Пулиси Тоҷикистон миёни ронандагони зан озмун эълом кард
Image copyrightBBC World ServiceБарои бори нахуст дар Тоҷикистон озмуни вижаи ронандагӣ миёни занон ва духтарон эълом шудааст.
Торнамои Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон рӯзи сешанбеи 3 март зимни пахши огаҳие дар ин бора хабар дод, киин озмун ба муносибати рӯзи байналмилалии занон, ки мусодиф бо 8 март аст, баргузор мешавад.
Дар ин озмун занон ва духтароне, ки на камтар аз як сол собиқаи ронандагӣ доранд, метавонанд ширкат кунанд. Озмун зери унвони “Авто-бону-2015” аз 3 то 13 март дар макони вижаи омӯзиши ронандагӣ баргузор мешавад ва ронандагони довталаб барои пирӯзӣ дар панҷ бахши озмун мусобиқа хоҳанд кард.
Яке аз бахшҳои аслии мусобиқа миёни ширкаткунандагон имтиҳони қавоъиди роҳ аст.
Ҳамчунин наҳваи ороиши худравҳои бонувони ронанда аз сӯйи доварони озмун арзёбӣ мешавад ва шеваи ронандагӣ аз бахшҳои дигари ин озмун аст. Яке дигар аз меъёрҳои ин озмун кумаки эҳтимолии аввалия ба афродест, ки дар сонеҳаҳои роҳ осеб дидаанд.
Ин озмун ба ибтикори кормандони пулиси роҳи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ва ҳафтаномаи русизабони шаҳрии мавсум ба “Вечёрка” доир мешавад.
Ҳамчунин, бархе аз соҳибкорон дар Тоҷикистон барои ҷавоизи ин озмун шароити молӣ фароҳам кардаанд.
Масъулони ин озмун ҳадаф аз баргузории онро боло бурдани фарҳанги ронандагӣ дар роҳҳо ва коҳиши сонеҳа ва тасодуфҳо дар роҳҳои утумубилгарди Тоҷикистон унвон мекунанд.
Тайи солҳои ахир дар шаҳри Душанбе шумораи ронандагони зан дар муқоиса бо солҳои қаблӣ афзоиши назаррасе кардааст. Бавижа, шумори ронандагони зани рӯсаридор басуръат меафзояд.
Бархе аз сокинони шаҳри Душанбе бо ишора ба андак будани мавориди сонеҳа ва тасодуфҳо дар роҳҳои Тоҷикистон бо ширкати ронандагони зан мегӯянд, ки занон ва духтарон дар ронандагӣ нисбат ба мардон эҳтиёти бештар ба харҷ медиҳанд.
