Баррасии 'хатари пажӯҳиш дар Осиёи Миёна' пас аз боздошти Содиқов

  • 27 Июн, 2014
Александр СодиқовImage copyrightBBC World Service
Image caption Александр Содиқов ва пайвандону ҳамкоронаш иддиъои ҷусоусии ӯро рад мекунанд

Боздошти Александр Содиқов, пажӯҳишгари тоҷик, аз сӯи маъмурони амниятии ин кишвар ба занни ҷосусӣ бисёре аз пажӯҳишгарону донишмандони ҷаҳонро нигарон кардааст.

Рӯзи ҷумъаи 27 июн дар бисёре аз донишгоҳҳои муътабари ҷаҳон ҷаласоте дар мавзӯъи "Боздошти Александр Содиқов: хатаре барои пажӯҳишгарон дар Осиёи Миёна" баргузор шудааст.

Дар ин бора торнамои " Александр Содиқовро озод кунед!" хабар додааст: "Дар ҷараёни ин мубоҳисот, ки ҳамзамон дар бисёре аз кишварҳо баргузор мешавад, донишмандон на танҳо мавзӯъи боздошти Содиқов, балки паёмадҳои густардаи он барои донишмандону пажӯҳишгарони ҷаҳонро баррасӣ мекунанд."

Аз ҷумла, ин ҳамоишҳо дар маҳофили илмӣ дар Ландан, Турунту, Вошингтун, Порис, Олмон, Қирғизистон, Устролиё, Русия ва Қазоқистон баргузор шудаанд.

Александр Содиқов рӯзи 16 июн дар шаҳри Хоруғ боздошт шуд, вале маҳалли будубошаш муддате тӯлонӣ маълум набуд. Танҳо пас аз чаҳор рӯз Кумитеи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон хабар дод, ки ӯ дар боздоштгоҳи ин ниҳод дар Душанбе аст.

Оқои Содиқов замоне боздошт шуд, ки дар яке аз поркҳои шаҳри Хоруғ бо Алим Шерзамонов, як фаъъоли сиёсии мухолифи давлат аз ҳизби сусиёл-демукрот ва раҳбари мӯътаризони нооромиҳои ахир дар ин шаҳр суҳбат мекард.

Бархе аз расонаҳо нивиштаанд, ки Кумитеи амнияти миллии Тоҷикистон оқои Содиқовро ба хиёнат ба ватан ва ҷосусӣ мутаҳҳам кардааст. Вале созмонҳои муътабари байналмилалии мудофеъи ҳуқуқи башар, донишмандону пажӯҳишгарон ва устодони донишгоҳҳои мухталифи ҷаҳон бо интишори баёнияҳое ин иддиъоро рад карда ва хостори озодии ин пажӯҳишгар шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, Мушарраф Содиқова, ҳамсари оқои Содиқов, шаби гузашта дар сафҳаи хусусии худ дар Фейсбук хабар дода, ки рӯзи гузашта (26-уми июн) дар боздоштгоҳи Кумитеи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон бо шавҳараш мулоқоти кӯтоҳе анҷом додааст.

Ба навиштаи хонуми Содиқова, онҳо мутмаиннанд, ки Александр базудӣ озод хоҳад шуд ва иттиҳомоти ворида алайҳи вай лағв мешаванд. Ҳамчунин, вай аз қавли шавҳараш нивишта, ки муносибати бозрасон бо Александр Содиқов мунсифона аст ва ӯ ҳадаи шиканҷа қарор нагирифтааст.

Қаблан созмони Афви Байналмилал бо пахши як баёния, дар мавриди боздошти оқои Содиқов аз он ҳушдор дода буд, ки мумкин аст оқои Содиқов дар ҷараёни боздошт бо бадрафторӣ ва шиканҷа рӯбарӯ шавад.

Гузоришгарони Бидуни Марз, як созмони ҷаҳонии мудофеъи ҳуқуқи рӯзноманигорон, низ рӯзи 24 июн бо интишори баёнияе хостори озодии фаврии Александр Содиқов шуд.

Ин созмон нивишта буд: "Ҳоло замонест, ки давлати Тоҷикистон аз эҷоди шабаҳи ҷанг ба қасди хомӯш кардани садои мунтақидон ва зиҳақ донистани худ ба саркӯби мухолифон даст бардорад."

Александр Содиқов зодаи шаҳри Панҷакент дар шимоли Тоҷикистон буда ва дар Донишгоҳи исловии Тоҷикистону Русия таҳсил кардааст. Вай солҳои зиёде дар созмонҳои байналмилалӣ фаъъолият дошт ва аз 2011 ба ин сӯ дар Донишгоҳи Турунтуи Конодо ба таҳсил машғул буд.

Сафари ахири оқои Содиқов ба Бадахшон барои анҷоми пажӯҳише дар бораи мудирияти мунозеъот дар Осиёи Миёна барои Донишгоҳи Эксетери Бритониё анҷом шуда буд. Аммо пас аз нахустин мусоҳибааш бо Алим Шерзамонов, раҳбари муътаризони норомиҳои ахир дар Хоруғ, боздошт шуд.

Матолиби муртабит