Муттаҳам шудани як зан дар одамрубоӣ дар Тоҷикистон
Кормандони пулис мегӯянд, ки як занро барои одамрубоӣ дар вилояти Хатлони Тоҷикистон боздошт кардаанд.
Тибқи иттилоъи торнамои Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, ки рӯзи панҷшанбеи 20 ноябр пахш шудааст, ин зан дар дуздидани як кӯдаки зери синни яксола муттаҳам будааст. Дар хабари вазорат аз ин зан К.Л ном бурда шуда ва вай шаҳрванди Русия будааст.
Ин зани 30-сола рӯзи 19 ноябр бо роҳи пинҳонӣ ба манзили маскунии воқеъ дар ноҳияи Қумсангир ворид шуда ва кӯдакро аз дохили гаҳвора рабурдааст.
Аммо кормандони пулис дар як амалиёти вижа ин занро боздошт кардаанд ва кӯдакро ба модарбузурги вай бозгардонидаанд.
Ҳарчанд ангезаи ин воқеъа аз сӯйи пулис ифшо нашуда, аммо ба эҳтимоли зиёд ин зан шояд модари кӯдак буда бошад. Бо ин вуҷуд дар робита ба ин воқеъа пулис парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.
