Ҳамоиши баррасии мушкилоти занони нобино дар Осиёи Марказӣ
Image copyrightBBC World ServiceДар ҳамоише дар шаҳри Душанбе намояндагони анҷуманҳои нобиноёни Осиёи Марказӣ гирдиҳам омаданд то мушкилоти марбут ба зиндагии занон ва духтарони нобиноро баррасӣ кунанд.
Ҳамчунин дар ин семинори ду рӯза занони ширкаткунанда шеваи омода кардани тарҳҳои вижае барои боло бурдани сатҳи зиндагии афроди нобиноро бо истифода аз текнулужии ҷадиди иттилоъотӣ омӯзиш мебинанд.
Ин ҳамоиш намояндангони ҷамъияти нобиноён аз Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбакистон ва Тоҷикистонро гирдиҳам овард.
Ҳамоиши занони нобино, нахустин нишасти байналмилалӣ аст, ки дар робита ба ҳалли душвориҳои иҷтимоъии ин қишри ҷомеъа дар Тоҷикистон доир мешавад.
Ин нишаст ба ибтикори Иттиҳодияи нобиноёни осиёӣ ва бо сармоягузории Анҷумани нобиноёни Норвеж баргузор мешавад.
Сачив Рамалингам (Sachv Ramalingam), ҳамоҳангсози барномаҳои Иттиҳодияи нобиноёни осиёӣ мегӯяд, ки ҳадаф аз доир кардани ин нишаст коҳиши сатҳи камбизоъатӣ миёни ин қишри ҷомеъа ва истифода аз фановарии ҷадиди иттилоъотӣ будааст.
Ба гуфтаи хонуми Рамалангам, аз ин рӯ аксари ширкаткунандагони нишасти имрӯз занони фаъъол, аз ҷумла аъзои ҷамъияти нобиноёни кишварҳои минтақа будаанд.
Дастрасии андак ба омӯзишу парвариш
Муҳайё Олимова, яке аз намояндагони ҷамъияти нобиноёни Тоҷикистон дар ин ҳамоиш буд, ки мегӯяд, яке аз мушкилоти умдаи занони нобино дар Тоҷикистон дастрасии комил ба омӯзишу парвариш будааст.
Вай мегӯяд: "Замоне, ки духтари нобино намехонад ва бесавод мемонад, дар оянда дар хонавода ва ҷомеъа ба мушкилоти зиёде гирифтор мешавад. Аксаран занони нобино хонашин ҳастанд ва маъоши маълулии онҳо аз 200 то ҳудуди 400 сомонӣ аст, ки барои ниёзмандиҳои рӯзгори имрӯзӣ хеле ночиз аст."
Аммо хонуми Олимова гуфт, ки дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашнҳои мухталиф давлати Тоҷикистон ва соҳибкорони инфиродӣ ба ин қишри ҷомеъа кумак мекунанд.
Дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон се ҳазору 670 нафар аз занон ва духтарони нобино ба сар мебаранд ва гуфта мешавад, ки аксари онҳо бо душвориҳои мухталиф дар зиндагӣ рӯ ба рӯ ҳастанд.
"Хонбибӣ аз камбизоъатӣ ҷон дод"
Намояндагони занони Афғонистон мегӯянд, ки занони нобинои минтақа, мушкилоти умдаи мушобеҳ дошта, вале занон ва духтарони афғон бархе аз душвориҳои дигаре низ доштаанд.
Парвона Ҷамшедӣ, раиси анҷумани занони нобинои он кишвар мегӯяд, ки яке аз мушкилоти умдаи занони афғон нооромиҳои идомадор дар Афғонистон будааст.
Хонуми Ҷамшедӣ мегӯяд: "Шумо медонед, ки дар Афғонистон увзоъ хуб нест ва занон аз ин дар тарсу ҳарос ҳастанд. Замоне, ки онҳо ба берун аз манзил ба хотири кор мебароянд, чун давлати мо будҷаи дуруст барояшон намедиҳад, ки маъоши хуб бигиранд, онҳо бо хатароти ношӣ аз амнияташон рӯбарӯ ҳастанд."
Хонуми Ҷамшедӣ афзуд, ки танҳо ҷомеъаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои байналмилаӣ барои занони нобино дар кишвараш кумакҳоеро ироа медиҳанд.
Вай аз сарнавишти духтари нобиное бо номи Хонбибӣ ёддовар шуд, ки аз танҳоӣ ва камбизоъатӣ ҷони худро аз даст дода буд.
Ин хонуми афғон мегӯяд, ки бештари афроди нобино дар Афғонистон дар даргириҳои тӯлонӣ дар ин кишвар аз биноии чашмонашон маҳрум мондаанд. Вай афзуд, ки шумори маълулон дар он кишвар, ки ҷанг онҳоро ба чунин ҳол афтондааст, хеле зиёд ҳастанд ва давлат қудрати пардохти маъоши ҳамаи онҳо, аз ҷумла нобиноёнро надоштааст.
Намояндагони Қирғизистон низ гуфтаанд, ки ин қишри ҷомеъа дар кишварашон бо душвориҳое рӯбарӯ ҳастанд.
Салтанат Содиқова, ҳамоҳангсози Иттиҳодияи нобиноёни осиёӣ дар кишвараш мегӯяд: "Фикр мекунам, масоили занони нобино дар кишварҳои Осиёи Миёна ба ҳамдигар монанд ҳастанд. Имрӯз дар ин нишаст фановарии вижа барои нобиноёнро омӯзиш медиҳем ва фикр мекунам, замоне расидааст, ки ин қишри ҷомеъа низ бояд аз тамоми текнулужии ҷадиди ҷаҳонӣ истифодаи муассир кунад."
Хонуми Содиқова мегӯяд, ки дар донишгоҳи тиббӣ дар кишвараш донишкадаи вижае барои афроди нобино фаъъол ҳаст ва таҳсили духтарон дар он зиёд мушоҳида мешавад.
Аммо ӯ афзуд, муносибат ба духтарони нобино дар бархе аз хонаводаҳои сунатӣ, ки фикр мекунанд ин фарзандашон ба сабаби маҳрум шудан аз биноӣ ниёз ба таҳсил надоштааст, мунҷар ба он мешавад, ки иддае аз духтарони нобино аз таҳсил дар макотиб дар канор ва билохира бесавод мемонанд.
"Занони узбак мушкил надоранд"
Дар ҳоле, ки аксари ширкаткунадагони ҳамоиши имрӯзи Душанбе аз душвориҳои марбут ба зиндагии занони нобино дар кишварҳояшон суҳбат мекарданд, намояндаи Узбакистон гуфт, ки занони нобино дар кишвараш мувоҷеҳи мушкилот набудаанд.
Улмас Ҳочиакбарова, муъовини ҷамъияти нобиноёни шаҳри Тошканд дар суҳбат ба Би-би-сӣ гуфт: "Дар Узбакистон беш аз 30 ҳазор нафар аз занон ва духтарони нобино ба сар мебаранд. Дар ҷомеъаи мо мардон ва занон ҳаққи барбар барои таҳсил ва фаъъолиятҳои кориро доранд. Ва аз ин рӯ дар заминаи таъмини кор ва таҳсил занони нобино мушкиле надоранд."
Ӯ мегӯяд, ки ин қишри ҷомеъа бамаврид сабти ном мешаванд ва масъулони давлатӣ онҳоро ба донишгоҳҳо ва донишкадаҳо барои таҳсил равона мекунанд.
Иқдомоти давлат барои маълулон
Ба гуфтаи афроди нобино ва маълул дар Тоҷикистон, мушкилоти дигари онҳо дар ин кишвар, аз таваҷҷуҳи умумӣ ба дур боқӣ мондани ин қишри ҷомеъа дар ҷараёни баргузории тадобири муҳими сиёсӣ, аз ҷумла интихобот будааст.
Ҳамчунин набуди васоили мусофирбарии вижа барои онҳо ва бетаваҷҷуҳӣ ба вазъияти ин қишри ҷомеъа ба ҳангоми бунёди сохтмонҳо ва таъсисоти мухталиф ва ҳатто манозили зист, аз ҷумлаи душвориҳои дигари афроди маълул ва нобино дар Тоҷикистон аст.
Аммо Қудратулло Қурбонов, намояндаи вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоъии Тоҷикистон мегӯяд, ки давлат ахиран ширкатҳои сохтмониро муваззаф кардааст, ки дар замони бунёди иншоъоти мухталиф, онҳоро бо истондортҳои байналмилалӣ ва тибқи дархостҳо барои афроди маълул омода кунанд.
Оқои Қурбонов ҳамчунин гуфт: "Вазорат ҳанӯз аз даврони Шӯравӣ сунани вижаи ҳамкорӣ бо афроди маълул ва нобино дорад. Давлати Тоҷикистон иқдомоти зиёдеро барои ҷамъиятҳои нобиноён ва маълулон ба харҷ медиҳад."
Ӯ мегӯяд, ки давлат ба таври ройгон барои афроди маълул ва нобино васоили лозима, аз ҷумла вилчархҳо ва асоҳоро тавзеъ мекунад ва ҳамасола давлат барои ин қишри ҷомеъа ба маблағи беш аз як милюн сомонӣ кумакҳои мухталиф ироа медиҳад.
Бо ин вуҷуд аз фаъъолияти комил бозмондани корхонаҳои марбут ба афроди нобино, ки ҳануз дар даврони Шӯравӣ бунёд шуда буданд ва бекор мондани онҳо, бисёре аз аъзои ҷамъияти нобиноёнро водор кардааст, ки барои ба даст овардани даромади рӯзгор ба хиёбонҳои навоҳӣ ва шаҳрҳои мухталифи ин кишвар ба гадоӣ бароянд.
Гуфта мешавад, ки даст задани афроди нобино ба гадоӣ дар кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Афғонистон низ зиёд мушоҳида шудааст.
