Парвандаи ҷиноӣ алайҳи як шаҳрванди Тоҷикистон барои убури ғайриқонунӣ аз марз
Додситонии Русия хабар медиҳад, ки як шаҳрванди Тоҷикистон дар он кишвар ба занни убури ғайриқонунӣ аз марзи Русия муттаҳам шудааст.
Тибқи иттилоъи торнамои ин ниҳод, ки рӯзи душанбеи 20 октябр пахш шудааст, ин парвандаи ҷиноӣ барои баррасӣ ба яке аз додгоҳҳои Русия ирсол шудааст.
Дар ин хабар омадааст, ки ин сокин дар гузашта аз сӯйи додгоҳи ҷумҳурии Адигейи Русия барои нақзи қонуни муҳоҷират муҳокима шуда ва аз ҳаққи вуруд ба Русия барои ду сол маҳкум шудааст. Аммо сипас ин сокини Тоҷикистон ба ватан бозгашта ва бо иваз кардани ному насаб ва дарёфти шиносномаи ҷадид аз тариқи Укройн ба Русия омадааст.
Ҳуввияти ин табаъаи Тоҷикистон мушаххас нашудааст, аммо гуфта мешавад, ки марзбонони Русия дар вилояти Сахалин ҳангоми ворид шудаи вай ба он кишвар дар постгоҳи мавсум ба “Долбино” ӯро боздошт кардаанд.
Дар ин хабар омадааст, ки қонуни Русия барои содир кардани ин ҷурм чор сол зиндонро пешбинӣ мекунад.
Дар ҳамин ҳол, бар асоси иттилоъи расмӣ аз аввали соли ҷорӣ то ҳол беш аз 200 ҳазор муҳоҷирони Тоҷикистон аз Русия ихроҷ шудаанд, ки бештари онҳо барои солҳои мухталиф ҳаққи вуруд ба он кишварро надоштаанд.
