Сонеҳаҳои маргбор дар чанд рӯзи ахир дар Тоҷикистон
Image copyrightBBC World ServiceПулиси Тоҷикистон аз бархӯрди як худрав бо як лукумотив дар вилояти Суғд, дар шимоли ин кишвар, ва кушта шудани ронандаи худрав дар ин воқеъа хабар дод.
Тибқи иттилоъи торнамои Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, ки рӯзи сешанбеи 9 декабр пахш шуд, ин воқеъа дар гузаргоҳе аз роҳи қатор дар ноҳияи Бобоҷон Ғаффуров рух дода ва дар натиҷаи он як мусофири худрав низ шадидан захмӣ шудааст.
Дар таҳаввули дигаре кормандони ин вазорат аз кушта шудани се сокини ҷавони шаҳри Душанбе дар сонеҳае дар хиёбони мавсум ба Шевченкои ин шаҳр хабар доданд.
Пулис мегӯяд, ки ронандаи худрави навъи “Мерседес Бенз” "аз уҳдаи идораи он набаромада" ва дар натиҷа ин худрав ба ҷӯйбори канори роҳ уфтода ва ба дарахте исобат кардааст. Фирӯза Маҳмадмуродоваи 25-сола, Нигина Ризоеваи 22-сола ва Комил Холназарови 25-сола, се нафар аз мусофирони ин худрав, дар ин сонеҳа ҷароҳоти сангин бардошта ва дар бемористон ҷонҳои худро аз даст додаанд.
Фарҳод Шарифов, ронандаи ин худрав, муттаҳам шуда, ки аз ҷойи воқеъа фирор карда, аммо кормандони пулис баъд аз чанд соъат ӯро пайдо кардаанд.
Пулис ҳамчунин аз чанд сонеҳаи дигар, ки мӯҷиби кушта шудани сокинон дар се рӯзи ахир дар Тоҷикистон шуда, хабар додааст. Дар яке аз чунин воқеъаҳо, ки дар вилояти Хатлон рух дода, кӯдаке 3-сола шадидан захмӣ шуда ва модари ӯ ҷони худро аз даст додааст.
Торнамои Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон зимни пахши хабаре дар ин маврид менависад, ки Муҳиддин Муродови 22-сола, ронандаи худрав, муттаҳам аст, ки ба ин модар ва кӯдакаш бархӯрд кардааст.
Ҳамчунин, рӯзи 7 декабр дар натиҷаи сонеҳае дар ин минтақа ронандаи худрав ҷони худро аз даст дода ва мусофири он дар бемористон бистарӣ шудааст. Дар ин рӯз дар шаҳри Хуҷанд, маркази вилояти Суғд, низ дар натиҷаи сонеҳае як кӯдаки панҷсола кушта шудааст.
