Панҷумин нишаст перомуни тарҳи "Роғун" дар Олмотӣ доир мешавад

  • 20 Июн, 2014
"Роғун"
Image caption Мақомоти Тоҷикистон мӯътақиданд, ки нерӯгоҳи "Роғун" метавонад куллияи мушкилоти кишварро ҳал кунад

Бонки Ҷаҳонӣ эълом карда, ки нишасти панҷуми кишварҳои минтақа барои баррасии натоиҷи мутолеъаи тарҳи нерӯгоҳи "Роғун" 18 июл дар шаҳри Олмотии Қазоқистон баргузор мешавад.

Тибқи иттилоъи дафтари Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон, дар ин ҳамоиш ба мақомот ва коршиносони кишварҳои зирабти ин тарҳ натоиҷи ниҳоии бозрасии фаннӣ ва зистмуҳитии ин пруже аз сӯйи Бонки Ҷаҳонӣ ба баррасӣ пешниҳод хоҳад шуд.

Ба гуфтаи ин манбаъ, танҳо баъд аз ин ҷаласа натоиҷи ин пажӯҳиш расмӣ шуда ва тасмим дар бораи идомаи умури сохтмонӣ дар ин нерӯгоҳ гирифта мешавад.

Ин дар ҳолест, ки ахиран бархе аз расонаҳо дар бораи мушахассоти натоиҷи ин бозрасӣ гузоришҳое мунташир кардаанд. Вале манобеъи дафтари Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон мегӯянд, ки то замони баррасии ниҳоии натоиҷи ин бозрасӣ мушахассоти он махфӣ эълом шудааст.

Зимнан, мавзӯъи идомаи эҳдоси нерӯгоҳи “Роғун” дар Тоҷикистон ба мавзӯъи доғе дар кишварҳои минтақа табдил шудааст. Дар Тоҷикистон ин тарҳро “ҳаёту мамоти” кишвар медонанд. Мақомоти тоҷик муътақиданд, ки танҳо бо эҳдоси ин нерӯгоҳ камбуди нерӯи барқ дар фасли сармо дар Тоҷикистон ҳал хоҳад шуд.

Вале кишварҳои поёноб, бавижа Узбакистон, аз ин тарҳ шадидан интиқод карда ва изҳор доштаанд, ки дар сурати иҷрои он кишварҳои поёноб бо камбуди об рӯбарӯ хоҳанд шуд.

Эҳдоси садди нерӯгоҳи “Роғун” бо иртифоъи 335 метр дар замони Шӯрасии пешин оғоз шуда буд. Вале аз он замон Узбакистон аз иҷрои он монеъ мешавад.

Дар оғози садаи 21 баъд аз талошҳои нофарҷом барои дарёфти сармоягузори хориҷӣ давлати Тоҷикистон тасмим гирифт, ки мустақиллона эҳдоси ин нерӯгоҳро аз сар бигирад. Вале боз ҳам бо мухолифати Узбакистон рӯбарӯ шуд.

Чанд сол қабл давлати Тоҷикистон аз Бонки Ҷаҳонӣ хост, ки дар мавриди таъсироти фаннӣ ва зистмуҳитии нерӯгоҳи “Роғун” мутолеъае анҷом бидиҳад. Бонки Ҷаҳонӣ ин дархостро пазируфт. Вале давлати Тоҷикистон муваззаф шуд, ки то поёни ин мутолеъа аз идомаи эҳдоси ин нерӯгоҳ худдорӣ кунад.