Маҳкумияти як табаъаи Тоҷикистон ба 10 сол зиндон дар Русия

  • 17 Июл, 2014

Додгоҳе дар шаҳри Санкт-Питерсбурги Русия як табаъаи Тоҷикистонро ба иттиҳоми қатли ду зан барои беш аз 10 сол ба зиндон маҳкум кардааст.

Ин табаъаи тоҷик, ки номи ӯ низ ифшо шуда, дар қатли ду зани рус дар моҳи июли гузашта, ки бо ӯ ошноӣ доштаанд, муҷрим шинохта шудааст.

Тибқи иттилоъи торнамои Додситонии Русия ин мард Раҳматалӣ Саломова буда ва ба гуфтаи манобеъи додситонӣ, вай 18 июли соли гузашта дар манзили маскунии ин ду зан воқеъ дар хиёбони Руставелии Санкт-Питерсбург ба яке аз занон дастикам 120 зарба бо як чизи номаълум ворид кардааст.

Ҳамчунин оқои Саломов зани дигарро низ бо панҷ зарба аз пой уфтондааст ва дар натиҷаи ин занон, ки модар ва духтар будаанд, ҷонҳои худро аз даст медиҳанд.

Таҳқиқоти пулис мушаххас кардааст, ки даъво миёни оқои Саломов ва ин занон дар ҳолати мастӣ сар задааст.

Додгоҳ рӯзи 16 июли соли ҷорӣ зимни баррасии қазия табаъаи тоҷикро бар асоси моддаи 105-и Қонуни кайфарии Русия дар қатли амдӣ муҷрим шинохтааст.

Қозии парванда ӯро ба зиндони дорои низоми сангин маҳкум кард. Ҳукми додгоҳ ҳануз ба мавриди иҷро дарнаёмадааст.