Пулис ронандаи муттаҳам дар сонеҳаро дар пайгарди қонунӣ қарор дод

  • 18 Ноябр, 2014

Масъулони Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон мегӯянд, ронандаеро, ки аз ҷои сонеҳа фирор кардааст дар пайгарди қонунӣ қарор додаанд.

Тибқи иттилоъи торнамои ин ниҳод, ки рӯзи сешанбеи 18 ноябр пахш шуда ин сонеҳа рӯзи 17 ноябр дар ноҳияи Сарбанди вилояти Хатлон рух додааст.

Ронандаи худрави номаълум дар ин рӯз Ҷумаъхон Абдуллоев, пиёдагари 41-соларо аз пой дароварда ва аз ҷои ҳодиса фирор кардааст.

Дар натиҷаи ин воқеъа оқои Абдуллоев ҷароҳати сангин бардошта ва дар бемористон бистарӣ шудааст.

Пулиси ноҳия дар робита ба ин воқеъа парвандаи ҷиноӣ боз карда ва кормандони пулис машғули ҷустуҷӯйи ин ронандаи фирорӣ будаанд.