Бародари як мақоми аршади амниятии Тоҷикистон аз зиндон озод шуд
Image copyrightBBC World ServiceФаридун Умаров, мулаққаб ба “Пантера”, қабл аз муҳлат аз зиндон озод шудааст.
Оқои Умаров, ки дар гузашта риёсати бахши мубориза бо маводди мухаддир дар идораи пулиси ноҳияи Фархорро бар уҳда дошт, ҳамзамон бародари Мансур Умаров, муъовини раиси Кумитеи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон аст.
Фаридун Умаров дар поёни соли 2011 ба иттиҳоми ҳамдастӣ дар қочоқи маводди мухаддир боздошт ва дар моҳи августи соли 2012 барои ҳафт сол равонаи зиндон шуда буд.
Ба гуфтаи Парвин Ализода, сухангӯйи Идораи умури зиндонҳои Тоҷикистон, соли гузашта тибқи Қонуни афв муҳлати ҷазои оқои Умаров ду баробар кам карда шуд ва ҳамакнун додгоҳ барои “рафтори намунавӣ” ӯро қабл аз муҳлат аз зиндон озод кардааст.
Ҳамакнун Фаридун Умаров ҳаққи аз маҳалли зист берун шуданро надорад ва ҳар моҳ бояд дар идораи пулис сабти ном шавад.
Боздошт ва муҷозоти Фаридун Умаров, мулаққаб ба “Пантера” соли 2012 дар ҷомеъаи Тоҷикистон вокунишҳои зиёдеро ба дунбол дошт. Зеро, барои бори нахуст як мақоми пулиси маҳаллӣ ва аз пайвандони мақомоти аршади амниятӣ ба иттиҳоми мушорикат дар қочоқи маводди мухаддир боздошт ва зиндонӣ шуда буд.
Он замон, ҳамроҳ бо оқои Умаров Рустам Ҳайитов, мулаққаб ба “Ҳаммер”, низ боздошт ва барои 24 сол равонаи зиндон шуда буд. Ҳамчунин Зафар Мирзоев, Тоҳир Шеров ва чанд нафари дигар аз мақомоти интизомии Тоҷикистон боздошт ва муҷозот шуда буданд.
Ба гуфтаи мақомот, ба ҳангоми боздошт аз ин афрод 42 килуграм ҳеруин кашф ва забт шуда буд. Дар ҳамин ҳол, аз озодии аъзои дигари ин гурӯҳи маҳкумшуда ба иттиҳоми қочоқи маводди мухаддир то ҳол гузориш нашудааст.
Мунтақидон мегӯянд, ки Фаридун Умаров ба далели иртиботи хешовандияш бо як мақоми аршади амниятии Тоҷикистон ба ҷазои “сабуктаре” маҳкум шуда буд ва тавонист ба ҳамин шева қабл аз муҳлат аз зиндон озод шавад.
Боздошту муҷозоти оқои Умаров дар мавқеъият ва мақоми бародараш Мансур Умаров ҳеч таъсире нагузошта ва ӯ ба иҷрои вазоифи худ дар симати муъовини раиси Кумитеи давлатии амнияти миллӣ идома дод.
Ин дар ҳолест, ки дар гузашта бархе аз мақомоти Тоҷикистон ба хотири даст доштани пайвандонашон дар иртикоби ҷароиме мушобеҳ танбеҳ шудаанд.
Аз сӯйи дигар, тайи чанд соли ахир даст доштани мақомоти интизомӣ дар қочоқи маводди мухаддир ба мавзӯъи доғе дар ҷомеъа табдил шудааст.
Давлати Тоҷикистон талош мекунад, ки бо боздошт ва муҷозоти мақомоти интизомие, ки дар ин гуна ҷароим даст доранд, сару садоҳо дар бораи ҳамдастии мансабдорон дар қочоқи маводди мухаддирро коҳиш диҳанд.
