Нигарониҳои байналмилалӣ дар бораи 'нопадид' шудани Содиқов
Image copyrightBBC World ServiceНамояндагии Иттиҳодияи Урупо дар Тоҷикистон бо пахши баёнияе аз “нопадид” шудани Александр Содиқов, пажӯҳишгари боздоштшуда, дар шарқи ин кишвар изҳори нигаронӣ кардааст.
Дар ин баёния, ки рӯзи ҷумаъи 20 июн пахш шуд, масъулони ин намояндагӣ аз ин ки маъмурони амниятии Тоҷикистон то ҳол иттилоъи дақиқе дар бораи маҳалли нигаҳдории оқои Содиқов ва вазъи саломати ӯ ба аъзои хонаводааш ироа надодаанд, ибрози дилвопасӣ шудааст.
Намояндагии Урупо аз давлати Тоҷикистон хоста, ки шароити иртиботи ин пажӯҳишгарро бо бастагон ва вакили мудофеъаш фароҳам созанд ва ангезаи боздошт ва нопадид шудани ӯро равшан кунанд.
Дар баёнияи ин созмон Александр Содиқов ба унвони донишҷӯйи дуктуро дар Донишгоҳи Турунтуи Конодо ва пажӯҳишгари Донишгоҳи Эксетери Бритониё муъаррифӣ шудааст.
Масъулони намояндагии Урупо, ки аз шарикони умдаи давлати Тоҷикистон дар иҷрои тарҳҳои мухталифи иҷтимоъӣ ва иқтисодӣ ба шумор меояд, гуфтаанд, ки баёнияи имрӯз бо ризояти ҳамаи сафирони сафоратхонаҳои кишварҳои Урупо дар Тоҷикистон мунташир шудааст.
'Ё озод кунед ё иттиҳоматонро эълом кунед!'
Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар низ рӯзи панҷшанбеи 19 июн бо интишори баёнияе аз мақомоти Тоҷикистон хост, ки Александр Содиқов, пажӯҳишгар ва веблогнивисро, ё бедиранг озод кунанд ё ба таври мувассақ иттиҳомоти худро алайҳи вай эълом кунанд.
Ҳю Вилёмсун, мудири бахши Урупо ва Осиёи Миёнаи ин созмон, гуфт: "Як пажӯҳишгар дар Тоҷикистон зоҳиран "нопадид" шуда ва мақомоти ин кишвар се рӯз боз дар бораи маҳалли будубош ё вазъи саломаташ сукут кардаанд. Давлати Тоҷикистон бояд Александр Содиқовро фавран озод кунад ё иттиҳомоташро матраҳ кунад, дастрасӣ ба вакили мудофеъ ва хонаводаашро фароҳам созад, ва ба ин имтиҳони сахт барои исботи бегуноҳияш поён бидиҳад."
Дидбони Ҳуқуқи Башар мегӯяд бар асоси қавонини байналмилалӣ дар сурате ки як фард аз сӯйи маъмурони давлате боздошт шавад, аммо маҳалли будубош ё сарнивишташ пинҳон дошта шавад, пас ин давлат муртакиби ҷинояти "нопадидии иҷборӣ" шудааст, чун дар ин гуна шароит имкони шиканҷа ва бадрафторӣ бо фарди "нопадидшуда" вуҷуд дорад.
Оқои Вилёмсун мегӯяд: "Ҳукумати Тоҷикистон ба назар мерасад, ки рӯйкарди "аввал боздошт ва баъд бозпурсӣ"-ро пеша кардааст. Ин рафтор таъаҳҳудоти Тоҷикистон ба қавонин ва мавозини байналмилалиро помол мекунад. Нопадидии иҷборӣ ҷинояте ҷиддист ва дар ҳеч кишвари қонунмадор ҷойе барои он нест."
Бастагони Александр Содиқов мегӯянд, ки рӯзи 17 июн пулис хонаи модари ӯро бозҷӯӣ ва диску компютерҳои писарашро мусодира кардааст. Рӯзи 18 июн як шабакаи телевизиюнии маҳаллӣ дар Хоруғ оқои Содиқовро нишон дода, ки дар бораи устони Бадахшон суҳбат мекунад, вале маҳалли нигаҳдории ӯ эълом нашудааст.
Дар ҳамин ҳол, созмони мудофеъи ҳуқуқи башари Афви Байналмилалӣ низ бо пахши як баёния, дар мавриди боздошти оқои Содиқов аз он изҳори нигаронӣ кардааст. Ин созмон ҳушдор дода, ки мумкин аст оқои Содиқов дар ҷараёни боздошт бо барафторӣ ва шиканҷа рӯба рӯ шавад.
Дар ин баёнияе, ки рӯзи ҷумъаи 20 июн пахш шуд, омада, ки аз оқои Содиқов аз рӯзи 16 июн ба ин сӯ ҳеҷ хабаре нест ва ӯ имкони дастрасӣ ба вакили мудофеъро низ надоштааст.
Рӯзи 18 июн Дунё Миётувич, намояндаи Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо дар умури озодии баён, низ бо судури баёнияе аз "нопадид шудани" Александр Содиқов дар шаҳри Хоруғ, маркази устони Бадахшони Тоҷикистон, ибрози нигаронӣ кард.
Хонум Миётувич гуфт: "Бисёр нигаронам, ки на аъзои хонаводааш ва на дӯстонаш намедонанд, ки ӯ ҳоло куҷост. Ман ба мақомоти Тоҷикистон ном нивиштам ва хостам, ки дар бораи маҳалли будубоши ӯ ва шароити нопадид шуданаш иттилоъ бидиҳанд."
'Боздошт пас аз аввалин мусоҳиба'
Александр Содиқов, шаҳрванди Тоҷикистон, рӯзи 16 июн, соъати 12:15 ба вақти маҳаллӣ, дар шаҳри Хоруғ, маркази вилояти Бадахшон, пас аз анҷоми мусоҳибае бо Алим Шерзамонов, аз фаъъолони маҳаллии мухолифи давлат, тавассути маъмурони амниятӣ боздошт шуд.
Масъулони Кумитеи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон субҳи 17 июн эълом карданд, ки оқои Содиқов ба занни ҷосусӣ барои кишваре солис боздошт шудааст. Дар баёнияи ин ниҳод омада, ки вай қабл аз сафар ба Хоруғ бо як диплумоти хориҷӣ дидор дошта ва гӯё барои "анҷоми маъмурияти ҷосусӣ" аз ӯ пул гирифтааст. Аммо пайвандони ӯ ва иддае аз коршиносони сиёсӣ дар Тоҷикистон ин иддаъоро бепоя хондаанд.
Ин дар ҳолест, ки Ҷон Ҳизершо (John Heathershaw), раиси бахши улуми иҷтимоъии Донишгоҳи Эксетери Бритониё, бо интишори баёнияе муфассал гуфтааст, ки Александр Содиқов барои анҷоми таҳқиқоти илмӣ дар Бадахшон аз сӯйи ин донишгоҳ истихдом шудааст.
Дар ин баёния, ки рӯзи панҷшанбеи 19 июн пахш шуд, ҳамчунин гуфта мешавад, ки донишгоҳи Эксетери Бритониё дар кишварҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла Қирғизистон ва Тоҷикистон дар чорчӯби барномаи вижаи ин донишгоҳ, ки ба омӯзиши низоъҳо дар минтақа ихтисос дорад, пажӯҳиш анҷом медиҳад.
Ҳамчунин, ин донишгоҳ чунин таҳқиқотеро дар Бритониё, Чин ва Русия низ анҷом медиҳад, аммо аз соли 2013, замоне ки ин таҳқиқот оғоз ёфта, пажӯҳишгарон дар ҳеҷ як аз кишварҳои минтақа бо ингуна мушкил рӯбарӯ нашуда буданд.
Оқои Ҳизершо дар баёнияи худ таъкид карда, ки "Александр ба Тоҷикистон барои анҷоми ин пажӯҳиш рӯзи 8 июн омада буд ва ман аз Қирғизистон ба Тоҷикистон барои анҷоми мусоҳиба рӯзи 11 июн омадам."
Қарор буд, ки оқои Содиқов дар шаҳри Хоруғ бо намояндагони ҷомеъаи маданӣ ва намояндагони ҳукумати маҳаллӣ дар устондории Бадахшон мусоҳибаҳое анҷом диҳад. Аммо маъмурони амниятии Тоҷикистон ӯро пас аз нахустин мусоҳибааш бо Алим Шерзамонов боздошт кардаанд.
Дар баёнияи Ҷон Ҳизершо омадааст: "Ман 11 сол боз дар Тоҷикистон дар бораи масоили рафъи ихтилофот пажӯҳиш мекунам. Тоҷикистон ба таври муваффақ мунозеъаашро рафъ кард ва кишварест, ки барои мо дар бораи наҳваи рафъи ихтилофот сабақҳои бисёре медиҳад. Ман ҳамеша хушҳол будам, ки Тоҷикистон барои анҷоми пажӯҳиш оғӯши бозе дорад. Ман бисёр нороҳатам, ки ин воқеъа иттифоқ уфтод ва аз давлати Тоҷикистон мехоҳам, ки Александр Содиқов ба ин далел, ки ӯ як пажӯҳишгар аст, озод кунад."
Дар ин баёния ҳамчунин гуфта шуда, ки оқои Содиқов дар гузашта дар намояндагиҳои созмонҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон фаъъолият дошт ва бо бисёре аз диплумотҳои кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла сафири Бритониё дар ин кишвар, аз наздик ошно буд.
Вале дар баёния таъкид мешавад, ки ин кишвар барои анҷоми таҳқиқот ба ӯ сармоя надода ва афзун бар ин, Александр Содиқов бо давлати Бритониё ҳеҷ иртиботе надоштааст.
