'Хатари истирдоди' як мунтақиди Раҳмон аз Испониё ба Тоҷикистон
Image copyrightBBC World ServiceШарофиддин Гадоев, як фаъъоли мухолифи давлати Тоҷикистон ва аз аъзои "Гурӯҳи 24", ки ба унвони паноҳандаи сиёсӣ дар Испониё ба сар мебарад, бо хатари истирдод ба Душанбе рӯбарӯст.
Дар ин бора Анҷумани ҳуқуқи башари Осиёи Миёна, як созмони мудофеъи ҳуқуқи башари байналмилалӣ, ки дар Фаронса мустақар аст, хабар дод. Ин созмон ҳамчунин бо интишори баёнияе аз давлати Испониё хостааст, ки аз истирдоди оқои Гадоев ба Тоҷикистон худдорӣ кунад.
Дар баёнияи ин созмон, ки рӯзи 10 июл мунташир шуд, омадааст, ки имрӯз (11 июл) додгоҳе дар Модрид, пойтахти Испониё, ба дархости истирдоди оқои Гадоев ба Тоҷикистон расидагӣ мекунад.
Худи оқои Гадоев дар суҳбате онлойнӣ ба Би-би-сӣ ин хабарро таъйид кард ва гуфт, ки имрӯз додгоҳ қазияи ӯро баррасӣ карда ва идомаи баррасиро ба рӯзи душанбеи ҳафтаи оянда мавкул гузоштааст.
Вай мегӯяд, ки мақомоти Тоҷикистон ӯро бар асоси моддаҳои 289, 340, 131, 247 ва 250-и Қонуни кайфарии ин кишвар ба иттиҳомотитамаъҷӯӣ, тақаллуб, ҷаъли аснод, қочоқи коло ва мавод ва ба таври ғайриқонунӣ маҳрум кардани шахсе аз озодӣ муттаҳам кардаанд.
Вале додгоҳи Испониё дар ҳоли ҳозир танҳо иттиҳомоти ворида бар асоси моддаҳои 289 ва 340-и қонуни кайфарӣ дар бораи қочоқи коло (кам нишон додани молу коло зимни убур аз марз) ва ҷаъли аснодро баррасӣ мекунад. Оқои Гадоев ҳамаи иттиҳомоти ворида алайҳи худро бепоя медонад.
Оқои Гадоев гуфт: "Парванда тамоман беасос аст! Аслан инҳо ширкати маро аз худ карданд, тамоми дороиҳои маро гирифтаанд ва мехоҳанд бо ин роҳ мардумро тарсонанд ва як рақиби худро аз саҳна дур созанд. Ман аз тамоми муъомилоти тиҷории хонаводаи раисҷумҳур ва асрори даргириҳо дар Рашту Тавилдараю Хоруғ огоҳам. Барои ҳамин мехоҳанд маро баргардонанд ва нест кунанд."
Ба гуфтаи оқои Гадоев, мақомот ӯро муттаҳам кардаанд, ки дар моҳи феврали соли 2012 теъдоди 30 худравро вориди Тоҷикистон карда ва ҳар кадомеро бо қимати 8000 дулор дар гумрук ба сабт расондааст, ҳарчанд арзиши ин мошинҳо 49 ҳазор дулор будааст. Дар натиҷа, давлат 280 ҳазор дулор хисорат дидааст.
Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи ин мухолифи давлати Тоҷикистон, рӯзи таҳвили ин худравҳо аз марз ва андозаи аворизи гумрукӣ, ки мебоист пардохта шавад, дар асноди парванда зикр нашудааст. Ҳеч далеле ҳам дар бораи ин ки худравҳо бо арзиши 49 ҳазор дулор харида шудаанд, вуҷуд надорад.
Шарофиддин Гадоев рӯзи 2 феврали соли ҷорӣ аз сӯйи маъмурони пулиси Испониё дар Модрид боздошт ва ба қайди хориҷ нашудан аз ин шаҳр озод шуд. Афроди наздик ба ӯ мегӯянд, ки вай наздик ба якуним сол аст, ки дар Испониё ба унвони паноҳандаи сиёсӣ сабти ном шуда ва ба таври қонунӣ зиндагӣ мекард.
Оқои Гадоев мутаваллиди соли 1985 дар ноҳияи Фархор, дар ҷануби Тоҷикистон, аст, ки дар риштаи ҳуқуқи байналмилалӣ мадраки омӯзиши олӣ дорад. Вай қаблан риёсати ширкати мавсум ба "Голд Тур Транс"-ро дар Тоҷикистон ба уҳда доштааст.
Вале ба гуфтаи наздиконаш, ӯ дар пайи интиқодҳояш аз Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, ва пайвандони ӯ, ва "ифшои мавориди фасоду тахаллуфоти молӣ" аз сӯйи мақомоти баландпоя таҳти фишор кишварашро тарк кардааст.
Оқои Гадоев дар соли 2012 ҳамроҳ бо Умаралӣ Қувватов, тоҷири саршинос ва раҳбари "Гурӯҳи 24", ва чанде дигар аз тоҷирону сиёсатмадорони тоҷик ин гурӯҳро дар Русия таъсис додааст. Ахиран чанде аз видеуҳои суханронии ӯ , ки аз оқои Раҳмон интиқод мекунад, дар шабакаҳои иҷтимоъӣ мунташир шудааст.
Дар баёнияи Анҷумани ҳуқуқи башари Осиёи Миёна омадааст, ки оқои Гадоев бо таваҷҷуҳ ба таъаҳҳудоти байналмилалии Тоҷикистон дар заминаи ҳуқуқи башар, дар бораи равишҳои қонунии мубориза бо фасод, ки дар сутӯҳи болои давлати Тоҷикистон вуҷуд дорад, ба ҷомеъа хабар медод.
Ин созмон менивисад: "Вокуниш ба фаъъолияти ӯ сареъ буд. Ниҳодҳои амниятии Тоҷикистон ба иттиҳоми даст доштан дар ҷароими иқтисодӣ мавриди пайгард қарор доданд. Иттиҳомоти матраҳшуда алайҳи ӯ зидду нақиз ва дур аз мантиқ ва сохтагӣ буда ва аз нақзи ҳуқуқи башар шаҳодат медиҳанд."
Дар баёния ҳамчунин омадааст: "Дар Тоҷикистон шиканҷа ба таври густарда роиҷ аст, қувваи қазоия (додгоҳ) тобеъи ҳукумат аст, вакилони мудофеъи афроди мухолиф ҳамвора аз ваколати худ маҳрум ва бо иттиҳомоти сохтагӣ таъқиб мешаванд. Аз ин рӯ, истирдоди Гадоев ба Тоҷикистон зиндагӣ ва саломати ӯро ба хатар меандозад, чун ӯ мумкин аст ӯ ҳадафи иқдомоти талофиҷӯёна воқеъ шавад."
Бо таваҷҷуҳ ба ин, Анҷумани ҳуқуқи башари Осиёи Миёна аз давлати Испониё хостааст, ки бо эҳтиром ба кунвонсиюни СММ алайҳи шиканҷа ва рафторҳои дигари ғайриинсонӣ, кунвонсиюни СММ дар бораи паноҳандагон ва Паймони байналмилалии ҳуқуқи маданӣ ва сиёсӣ, ки имзо кардааст, аз истирдоди Шарофиддин Гадоев ба Тоҷикистон худдорӣ кунад.
Нусхаҳое аз баёнияи ин созмон ба Кумисериёи олии СММ дар умури паноҳандагон ва Гузоришгари вижаи СММ дар бораи масоили шиканҷа ва рафторҳои дигари тавҳиномез ва ғайриинсонӣ ирсол шудааст.
Рӯзи 22 май созмони Афви Байналмилалӣ низ додгоҳ ва давлати Испониёро аз хатароти эҳтимолӣ дар сурати истирдоди Шарофиддин Гадоев ба Тоҷикистон, аз ҷумла эҳтимоли шиканҷа шудани ӯ аз сӯйи маъмурони амниятии ин кишвар, ҳушдор дода буд.
