадид дар оянда метавонад хатароти ношӣ аз хушксолиро дар оянда рафъ созад.

Ба ҷуз об сохтмони нерӯгоҳҳо метавонад барои кишварҳои минтақа нерӯи барқи аз лиҳози зистмуҳитӣ “тозаро” таъмин кунад. Ба навиштаи вай, захоири энержии обии Тоҷикистон муъодили 527 милёрд килувот/соъат аст.

Ин дар ҳолест, ки феълан Тоҷикистон солиёна 17 милёрд килувот/соъат нерӯи барқ тавлид мекунад ва сокинони бештари манотиқи ин кишвар дар фасли сармо танҳо то чанд соъат ба нерӯи барқ дастрасӣ доранд.

Султон Раҳимов дар канори зарурати эҳдоси нерӯгоҳ ва обанбори "Роғун" ҳамчунин бар аҳаммияти таъсиси Анҷумани байналмиллалӣ барои истифода аз захоири оби дарёчаи Сарез таъкид мекунад.

Вай навиштааст: "Ин беҳтарин манбаъи таъмини оби ошомиданӣ барои сокинони минтақа аст. Ва муҳиммтар ин аст, ки дар сурати иҷрои ин тарҳ хатари харобии садди ин дарёча ва зери об мондани ҳудуди 6 милюн нафар аз ҷамъияти Тоҷикистон, Афғонистон, Узбакистон ва Туркманистон аз байн хоҳад рафт..."

Дар поёни матлаби худ Султон Раҳимов навиштааст: "Ба ин тартиб, захоири обу энержии Тоҷикистон метавонад омили тавсеъаи бонизом ва ҳамгироӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ бошад. Ин омил дар сиёсати аслии оби Тоҷикистон, яъне "Об бояд василаи ҳамкорӣ бошад" бозтоб ёфтааст."

Матолиби муртабит