Тақозои садҳо донишманди ҷаҳон барои озодии Содиқов

  • 24 Июн, 2014
"Содиқовро озод кунед!" Image copyrightBBC World Service
Image caption Оқои Содиқов пас аз мусоҳиба бо як фаъъоли мухолифи давлат дар шаҳри Хоруғ аз сӯйи маъмурони амниятӣ боздошт шуд

Садҳо донишманд ва устоди донишгоҳ аз саросари ҷаҳон дар номаҳое мутаъаддид аз давлати Тоҷикистон хостаанд, ки Александр Содиқов, пажӯҳишгари боздоштшуда аз сӯйи маъмурони амниятии ин кишвар ба занни ҷосусиро, озод кунад.

Торнамои (сойти) вижае низ дар шабакаи ҷаҳонии интернет бо номи " Содиқовро озод кунед!" роҳандозӣ шуда ва садҳо устоду донишҷӯ аз донишгоҳҳои муътабари ҷаҳон бо ирсоли номаҳое ба раиси ҷумҳурии Тоҷикистон хостори озодии оқои Содиқов шудаанд.

Дар миёни донишмандоне, ки хостори озодии ӯ шудаанд, асомии афроди муътабаре чун пруфессур Нейл МакФорлейн аз Донишгоҳи Оксфурди Бритониё, дуктур Лоро Одомз ва дуктур Тимутӣ Нюнон аз Донишгоҳи Ҳорворди Омрико, пруфессур Эдворд Шотз аз Донишгоҳи Турунтуи Конодо, пруфесур Модлин Ривз аз Донишгоҳи Мончестери Бритониё, пруфесур Сергей Абашин аз Донишгоҳи Урупоии Сан-Питерзбург ва садҳо нафари дигар дида мешавад, ки шумори онҳо дар маҷмӯъ беш аз ҳазор нафар аст.

Дар туморе, ки онҳо зераш имзо гузоштаанд, омадааст: "Содиқов, мутааҳҳил ва соҳиби як фарзанди духтар, аз насли нави донишмандонест, ки ба пешаи худ ва ба равобити ҳасанаи Тоҷикистон бо ҷомеъаи ҷаҳонӣ сахт таъаҳҳуд доранд. Мо дар бораи амнияти ӯ ва аҳли хонаводааш башиддат нигаронем ва аз мақомоти Тоҷикистон мехоҳем, ки зомини ҳуқуқи комили онҳо бошанд."

'Ҷосусӣ' ба нафъи кӣ?

Ин пажӯҳишгари тоҷик рӯзи 16 июн дар шаҳри Хоруғ, маркази устони Бадахшон, дар шарқи Тоҷикистон, аз сӯйи маъмурони амниятӣ боздошт шуд. Боздошти ӯ пас аз анҷоми мусоҳибае бо Алим Шерзамонов, аз фаъъолони сиёсии мухолифи давлат ва узви ҳизби сусиёл-демукрот, сурат гирифт.

Рӯзе баъд Кумитеи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон бо интишори баёнияе эълом кард, ки оқои Содиқов ба занни "ҷосусӣ" барои кишваре солис боздошт шуда, ҳарчанд аз он кишвар ном набурд. Соҳибназарон мегӯянд, ки кишвари мавриди назари мақомҳои амниятии тоҷик Бритониёст.

Image copyrightBBC World Service
Image caption Оқои Урд-Исмит танҳо диплумоти хориҷӣ аст, ки пас аз нооромиҳои ахир ба Бадахшон сафар кардааст

Дертар телевизиюне маҳаллӣ дар Бадахшон ончи "эътирофоти" оқои Содиқов номида мешавад, пахш кард, ки дар он оқои Содиқов гуфт, ки бо дархости як устоди Донишгоҳи Эксетери Бритониё ба манзури анҷоми пажӯҳише дар чорчӯби як тарҳи мутолеъаи низоъҳо ба шаҳри Хоруғ рафтааст.

Дар ин видеу, ки дар шабакаи интернет ҳам мунташир шуд, оқои Содиқов мегӯяд, ки қабл аз сафар ба Бадахшон бо пруфесур Ҷон Ҳизершо, устоди Донишгоҳи Эксетер дар иқоматгоҳи сафири Бритониё дар шаҳри Душанбе мулоқот кардааст.

Азбас сафири Бритониё ба оқои Ҳизершо ба унвони шаҳрванди Бритониё тавсия карда, ки аз сафар ба Бадахшон ба далоили амниятӣ худдорӣ кунад, устоди Донишгоҳи Эксетер аз оқои Содиқов хоста, ки дар изои пардохти маболиғе ба онҷо сафар кунад ва мусоҳибаи лозим барои пажӯҳишашро анҷом диҳад.

Зимнан, Ҷон Ҳизершо, раиси бахши улуми иҷтимоъии Донишгоҳи Эксетер, низ бо интишори баёнияе муфассал ин гуфтаҳоро таъйид ва иттиҳоми мақомҳои амниятии Тоҷикистонро рад кард. Вай гуфт, ки Александр Содиқов барои анҷоми пажӯҳише илмӣ дар Бадахшон аз сӯйи ин донишгоҳ истихдом шудааст.

Пас аз чанд рӯзи ибҳом ва норӯшанӣ дар бораи сарнивишти Александр Содиқов, Кумитеи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта бо нашри иттилоъияе тоза эълом кард, ки ӯ ба боздоштгоҳе дар Душанбе мунтақил шуда ва иттиҳомот алайҳи ӯ матраҳ шудааст.

Дар ин иттилоъия омада, ки "аз лаҳзаи дастгиркунӣ Содиқов Александр (аз хадамоти) ҳимоятчӣ (вакили мудофеъ) таъмин (бархурдор) шуда, оид ба дастгиршавии ӯ хешовандони наздикаш хабардор карда шуданд," ҳарчанд номи вакили мудофеъи ӯ расман эълом нашудааст.

Бозгашти 'Бозии бузург'?

Ин бори аввал аст, ки як пажӯҳишгари маҳаллӣ ба иттиҳоми ҷосусӣ барои кишваре солис дар Тоҷикистон боздошт мешавад. Боздошти ӯ дар ҳолест, ки мақомҳои амниятии Тоҷикистон аз ончи "дасти хориҷӣ дар нооромиҳои ахир дар шаҳри Хоруғ" мехонанд, ибрози нигаронӣ кардаанд.

Пас аз норомиҳои охири моҳи май дар Хоруғ, ки дастикам панҷ кушта барҷо гузошт, Шералӣ Хайруллоев, ёвари раисҷумҳур дар умури амният ва вазири дифоъи пешин, дар як ҳамоиш бо мардуми маҳаллӣ дар Хоруғ гуфта буд, ки "ҳидоятгарони" ин нооромиҳо дар Душанбе ҳастанд ва ҳеч рабте ба Бадахшон надоранд.

Image caption Оқои Ятимов муътақид аст, ки бархе аз қудратҳои хориҷӣ талош доранд оромиши Тоҷикистонро баҳам зананд

Ҳафтаи гузашта, Саймуъмин Ятимов, раиси Кумитеи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, низ дар як суханронӣ гуфт, ки бархе аз қудратҳои хориҷӣ "зери пӯшиши ташкилотҳои ғайридавлатӣ" талош доранд, вазъият дар Тоҷикистонро ошуфта созанд, ҳарчанд ӯ аз ҳеч кишваре ном набурд.

Аммо бо таваҷҷуҳ ба боздошти Александр Содиқов ва иртиботи ӯ бо донишгоҳе бритониёӣ таҳлилгарон мегӯянд, ки манзури оқои Ятимов аз "қудрати хориҷӣ" Бритониёст. Зимнан, сафири Бритониё дар Тоҷикистон нахустин диплумоти хориҷие буд, ки пас аз ҳаводиси ахир ба Бадахшон сафар дошт.

Дар рӯзи сафари ӯ ба Бадахшон гурӯҳе аз сокинони Душанбе дар назди сафорати Бритониё таҷаммуъ карда ва ба гуфтаи шоҳидони айнӣ, ба сӯи сохтмони сафорат санг андохтанд. Дар ин иқдом чанде аз дурбинҳои перомуни сохтмони сафорати Бритониё хароб шудааст.

Таҳлилгарон мегӯянд, ки мақомоти тоҷик ба дунболи ҳаводиси ахир дар Укройн нисбат ба фаъъолияти диплумотҳои ғарбӣ, бавижа Бритониё, дар ин "кишвари зери нуфузи Русия" суизан доранд, ҳарчанд ба гуфтаи онҳо ин суизан "қобили итминон нест."

Рақобат миёни Русия ва Бритониё дар минтақаи Осиёи Миёна аз қарни нуздаҳи милодӣ, аз замони таъйини хутути марзӣ байни мустаъмароти ин ду имперотурӣ дар Осиёи Миёна ва Афғонистон, ки дар маҳофили илмӣ аз он бо номи "Бозии бузург" ёд мешавад, маншаъ мегирад.

Гуфта мешавад давлати Владимир Путин, ки имрӯзҳо ба дунболи эҳёи нуфузи аздастрафтаи кишвараш дар Осиёи Миёна аст, аз нуфузи эҳтимолии Бритониё дар Тоҷикистон ба василаи тарҳҳои иҷтимоъию иқтисодии шабакаи Оқо Хон, пешвои исмоъилиён, башиддат нигарон аст.

Ҳарчанд таҳлилгарони тарафдори Русия дар гузашта аз эҳтимоли ҷудоии устони худмухтори Бадахшон аз Тоҷикистон тавассути Оқо Хон ва таъсиси давлате ба номи "Бадахшони бузург" ҳушдор додаанд, аммо масъулони шабакаи Оқо Хон ин иддиъоҳоро ҳамвора рад кардаанд.

Бархе аз фаъъолони ҷомеъаи мадании Бадахшон, аз ҷумла Улфатхоним Мамадшоева, вуҷуди ҳар гуна тамоюлоти ҷудоихоҳӣ дар ин устонро рад мекунанд. Онҳо мегӯянд, агарчи амалиётҳои маргбори ду соли ахир дар Хоруғ ба норизоятии мардуми маҳаллӣ доман зада, вале "касе ба фикри ҷудоиталабӣ нест."

Ба гуфтаи онҳо, мақомоти тоҷик бояд ба ҷойи ангушти иттиҳомро ба сӯйи хориҷиён ишора рафтан барои рафъи мушкилоти мардуми Бадахшон, монанди роҳҳои харобу хатарбор, шароити душвори тиҷорат ва ҷаҳонгардӣ, гаронқиматӣ ва фақру фасоди густарда талош кунанд.

Матолиби муртабит