Афви Байналмилал Александр Содиқовро 'зиндонии виҷдон' хонд
Image copyrightBBC World ServiceАфви Байналмилал дар фарохоне тоза барои озодии беқайду шарти Александр Содиқов, пажӯҳишгари боздоштшуда дар Тоҷикистон, аз ӯ ба унвони "зиндонии виҷдон" ном бурдааст.
Ин созмон рӯзи чаҳоршанбеи 25 июн корзоре онлойнӣ барои ирсоли номаҳо ба раиси ҷумҳур ва мақомоти дигари Тоҷикистон ва сафоратхонаҳои хориҷӣ дар ин кишварро ба роҳ андохта ва гуфтааст, ки оқои Содиқов "бо иттиҳомоти дорои ангезаҳои сиёсӣ" боздошт шудааст.
Дар фарохони ин созмон ба мардуми ҷаҳон барои озодии оқои Содиқов омадааст: "Афви Байналмилал муътақид аст, ки Александр Содиқов зиндонии виҷдон аст, зеро ӯ барои эҳқоқи ҳаққи худ ба озодии баён боздошт шудааст. Ӯ машғули анҷоми пажӯҳише машрӯъ ва қонунӣ буд, ки мебоист дертар мунташир шуда ва дар дастраси умум қарор бигирад."
Ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ аз мақомоти амниятии Тоҷикистон башиддат интиқод карда ва мегӯяд, ки онҳо то кунун аъзои хонаводаи ин пажӯҳишгарро аз имкони дидор бо ӯ маҳрум нигоҳ доштаанд.
Афви Байналмилал аз мардуми ҷаҳон хостааст бо ирсоли номаҳое ба раиси ҷумҳур ва додситони кулли Тоҷикистон аз онҳо озодии бидуни қайду шарти оқои Содиқовро тақозо кунанд.
Ин созмон ҳамчунин хостори дастрасии фаврӣ, бидуни қайду шарт ва маҳрамонаи Александр Содиқов ба вакили мудофеъи мунтахаби худ, дидор бо аъзои хонаводааш ва дарёфти кумакҳои пизишкӣ шудааст.
Яке дигар аз тақозоҳои ин созмоним уътабари ҷаҳонӣ аз мақомоти тоҷик ин аст, ки замонат бидиҳанд, ки Александр Содиқов мавриди ҳеч гуна шиканҷа ва бадрафторӣ қарор нагирад.
Ин созмони мудофеъи ҳуқуқи башар гуфта, ки то ҳол оқои Содиқов дастрасӣ ба вукалои мудофеъ надорад, ҳарчанд масъулони давлатӣ эълом карданд, ки аз замони боздошташ ӯ аз хадамоти вакили мудофеъ бархурдор шудааст.
Александр Содиқов рӯзи 16 июн дар шаҳри Хоруғ боздошт шуд, вале маҳалли будубошаш муддате тӯлонӣ маълум набуд. Танҳо пас аз чаҳор рӯз Кумитеи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон хабар дод, ки ӯ дар боздоштгоҳи ин ниҳод дар Душанбе аст.
Ҳарчанд мақомҳои амниятӣ иттиҳомоти худ алайҳи ӯро эълом накардаанд, аммо бархе расонаҳо нивиштанд, ки ӯ бар асоси моддаи 305-и Қонуни кайфарии Тоҷикистон ба хиёнат ба ватан ва ҷосусӣ муттаҳам мешавад. Ин иттиҳомот агар таъйид шавад, ӯ бо муҷозоти 12 то 20 сол маҳкумият ба зиндон рӯбарӯ хоҳад шуд.
Қаблан Афви Байналмилалӣ бо пахши як баёния, дар мавриди боздошти оқои Содиқов аз он ҳушдор дода буд, ки мумкин аст оқои Содиқов дар ҷараёни боздошт бо бадрафторӣ ва шиканҷа рӯбарӯ шавад.
Дар ҳамин ҳол, Гузоришгарони Бидуни Марз, як созмони ҷаҳонии мудофеъи ҳуқуқи рӯзноманигорон, низ рӯзи 24 июн бо интишори баёнияе хостори озодии фаврии Александр Содиқов шудааст.
Ҷуҳон Бир, раҳбари бахши Урупои Шарқӣ ва Осиёи Миёни ин созмон, гуфтааст, ки пинҳонкории мақомот дар мавриди боздошти оқои Содиқов ва намоиши бозпурсии вай тавассути телевизиюн дар Тоҷикистон ҳаққи ӯ ба муҳокимаи мунсифонаро нақз кардааст.
Оқои Бир афзуда: "Боздошти ӯ ҳосили таваҳҳуму бадгумонӣ ва тамоюли давлати Тоҷикистон ба муқассир донистани хориҷиҳо дар бесаботӣ ба ҷойи пазируфтани масъулияти худаш аст."
Гузоришгарони Бидуни Марз гуфта, ки оқои Содиқов бояд фавран озод ва "иттиҳомоти пуч" алайҳи ӯ бояд ботил шавад: "Ҳоло замонест, ки давлати Тоҷикистон аз эҷоди шабаҳи ҷанг ба қасди хомӯш кардани садои мунтақидон ва зиҳақ донистани худ барои саркӯби мухолифон даст бардорад."
Александ Содиқов, ки барои Донишгоҳи Эксетер пажӯҳише анҷом медод, рӯзи 16 июн дар шаҳри Хоруғ, маркази устони Бадахшон, дар шарқи Тоҷикистон, аз сӯйи маъмурони амниятӣ боздошт шуд. Боздошти ӯ пас аз анҷоми мусоҳибае бо Алим Шерзамонов, аз фаъъолони сиёсии мухолифи давлат, сурат гирифт.
Рӯзе баъд Кумитеи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон бо интишори баёнияе эълом кард, ки оқои Содиқов ба занни "ҷосусӣ" барои кишваре солис боздошт шуда, ҳарчанд аз он кишвар ном набурд. Соҳибназарон мегӯянд, ки кишвари мавриди назари мақомҳои амниятии тоҷик Бритониё аст.
