Тарҳи нерӯгоҳи 'Роғун': Ҳаққи кӯчандаҳо зоеъ мешавад?

  • 25 Июн, 2014
Нишасти Дидбони Ҳуқуқи БашарImage copyrightBBC World Service
Image caption Дар ин нишаст гузориш аз вазъи зиндагии муҳоҷирони дохилӣ дар Тоҷикистон муъаррифӣ шуд

Дидбони Ҳуқуқи Башар мегӯяд хонаводаҳое, ки ба хотири бунёди нерӯгоҳи "Роғун" дар ҷануби Тоҷикистон ба маҳаллоти дигар кӯч дода шуданд, бо душвориҳои мухталифе мувоҷеҳанд.

Ин созмони байналмилалии мудофеъи ҳуқуқи башар дар гузорише тоза бонги изтироб зада, ки ҳуқуқи аввалияи кӯчандаҳо ё муҳоҷирони дохилии Тоҷикистон зери по шудааст. Аз ҷумла, давлат ба хонаводаҳои кӯчанда аз маҳалли зисташон барои бунёди манозили ҷадид ҷуброн ё ғаромати кофӣ напардохтааст.

Гузориши тозаи Дидбони Ҳуқуқи Башар рӯзи чаҳоршанбеи 25 июн дар нишасте матбӯъотӣ дар шаҳри Душанбе муъаррифӣ шуд. Дар ин нишаст масъулони ин созмон тавсияҳоеро барои рафъи мушкилоти хонаводаҳои муҳоҷир аз ноҳияи Нуробод ба давлати Тоҷикистон ироа доданд.

Мазореъи аздастрафта

Фронческу Курбочу, пажӯҳишгари Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) дар умури Урупо ва Осиёи Марказӣ, зимни муаъррифии ин гузориш гуфт, ки бунёди нерӯгоҳи "Роғун" амре зарурӣ барои мардум ва давлати Тоҷикистон аст, ки ба нерӯи барқ ниёзи мубраме доранд.

Аммо вай афзуд, ки давлат набояд сарнивишти беш аз 42 ҳазор нафар аз сокинонро, ки аз маҳалли зисти худ ба хотири бунёди нерӯгоҳи "Роғун" кӯч дода мешаванд, нодида бигирад. Баръакс муваззаф аст барои таъмини шароити беҳтари зиндагии онҳо дар манотиқи дигар тадобири бештаре анҷом диҳад.

Image copyrightBBC World Service
Image caption Оқои Умронов гуфт, ки маъоши бознишастагии кофӣ мегирад, аммо Гавҳар мегӯяд, ки ин маъош барои гузарони зидагӣ кофӣ нест

Тибқи барномаи давлати Тоҷикистон, қарор аст аз маҳалли бунёди нерӯгоҳи "Роғун" ҳудуди ҳафт ҳазор хонавода, ки беш аз 42 ҳазор нафар баровард шудаанд, ба амокини дигар кӯч дода шаванд. Далели кӯч додани ин афрод он аст, ки дар сурати сохтмони нерӯгоҳи "Роғун" рустоҳои онҳо зери об хоҳад монд.

Аз соли 2009 ба ин сӯ 1500 хонавода аз ноҳияи Нурообод кӯч дода шудаанд. Тибқи пажӯҳиши Дидбони Ҳуқуқи Башар, вазъияти бештари ин хонаводаҳо пас аз муҳоҷират вахимтар шудааст. Масъулони ин созмон дастикам бо ҳудуди 160 нафар мусоҳибаҳое анҷом додаанд.

Хонуми Курбочу дар ин бора гуфт: "Мушкилоте ҳаст, ки зиндагии ин афродро душвортар сохтааст. Аз даст додани боғҳо ва мазореъе, ки қаблан доштанд, набуди шароити парвариши ҳайвоноти аҳлӣ дар маҳалли нави зисташон, набуди машоғил, дастрасии нокофӣ ба хадамоти иҷтимоъӣ зиндагии онҳоро сахттар карда."

Хонум Курбочу масалан мегӯяд, ки дар ҷойи зисти кунунии муҳоҷирон мактабҳои ҳамагонӣ ҳанӯз сохта нашудаанд. Бархе мактабҳо дар рустоҳои дигар дар фосилае дур воқеъ шудаанд. Дар натиҷа, кӯдакон ночоранд дар гармову сармо роҳи тӯлониро то мактаб тай кунанд.

Image copyrightBBC World Service
Image caption Бештари манозил дар Чорсада-2 то ба охир бунёд нашудаанд

Дидбони Ҳуқуқи Башар меафзояд, ки давлати Тоҷикистон ба таъаҳҳудоти худ дар заминаи таъмини шароити хуби зиндагӣ барои муҳоҷирони дохилӣ амал накардааст.

Ин дар ҳолест, ки бар асоси қавонин ва мавозини байналмилалӣ, давлат мебоист қабл аз кӯч додани хонаводаҳо имконот ва шароит барои зиндагии шоистаи муҳоҷиронро фароҳам кунад.

Гузориши 'музахраф'

Аммо мақомоти Тоҷикистон бо ин гузориш мувофиқ нестанд. Шариф Самӣ, як мақоми давлатӣ, ки масъулияти умур дар маҳалли бунёди нерӯгоҳи "Роғун"-ро ба уҳда дорад, иддиъоҳои Дидбони Ҳуқуқи Башар дар бораи нақзи ҳуқуқи муҳоҷирони дохилиро бепоя медонад.

Вай дар нишасти рӯзи чаҳоршанбе ҳузур дошт. Оқои Самӣ ҳарчанд аз таҳияи ин гузориш ибрози сипос кард, вале гуфт, ки бо унвони он, "Инҷо омадему ба ранҷ уфтодем", розӣ нест.

Вай ҳамчунин гуфт: "Ман ҳеч ҷои ин гузориш нахондам, ки давлати Тоҷикистон барои кӯч додани муҳоҷирони дохилӣ аз маҳалли бунёди нерӯгоҳи "Роғун" чи қадар сармоя сарф кардааст."

Оқои Самӣ гуфт, ки барои бунёди зербиноҳо давлати Тоҷикистон дар се соли гузашта 202 милюн сомонӣ ихтисос додааст. Ин маблағ барои бунёди мактабҳои ҳамагонӣ, бунгоҳҳои пизишкӣ, роҳҳо, хутути нерӯи барқ, лӯлаҳои обгузар ва кӯчи сокинон аз он минтақа сарф шудааст.

Image copyrightBBC World Service
Image caption Хонуми Курбочу гуфт, ки давлат бояд барои таъмини шароити зисти муҳоҷирони дохилӣ дар навоҳии дигар тадобири бештаре бияндешад

Вай мегӯяд: "Аз ин рӯ, ин навъ номгузории гузориш, ки нишон медиҳад дар маҳалли зисти ҷадидашон вазъи хонаводаҳои кӯчондашуда аз маҳалли иҷрои тарҳи "Роғун" аз лиҳози ҳуқуқи башар бадтар шуда, ман фикр мекунам, ки “музахраф” (абсурд) аст.”

Ин мақоми давлатӣ мегӯяд, ки Бонки Ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон иҷозаи кӯч додани сокинон аз шаш минтақаи таҳти хатар ва рустои Чорсадаи ноҳияи Нурободро дода ва кӯчи сокинон аз ин макон аз соли 2009 оғоз шудааст.

Вай афзуд, ки Тоҷикистон барои бори нахуст кӯч додани шумори зиёде аз сокинон аз як минтақа ба минтақаи дигарро таҷруба мекунад. Ва ба гуфтаи ӯ, муҳоҷирони дохилӣ аз ноҳияи Нурообод худашон маҳалли зисти ояндаашонро довталабона интихоб кардаанд.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи бисёре аз хонаводаҳои муҳоҷир, онҳо имкони ҳеч гуна интихобе надоштанд ва баночор ба маҳаллоте, ки давлат барои онҳо интихоб карда, кӯч бастаанд. Дар интихоби маҳалли зисти тозаи онҳо асароти зистмуҳитию иҷтимоъӣ ва равонии муҳоҷират дар назар гирифта нашудааст.

Давлати Тоҷикистон дар пайравӣ аз таҷрубаи Шӯравӣ тайи ду даҳаи ахир садҳо хонаводаи кӯҳистониро, ки бо шароити биёбон одат надоранд, ҳамвора ба даштҳо ва заминҳои ҳамвору сӯзон ва беоб кӯч додааст. Ин амр гоҳо ба беморию марги бисёре аз муҳоҷирон мунҷар шудааст.

Манозили нимбунёд

Дар нишасти рӯзи чаҳоршанбе иддае аз масъулони рустоҳои кӯчандагон ба ноҳияҳои Турсунзода ва Рӯдакӣ ҳузур доштанд. Онҳо гуфтанд, ки зиндагии хонаводаҳои муҳоҷир дар ин ду минтақа нисбатан беҳтар аст. Аммо онҳое, ки ба ноҳияи Данғара кӯч дода шуда буданд, чандон розӣ ба назар намерасанд.

Image copyrightBBC World Service
Image caption Оқои Самӣ гуфт, ки давлат барои бунёди зербиноҳо 202 милюн сомонӣ масраф кардааст

Шуморе аз сокинони Нуробод аз соли 2009 ба ин сӯ ба Рустои Чорсада-2 дар ҷамоъати Лолазори ноҳияи Данғара кӯч дода шуданд. Давлат ба мардум пул дода ва онҳо худашон ба бунёди манозилашон пардохтаанд, бе он ки ба ҳеч меъёр ва истондорди меъморӣ такя кунанд.

Бо гузашти панҷ сол аз он замон бархе аз манозили онҳо сохта шуда ва бархе нимасохт боқӣ мондааст. Соҳибони манозили нимасохта ё насохта ҳамчунон дар ноҳияи Нурообод, дар манозили қаблии худ, ба сар мебаранд.

Абдуҳанон Фаёзов, яке аз сокинони рустои Чорсада-2, ки ҳамзамон муъовини раиси ҷамоъат аст, бо ишора ба манозили нимабунёд, мегӯяд, ки соҳибони онҳо натавонистаанд сохтмони манозилашонро ба поён расонанд

Оқои Фаёзов аз рустои Сарипули ноҳияи Нурообод ба ин макон кӯч кардааст. Вай мегӯяд аз ҳаҷми сармояе, ки дар изои манзили қаблияш мақомот ба хонаводаи ӯ доданд, розӣ набудааст.

Вай афзуд: "Замоне ки арзиши манозили моро таъйин карданд, нархи маводи сохтмонӣ арзон буд. Ин пулро ба мо марҳила ба марҳила доданд. Дар натиҷа, замони зиёде гузашт ва нархи маводди сохтмонӣ гарон шуд. Мардум натавонистанд бо ин маблағ манозили худро бунёд кунанд."

Image copyrightBBC World Service
Image caption Ин дохили манзили хонум Суҳайлӣ, яке аз сокинони муҳоҷир ба ноҳияи Данғара аст

Дар натиҷа, ба гуфтаи ӯ, бисёре аз хонаводаҳо дубора ба ноҳияи Нурообод бозгаштаанд. Мардон барои дарёфти сармоя барои сохтани манозилашон ба Русия муҳоҷират кардаанд. Мушкилоти хонаводаҳо дар Чорсада-2 ба дӯши занон ва афроди бузургсол уфтодааст.

Ҷейн Буконон, ёвраи раиси Дидбони Ҳуқуқи Башар, мегӯяд, ки яке аз пешниҳодҳои ин созмон ба давлати Тоҷикистон додани маболиғи кофӣ ба муҳоҷирони дохилӣ барои бунёди манозил аст.

Гаронии нархи чӯбу тахта

Муҳоҷирони нурободӣ дар як минтақаи кӯҳистонии сероб зиндагӣ мекарданд. Ҳамакнун онҳо бо камбуди об рӯбарӯ ҳастанд, бавижа барои обёрии боғу мазореъ. Набуди боғу мазореъ ба навбаи худ мӯҷиби бекор мондани ҷавонон шудааст. Машоғили дигаре ҳам барои онон зоҳиран вуҷуд надорад.

Раҳмон Умронови 70-сола мегӯяд соли панҷум аст, ки дар ин русто ба сар мебарад. Вай аз зиндагии худ дар ин ҷо хушнуд аст. Аммо мегӯяд замоне ки мақомот қимати манзилашро дар Нуробод арзёбӣ мекарданд, фарзандони ӯро ба назар нагирифтаанд.

Аз ӯ пурсидам, ки чиро то охир манзилашро бунёд накардааст? Вай гуфт: "Ҳангоми сохтани манзил нархи чӯбу тахта баланд рафт ва мо натавонистем то охир онро созем."

Image copyrightBBC World Service
Image caption Оқои Фаёзов мегӯяд сармояе, ки мақомот барои бунёди манозил доданд, кофӣ набудааст

Оқои Умронов моҳона 200 сомонӣ (40 дулор) ҳаққи бознишастагӣ (нафақа) дарёфт мекунад. Вақте мегуфт, ки ин пул барои зиндагияш кофист, ҳамсараш Гавҳар Восеиева ҳарфашро бурид: "Ин пул бо гуфтани "бисмиллоҳи раҳмони раҳим" тамом мешавад. Охир як доруи фишори хуни шавҳарам панҷоҳ сомонӣ аст, пас 200 сомонӣ дар як моҳ барои як нафар чи мешавад?"

Ин зани солманд мегӯяд дар даҳ сотих замине, ки давлат ба онҳо дода, сабзиҷот, аз ҷумла себзаминӣ (картошка), парвариш мекунанд. Аммо ҳосили он дар муқоиса бо боғе, ки дар рустои Сарипули ноҳияи Нурообод доштанд, ночиз аст.

Ин хонавода бо кумаки фарзандонашон, ки дар Душанбе дар манзили иҷора зиндагӣ мекунанду ба хурдафурӯшӣ машғуланд, тавонистаанд ҳисори атрофи манзилашонро созанд.

Шӯрзамин

Суҳайлӣ номи занест, ки бо писари 18-солааш дар як манзил зиндагӣ мекунад. Вай мегӯяд сармояе, ки давлат барои бунёди манзил ба хонаводаи ӯ дода буд, танҳо барои сохтмони ду утоқ ва як роҳрав кифоят кардааст. Онҳо натавонистаанд ҳатто ҳисори перомуни манзилашонро бунёд кунанд.

Image copyrightBBC World Service
Image caption Хонуми Буконон мегӯяд давлат бояд ба муҳоҷирон пули кофӣ бидиҳад

Қисмати дохили манзили Суҳайлӣ ба кулбаи вайронае шабеҳ буд, ки ҳатто фарше надошт ва деворҳои рангшудаи он рехта буданд. Вай гуфт: "Замине, ки ба мо доданд, шӯразамин аст ва девору таҳкурсии хонаро намак вайрон мекунад. Метарсем, рӯзе девор ба сарамон фурӯ нарезад. Вале куҷо равем, намедонем."

Замини зери ин хона ҳам обҳои зеризаминии шӯр дошта ва аъзои хонавода наметавонанд ҳамому мустароҳ ё ҷои дастшӯйӣ дар ин макон бунёд кунад, зеро "ҳарҷоро, ки камтар мековем, оби шӯр берун меояд."

Дидбони Ҳуқуқи Башар бо таваҷҷуҳ ба ин масъала ба давлати Тоҷикистон тавсия карда, ки сатҳи обҳои зерзаминӣ дар маҳалли зисти муҳоҷирон дар ноҳияи Данғара санҷида ва системҳои заҳкашӣ барои коҳиши сатҳи об сохта ё бозсозӣ шаванд.

Хонум Суҳайлӣ дар Нурообод омӯзгор буд. Вай мегӯяд ҳоло умедвор аст, ки дар мактаби ҳамагонии ҷадид низ ин шуғли худро идома диҳад ва аз маъоши омӯзгорӣ бозсозии манзили худро идома диҳад.

Вале маъоши мутавассити омӯзгорӣ дар Тоҷикистон ҳудуди 800 сомонӣ буда ва баъид ба назар мерасад, ки Суҳайлӣ тавонад ба ин маъош такя кунад. Қимати маводди сохтмонӣ дар Тоҷикистон ҳамвора дар ҳоли афзоиш аст.

Image copyrightBBC World Service
Image caption Суҳайлӣ мегӯяд, ки манзили ӯ ба кулбаи вайронае мемонад

Аз сӯйи дигар, мактаби рустои Чорсада-2, ки қарор буд имсол сохтмонаш ба итмом расад, интизор меравад то соли 2015 сохта шавад. Дар рустои Чорсада як бунгоҳи пизишкӣ барои 250 хонавода фаъъолият мекунад. Лӯлаҳои оби ошомиданӣ низ ба ин русто кашида шудаанд ва бунёди роҳҳои иртиботӣ идома дорад.

Рустоҳои Чорсада ва Чорсада-2 дар ҷамоъати Лолазори ноҳияи Данғара воқеъ ҳастанд. Ин мавзеъ дар фосилаи ҳудуди панҷ килуметр аз маркази ноҳияи Данғара, зодбуми Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ аст.

Сатҳи зиндагии мардум дар ин ду макон бо ҳам тафовути ҷиддӣ дорад. Маркази ноҳияи Данғара имрӯзҳо ба шаҳраке бошукӯҳ табдил шуда ва кӯчаву хиёбонҳояш чароғон ва роҳҳо осфолтпӯш шудаанд. Аммо чанд фарсах дуртар аз он, муҳоҷирони дохилӣ аз маҳалли бунёди нерӯгоҳи "Роғун" аз ин ҳама имконот маҳруманд.

Матолиби муртабит