Конибодом: Зане барои буридани олати ҷинсии марде маҳкум ба зиндон шуд
Image copyrightBBC World ServiceДодгоҳе дар шимоли Тоҷикистон як зани маҳаллиро дар буридани олати ҷинсии як маъмури пулис муҷрим шинохта ва барои панҷ сол ба зиндон маҳкум кардааст.
Қозии додгоҳи шаҳри Конибодоми вилояти Суғд ин занро бар асоси моддаи 110-и Қонуни кайфарии Тоҷикистон барои расондани осеби ҷисмонӣ ба панҷ соли маҳрумият аз озодӣ ва бар асоси моддаи 71-и ин қонун ба чаҳор сол "муҳлати санҷишӣ" маҳкум кардааст.
Фирӯза Аминзода, додраси додгоҳи шаҳри Конибодом, ки ба ин қазия расидагӣ мекард, дар торнамои интернетии ин додгоҳ иттилоъоти муфассале дар бораи ин ҳодиса, ки 21 январ рух дод, интишор додааст.
Вай аз зани маҳкумшуда ба унвони Зарнигор ном бурда, ки зани дувуми марде бо номи Амирбек шуда ва баъд аз фаҳмидани он ки шавҳараш бо занони дигаре ҳам робита доштааст, олати ҷинсии ӯро қатъ мекунад.
Хонум Аминзода афзудааст: "Зани ба аспи ҷаҳолат саворшуда мегӯяд: коре мекунам, ки ба ҳамаи мардҳо ва занон як умр сабақ гардад. Ин чи коре будааст, ки ту анҷом додан мехоҳӣ, — мепурсад мард. Танҳо дидан мехоҳам, ки ту ҳаёти чанд нафар занро сӯхтӣ. Акнун либосҳоятро кашида дароз каш, — хоҳиш мекунад зан. Марди ноогоҳ аз ҳадафҳои нохалафи зан гуфтаҳояшро иҷро мекунад. Дасту пойҳояш бо банд баста шудаву ба рӯяш матоъи сафед партофта мешавад..."
Қозии ин парванда менависад, ки ҳарчанд Амирбек аз ин воқеъа ҷон ба саломат бурда, аммо ин ҳодиса "боъиси талаф додани (як) узви бадан гардидааст."
Ба навиштаи хонум Аминзода, Амирбек дар тӯли зиндагии заношӯӣ бо Зарнигор ҳамчунин ӯро чанд бор водор ба сиқти ҷанин кардааст. Дар ин иттилоъия қозии парванда аз марди осебдида низ ба унвони “булҳавас” интиқод кардааст.
Хонум Аминзода менависад: "Месазад боз такроран мақоли русиро рӯи саҳифа орем: Дар лонаи бадбахтии нафаре бахтёр нахоҳӣ шуд ва ё дуздии бахт оқибате дорад ногувор, нобахшиданӣ..."
Ин нахустин бор нест, ки дар Тоҷикистон барои буридани олати ҷинсии мард занон равонаи зиндон мешаванд. Дар гузашта низ дар як аз навоҳии вилояти Суғд олати ҷинсии як ҷавони бистсола бурида шуда буд, аммо дар ин воқеъа ҷавон ҷони худро аз даст додааст.
Барои иртикоби ин ҷурм ду мард ва ду зан барои муддатҳои тӯлонӣ равонаи зиндон шуда буданд.
