Ҳукми зиндон барои афроде, ки қасди инфиҷори "Талко"-ро доштанд

  • 12 Август, 2014
ДодгоҳImage copyrightBBC World Service
Image caption Эъломи ҳукми додгоҳ дар қиболи 7 тан аз "теруристон" бидуни ҳузури хабарнигорон сурат гирифт

Додгоҳи олии Тоҷикистон 7 тан аз афроди муттаҳам дар талоши инфиҷори корхонаи "Талко"-ро барои аз 18 то ба 22 соли зиндон маҳкум кард.

Ин афрод дар баҳори соли ҷорӣ аз суи ниҳодҳои амниятӣ ба далели талоши инфиҷори корхонаи "Талко" боздошт шуда буданд.

Додгоҳ дар ҳукми худ баён дошт, ки ин афрод бо дастури ашхосе аз хориҷи кишвар ин иқдомро тарҳрезӣ кардаанд, вале ниҳодҳои амниятӣ тавонистаанд сареъан аз ин амр ҷилавгирӣ кунанд.

Ҳамакнун Толиб Шодиев, Ахмадҷон Маҷидов, Азамат Абдуллоев, Турабой Равшанов, Абдуллоҷон Раҳимов, Аскаралӣ Бӯриев ва Умар Урмонов дар зиндони низомаш шадид адои ҷазо хоҳанд кард.

Бархе аз ин афрод, ки солхурда ҳам буданд, солҳои тӯлонӣ дар корхонаи "Талко" фаъъолият доштаанд. Бархе дигар дар сойири муъассисоти ин шаҳр, ки дар наздикии марз бо Ӯзбакистон воқеъ аст, фаъъолият мекарданд.

Вале вукалои дифоъи ин афрод мегӯянд, ки ҳамаи ин сокинони ноҳияи Турсунзода дар гузашта бо ҳам ошно набуданд ва ба талоши инфиҷори "Талко" ҳеҷ рабте надоранд.

Таъкид шуд, ки додгоҳ асноди "бегуноҳии" ин афрод дар ин иқдомро сарфи назар карда ва дархости додситониро барои зиндонӣ кардани онҳо қонеъ сохтааст. Ба ин далел вукалои мудофеъ қасд доранд аз ин ҳукм ба додгоҳи истинофӣ шикоят бубаранд.

Ба ҳангоми эъломи ҳукми додгоҳ пайвандони афроди маҳкумшуда дар толори додгоҳ изҳори норизоиятӣ мекарданд. Неъматулло Абдуллоев, падари Азамат Абдуллоев гуфт, ки ниҳодҳои интизомӣ 25-уми моҳи март барои кофтукоб ба манзили онҳо омадаанд.

Вай гуфт: "Шом буд ва бозрасон бидуни шоҳидон ба кофтукоби манзил оғоз карданд. Дар ниҳоят як нафаре аз онҳо аз таҳхона китоберо бо номи "Хиради Алавӣ" берун овард. Ҷолиб ин буд, ки китоб хеле намуди тозае дошт ва рӯяш ҳатто чанге дида намешуд. Ҳарчанд дар таҳхона ҳамеша чанг ҳаст".

Ба гуфтаи пайвандони дигари аъзои ин гурӯҳ, баъд аз боздошт ин афрод мавриди латукӯб қарор гирифта ва ба гуноҳи "нокардаи" худ иқрор мешаванд. Зимнан, дар ҷараёни муҳокима куллияи ин афрод изҳор доштанд, ки қасди мунфаҷир кардани корхонаи "Талко", шаҳрдорӣ ва бахши пулиси шаҳри Турсунзодаро надоштаанд.

Замоне, ки ҳукми додгоҳ эълом шуд, пайвандони афроди маҳкумшуда аз қозӣ дархост карданд, ки ҳукми додгоҳ дар қиболи наздиконашон бознигарӣ шавад. Зимнан, эъломи ҳукми додгоҳ ба далоили номаълум бидуни ҳузури хабарнигорон қироъат шуд.

Матолиби муртабит