Номаи Ёқуб Салимов ба Додгоҳи олӣ нарасидааст

  • 14 Июл, 2014
Нусратулло АбдуллозодаImage copyrightBBC World Service
Image caption Нусратулло Абудуллозода гуфт, ки номаи Ёқуб Салимов ба Додгоҳи олӣ нарасидааст

Додгоҳи олии Тоҷикистон то ҳол номаи Ёқуб Салимов, вазири пешини кишвар ва фармондеҳи собиқи ҷабҳаи мардумии Точикистонро барои озодии қабл аз мӯҳлат дарёфт накардааст.

Ин матлабро ба хабарнигорон Нусратулло Абдуллозода, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи душанбеи 14-уми июл дар як нишасти матбуъотӣ эълом кард.

Ин дар ҳолест, ки ду ҳафта қабл Шӯҳрат Қудратов, вакили мудофеъи оқои Салимов ба Би-би-сӣ гуфта буд, ки се нусха аз ин нома дар шоҳидии вай ба раиси зиндони шумораи яки шаҳри Душанбе супорида шудааст. Ва маъмурон қавл додаанд, ки дар зудтарин фурсат ин нома ба Додгоҳи олӣ ирсол хоҳад шуд.

Дар ин нома Ёқуб Салимов аз мақомоти кишвар ва додгоҳ хоста буд, ки ба далели вазъи саломатиаш ва боқӣ мондани мӯҳлати андаки ҷазо ӯро қабл аз мӯҳлат озод кунанд.

Ёқуб Салимов, вазири пешини кишвар соли 2004 аз сӯйи Додгоҳи олии Тоҷикистон ба иттиҳоми хиёнат ба ватан ва нигаҳдории аслиҳа барои 15 сол равонаи зиндон шуд.

Ду сол қабл, тибқи қонуни авфи умум дар Тоҷикистон мӯҳлати ҷазои Ёқуб Салимов ду сол кам карда шуд ва ҳамакнун то замони адои комили ҷазо як солу ҳашт моҳ боқӣ мондааст.

Шӯҳрат Қудратов гуфта буд, ки феълан муваккилаш тақрибан нобино шуда ва ҷароҳатҳои дар солҳои ҷанги дохилӣ бардоштааш хуруҷ кардаанд. Ҳамчунин, вай аз фишори баланди хун азият мекашидааст.

Ёқуб Салимов аз фармондеҳони саршиноси ҷабхаи мардумии Тоҷикистон дар авоили даҳаи 1990 буд ва барои сари кор омадани давлати Президент Раҳмон дар он замон нақши муаасире доштааст.

Оқои Салимов тобистони соли 1997 дар пайи як даргирӣ бо Сӯҳроб Қосимов, фармондеҳи дигари собиқи ҷабҳаи мардумии Тоҷикистон қаламрави ин кишварро тарк кард. Соли 2004 ниҳодҳои интизомии Русия ӯро боздошт ва сипас ба Душанбе истирдод карданд.

Ёқуб Салимов дар канори Ғаффор Мирзоев, фармондеҳи собиқи Горди миллии Тоҷикистон ва низ аз фармондеҳони собиқи Ҷабҳаи мардумӣ ҳастанд, ки ба иттиҳоми мушобеҳ равонаи зиндон шуданд.

Дар ин нишасти матбуъотӣ Нусратулло Абдуллозода, ҳамчунин, гуфт, ки аз сарнавишти Низомхон Ҷӯраев, собиқ вакили маҷлиси вилояти Суғд ва раҳбари пешини корхонаи шимиёи шаҳри Исфара огоҳӣ надорад.

Вай гуфт: “Мо ба пулис ва Ожонси мубориза бо фасод дастур додем, ки ӯро пайдо карда ва ба ҷаласаи додгоҳӣ ҳозир кунанд. Ва ҳамакнун бояд аз ин ниҳодҳо суол кард, ки Низомхон Ҷӯраев куҷо шудааст”.

Дар Додгоҳи олии Тоҷикистон бояд парвандае муҳокима мешуд, ки дар он алайҳи Низомхон Ҷӯраев чанд иттиҳом, назири сӯйистифода аз мансаб ва фасоди молӣ баррасӣ мешуданд.

Қазияи Низомхон Ҷӯраев соли 2010 расонаӣ шуд. Он замон Ожонси мубориза бо фасод парвандаеро таҳқиқ мекард, ки дар он наздикони оқои Ҷӯраев дар таъсиси гурӯҳи мусаллаҳи ғайриқонунӣ ва фасодкорӣ муттаҳам шуда буданд.

Баъд аз ин оқои Ҷӯраев тарки Тоҷикистон кард. Вай 18 августи соли 2010 дар яке аз маҳаллоти шаҳри Маскав аз сӯйи маъмурони пулиси Русия бо дархости ҷониби Тоҷикистон боздошт шуда буд.

Мақомоти тоҷик оқои Ҷӯраевро дар созмондеҳии терури Толиб Бобоев, муъовини додситони кулли Тоҷикистон дар оғози даҳаи 1990 низ мазнун медонанд. Бо ин ҳол, бархе аз соҳибназарон таъқиби вайро дорои ангезаҳои сиёсӣ арзёбӣ кардаанд.

Матолиби муртабит