Фишорҳо бар давлати Бритониё барои кумак ба озодии Содиқов

  • 3 Июл, 2014
Хонаводаи Александр СодиқовImage copyrightBBC World Service
Image caption Хонаводаи Александр Содиқов аксе аз ӯ бо ҳамсар ва духтарашро интишор додаанд

Тарафдорони Александр Содиқов, пажӯҳишгари боздоштшуда ба иттиҳоми ҷосусӣ дар Тоҷикистон, давлати Бритониёро таҳти фишор қарор додаанд, то ба озодии ӯ мусоъидат кунад.

Фарохони онҳо барои кумак ба озодии ин пажӯҳишгар дар ҳолест, ки Сироҷиддин Аслов, вазири хориҷаи Тоҷикистон, дар дидоре дар Ландан бо мақомҳои Бритониё гуфтугӯҳое анҷом додааст.

Оқои Содиқов рӯзи 16 июн ҳангоми пижӯҳиш дар шаҳри Хоруғ, маркази устони худмухтори Бадахшон, дар шарқи Тоҷикистон, боздошт шуд. Ин минтақа ахиран маҳалли ошӯбҳо ва норизоятиҳои умумӣ будааст.

Вай замоне боздошт шуд, ки дар порки марказии шаҳр бо Алим Шерзамонов, як фаъъоли мухолифи давлат аз ҳизби сусиёл-демукрот ва раҳбари муътаризон ба хушунатҳои охири моҳи май, мусоҳибае анҷом медод.

Оқои Содиқов худаш шаҳрванди Тоҷикистон буда ва давраи дуктурояшро дар Донишгоҳи Турунтуи Конодо сипарӣ мекунад. Вай дар замони таътилоти тобистонияш бар асоси қарордоде барои Донишгоҳи Эксетери Бритониё дар мавзӯъи мудирияти низоъ дар Осиёи Миёна ба анҷоми пажӯҳиш машғул буд.

Шаҳри кӯчаки Хоруғ, ки маркази устони кӯҳистонии Бадахшон аст, ба хотири даргириҳои сахте миёни артиш ва шибҳинизомиёни мусаллаҳи мухолифи давлат дар моҳи июли соли 2012 ба унвони яке аз намунаҳои мавриди пажӯҳиш баргузида шуда буд.

Image copyrightBBC World Service
Image caption Робитаи байни давлати марказӣ дар Душанбе ва минтақаи кӯҳистонии Бадахшон ҳамеша ноҳамвор будааст

Масъулияти оқои Содиқов дар ин пижӯҳиш аз анҷоми мусоҳиба бо мақомҳои маҳаллӣ ва фаъъолони ҷомеъаи маданӣ дар бораи талоши онон барои рафъи паёмадҳои низоъи ду сол пеш иборат буд.

Аммо дуруст баъд аз аввалин мусоҳибааш бо Алим Шерзамонов, аз фаъъолони маҳаллии ҷомеъаи маданӣ дар Бадахшон, маъмурони амниятӣ ин пажӯҳишгарро боздошт карданд.

Ҳамон рӯз расонаҳои Тоҷикистон хабар доданд, ки оқои Содиқов ба занни ҷосусӣ барои кишваре хориҷӣ, ки аз он ном бурда нашуда, мавриди бозҷӯӣ қарор гирифтааст. Баъдан як шабакаи телевизиюнии маҳаллӣ видеуи бозҷӯии ӯ аз сӯйи маъмурони амниятиро нишон дод.

Дар ин видеуи ҳаштдақиқаӣ оқои Содиқов шарҳи муфассале аз пешинаи кору таҳсилаш ироа медиҳад, ки шомили кор дар дафотири маҳаллии Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо ва Юнисеф ё Сандуқи Кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид низ ҳаст.

Вай замоне, ки аз ҷузъиёти пружеи таҳқиқотияш, аз ҷумла пуле, ки барои анҷоми пижӯҳиш бар асоси қарордод дарёфт мекунад, сухан мегуфт, хунсард ба назар мерасид.

Аммо тарафдорони ӯ дар бораи бахшҳое аз ин филм, ки ҷиддан таҳрир шуда буд, ибрози нигаронӣ карда ва мегӯянд, ки ин бахшҳо ба манзури беобрӯ сохтани ҷонибҳои севум тарроҳӣ шудааст.

Image copyrightBBC World Service
Image caption Гуфтугӯи Александр Содиқов бо бозҷӯёни амниятӣ ҷиддан таҳриршуда ба назар мерасид

Таҳдиди густарда

Боздошти оқои Содиқов дархостҳои бешумори байналмилалӣ дар мавриди иттилоърасонӣ дар бораи ӯ, рафтори мунсифона бо ӯ ва озодияшро ба дунбол доштааст.

Баёнияе, ки чанд анҷумани ҷаҳонии илмӣ ба намояндагӣ аз 30 ҳазор донишманду пажӯҳишгар ахиран интишор доданд, аз таҳдиди густардае барои озодиҳои зеҳнии донишмандону пижӯҳашгарон ҳушдор медиҳад.

Гурӯҳҳои мудофеъи ҳуқуқи башари Афви Байналмилал ва Гузоришгарони Бидуни Марз ба ҳимоят аз оқои Содиқов садо баланд карданд.

Дар зимн, расонаҳои маҳаллӣ гузориш карданд, ки ин пажӯҳишгар мумкин аст бо иттиҳоми хиёнат ба ватан рӯбарӯ шавад, ки дар сурати таъйиди додгоҳ имкон дорад то 20 сол ба зиндон маҳкум шавад.

Ҷон Ҳизершо, устоди Донишгоҳи Эксетер ва раҳбари пружеи мудирияти низоъ дар Осиёи Миёна, ба Би-би-сӣ гуфт, ки намедонад дар бораи мушкили ҳамкораш чигуна тавзеҳ бидиҳад. Оқои Содиқов дар чорчӯби ҳамин пруже ба пижӯҳиш машғул буд.

Вай мегӯяд: "Ман 11 сол боз дар Тоҷикистон пижӯҳиш мекунам ва ҳамеша бо мардум озодона мусоҳиба мекардам. Иттифоқе, ки акнун уфтод, барои ман асроромез аст."

Пруфесур Ҳизершо мегӯяд, ки як созмони илмӣ дар Бритониё аз ин пижӯҳиш ҳимояти молӣ мекунад ва оқои Содиқов ҳеч пуле аз давлати Бритониё дарёфт накардааст: "Ман аз давлати Тоҷикистон мехоҳам Александр Содиқовро озод кунад, зеро ӯ як пижӯҳишгар аст."

Вай ҳамчунин ибрози нигаронӣ кард, ки ду вакили мудофеъи интихобшуда аз сӯйи ҳамсари оқои Содиқов то кунун иҷозаи дидор бо ӯро дар боздоштгоҳи амниятӣ наёфтаанд.

Image copyrightBBC World Service
Image caption Бисёре аз мардуми Бадахшон мусалмонони шиъаи исмоъилӣ ҳастанд

Хотираи мағшуш

Дар ҳамин ҳол, бархе аз соҳибназарон шигифтзада аз ин ҳастанд, ки мабодо оқои Содиқов дар замоне номуносиб пурсишҳое номуносиб карда бошад.

Минтақаи кӯҳистонии Бадахшон, ки бештар ба номи Помир машҳур аст, дар моҳи май саҳнаи хушунатҳои тоза буд. Амалиёти хушунатомези маъмурони пулис барои боздошти афроди муттаҳам ба қочоқи маводди мухаддир ба эътирозоти густарда дар Хоруғ доман зад.

Ин дар ҳолест, ки мардум ҳанӯз амалиёти мағшушу маргбори низомии ду сол пешро, ки чандин кушта аз ҷумлаи сарбозони артиш ва мухолифони мусаллаҳи давлат барҷо гузошт, аз ёд набурдаанд.

Дар гузашта, дар ҳамаи мавориди бурузи нооромиҳои эҳтимолӣ дар Бадахшон давлат дастрасии мардум ба ҳама гуна васоили иртиботӣ ва иттилоърасонӣ дар ин минтақаро масдуд кардааст.

Мақомоти Тоҷикистон солҳост талош мекунанд Кӯҳистони Бадахшонро, ки мардумаш дар замони ҷанги дохилии панҷсола (1992-1997) аз мухолифони исломӣ ҳимоят мекарданд, ба тасаллути комили худ дароваранд.

Ин минтақаи худмухтор, ки бо Афғонистон ҳаммарз аст, ба таври табиъӣ дуруфтода ва аз лиҳози фарҳангӣ бо соири манотиқи Тоҷикистон мутафовит аст. Бахши аъзаме аз мардуми ин минтақа шиъаи исмоъилӣ буда ва ба забонҳое такаллум мекунанд, ки бо забони соири тоҷикон фарқ доранд.

Матолиби муртабит