Интихоби ҳайъати ҷадиди Шӯрои назоратии нерӯгоҳи Роғун
Дар ҷаласаи ахири саҳмдорони нерӯгоҳи Роғун, ки рӯзҳои таътили гузашта баргузор шуд, ҳайъати ҷадиди Шӯрои нозирони ин тарҳ интихоб шудааст.
Бештаре аз аъзои ҳайъати қаблии ин Шӯро дар поёни соли гузаштаи мелодӣ хидмати давлатиро тарк карда ва ё бознишаста шудаанд.
Тибқи иттилоъи дафтари матбуъотии Кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатии Тоҷикистон, ба ин ҳайъат 13 нафар, аз ҷумла Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон, Давлаталӣ Саидов ва Азим Иброҳим, муъовинони нахуствазир интихоб шудаанд.
Ҳамчунин, ба ин Шӯро Абдусалом Қурбонов, вазири дороӣ ва Шариф Раҳимзода, вазири рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон, Рустам Менглиев, вазири адлия, Усмоналӣ Усмонов, вазири энержӣ ва захоири оби Тоҷикистон, Қодири Қосим, раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ ва Абдувалӣ Комилов, раиси Кумитаи сохтмон ва меъмории Тоҷикистон шомил шудаанд.
Хайрулло Сафаров, мудири кулли ширкати саҳмоии “Нерӯгоҳи Роғун”, Ҷамшед Аҳмедов, мудири кулли ширкати лоиҳакашии “САНИИОСП”, Қурбоналӣ Юсупов ва Муқим Неъматов мудирони кулли ширкати “Сомон Лтд” ва ширкати «Худжанд-Инвест-Коттон» узви дигари ин Шӯро интихоб шудаанд.
Зимнан, давлати Тоҷикистон баъд аз талошҳое барои ҷалби сармоягузорони хориҷӣ ба ин тарҳ соли 2010 фурӯши саҳҳоми ин нерӯгоҳ дар миёни сокинони кишварро оғоз кард ва мардум ба маблағи беш аз 800 милюн сомонӣ ин саҳмияҳоро харидорӣ кардаанд.
Он замон ва дертар дар миёни мардум нигарониҳое дар мавриди истифодаи муассир аз ин маболиғ вуҷуд дошт ва масъулони ширкати “Нерӯгоҳи Роғун” тасмим гирифтанд, ки барои рафъи ин нигарониҳо Шӯрои нозирон таъсис бидиҳанд, аммо ба назар мерасад аксари аъзои ин шӯро раҳбарони ниҳодҳои давлатӣ ҳастанд ва намояндагони ҷомеъаи маданӣ дар он дида намешаванд.
