Кушта шудани панҷ нафар дар сонеҳае дар ҷоддаи Душанбе-Чаноқ
Image copyrightBBC World ServiceМасъулони Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз кушта шудани панҷ сокин дар сонеҳае дар ҷоддаи Душанбе-Чаноқ дар вилояти Суғд хабар доданд.
Торнамои ин ниҳод рӯзи душанбеи 2 феврал зимни пахши иттилоъ дар ин бора навишта, ки воқеъаи бархӯрди як комюн (мошини борбар) бо як худрав дар ноҳияи Шаҳристон рух додааст.
Пулис сабаби ин сонеҳаро нақзи қоъидаи роҳ аз сӯйи Аҳмадхон Олимови 35-сола, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғаффуров ва ронандаи комюн, арзёбӣ кардааст.
Ин воқеъа рӯзи 30 январи соли ҷорӣ, ҳудуди соъати 23:00 ба вақти маҳаллӣ рух дода ва дар натиҷаи он Азим Холов, ронандаи худрави “Ҳундо CR-V” ва чаҳор нафар аз мусофирони он ҷонҳои худро аз даст додаанд.
Ҳамчунин, бар асоси иттилоъи пулиси роҳ, рӯзи якуми феврал дар сонеҳае дар роҳи Душанбе-Данғара як сокини 62-сола ҷони худро аз даст дода ва ду нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.
Дар ҳамин ҳол, вазири умури дохилаи Тоҷикистон ахиран дар як нишасти матбӯъотии ин ниҳод гуфт, ки дар соли 2014 дар роҳҳои ин кишвар 1514 сонеҳа рух додааст. Дар натиҷа, беш аз 300 нафар ҷонҳои худро аз даст дода ва ҳудуди як ҳазор нафар ҷароҳоти мухталиф бардоштаанд.
Аммо Рамазон Раҳимзода гуфт, ки дар қаламрави шаҳри Душанбе баъд аз фаъъол шудани дурбинҳои мадорбаста дар хиёбонҳо мавориди нақзи қавоъиди роҳ коҳиш ёфтааст.
Бо ин вуҷуд оқои Раҳимзода афзуд, ки дар соли гузашта дурбинҳои мадорбаста беш аз як милюн мавриди нақзи қавоъиди ҳаракат дар роҳро аз сӯйи ронандагон сабт кардаанд.
Дар пайи ҷарима шудани ронандагон ба будҷеи давлат беш аз 26 милюну 600 ҳазор сомонӣ ворид шудааст.
