Муҷозоти як зани бознишаста барои ҷаъли санад ва тақаллуб

  • 4 Июн, 2014

Додгоҳи ноҳияи Исмоъили Сомонии шаҳри Душанбе як сокини ин шаҳро барои омода кардани мадраки тақаллубӣ барои дарёфти маъоши бознишастагӣ муҷозот кардааст.

Тибқи хабари сойти расмии ин додгоҳ, қозии парванда Назарбибӣ Шералиеваро бар асоси моддаҳои 340 (қисми ду)-и қонуни кайфарӣ дар ҷаъли санад ва тибқи моддаи 247 (қисми як)-и ин қонун, дар тақаллуб муҷрим шинохтааст.

Хонум Шералиева муттаҳам шуда, ки бо истифода аз ин мадорик аз соли 2010 то соли 2013 маъоши бознишастагӣ гирифтааст. Аммо маълум нест, ки ӯ чи муҷозот шудааст. Қонуни кайфарии Тоҷикистон барои иртикоби ин ҷароим пардохти ҷаримаи ҳангуфт ва ё то маҳкумият ба ду сол зиндонро пешбинӣ кардааст.

Дар соли 2010 порлумони Тоҷикистон бо таваҷҷуҳ ба вуҷуди мавориди тақаллуб дар дарёфти маъоши бознишастагӣ бо ислоҳи қонун дар бораи ҳуқуқи бознишастагӣ сақфе барои ҳуқуқи куҳансолон муқаррар карда буд.

Қабл аз соли 2010 ин мизон маҳдуд набуд ва бархе аз бознишастаҳо беш аз 10 ҳазор сомонӣ ҳуқуқ дарёфт мекарданд. Аммо барои бознишастагони маъмулӣ сақфи ҳуқуқ 400 сомонӣ буд.

Коршиносон мегӯянд, ки мизони маъоши бознишастагӣ дар Тоҷикистон хеле ночиз буда ва барои бароварда сохтани ниёзмандиҳои афроди бузургсол бо таваҷҷуҳ ба гирон будани қимати коло ва маводди ғизоӣ дар бозорҳои ин кишвар кофӣ набудааст.