Афроди муттаҳам ба партоби санг ба сӯйи сафорати Бритониё ҷарима шуданд

  • 24 Июн, 2014
Сафорати Бритониё дар ТоҷикистонImage copyrightBBC World Service
Image caption Рӯзи 10 июн гурӯҳе аз сокинони Душанбе ба сӯйи сафорати Бритониё санг партоб карда ва дурбинҳои бинои онро хароб карданд

Додгоҳҳои шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Исмоъили Сомонии шаҳри Душанбе афроди муттаҳам ба партоби тухми мурғ ва гавҷафарангӣ ба сӯйи худрави ҳомили раҳбари ҲНИТ ва партоби санг ба сӯйи сохтмони сафорати Бритониё дар Тоҷикистонро муҷозот кардаанд.

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон рӯзи сешанбеи 24 июн ду иттилоъияи ҷудогона дар бораи натоиҷи таҳқиқи ин воқеъот пахш кардааст. Ба гуфтаи ин манбаъ, Додгоҳи ноҳияи Исмоъили Сомонии шаҳри Душанбе панҷ нафар аз афродеро, ки ба сӯйи сохтмони сафорати Бритониё санг андохтанд, ҷарима кардааст.

Ҳамчунин ба 15 нафари дигар ихтор дода шуда ва бо 27 нафари дигар аз ширкаткунандагон суҳбатҳои инфиродӣ сурат гирифтааст. Пулис мегӯяд, суҳбат бо ин афрод ҳокист, ки ҳадафи онҳо бозгардондани сафири Бритониё дар Тоҷикистон аз сафар ба Бадахшон будааст.

Афроди муътариз дар назди сафорати Бритониё бовар доштаанд, ки дар вуқӯъи ҳодисаи тирандозии 21 май дар шаҳри Хоруғ, маркази Бадахшон, ки талафоти ҷонӣ дар пай дошт, “дасти хориҷӣ” вуҷуд доштааст.

Ин афрод баъд аз зуҳри рӯзи сешанбеи 10 июн ба назди сохтмони сафорати Бритониё дар Душанбе юриш бурда ва бо сӯйи бинои ин сафорат санг партоб карда буданд.

Дар ҳамин ҳол, имрӯз бархе аз расонаҳои маҳаллӣ номаи панҷ нафар аз ин афродро унвонии расонаҳо мунташир кардаанд, ки дар он омадааст: "Мақсади ҷамъ омадани мо дар назди сафоратхонаи Бритониёи Кабир ин баргардондани сафири Бритониё аз шаҳри Хоруғ буд. Чунки, яке аз сабабҳои сар задани нооромиҳо дар ВМКБ (вилояти Худмухтори Бадахшон) ин вохӯрии намояндагони порлумони Иттиҳодияи Урупо бо пешвоёни гурӯҳҳои муташаккили ҷиноии ВМКБ буд."

Ин афрод ҳамчунин нисбат ба боздошти худ аз сӯйи пулис эътироз карда ва гуфтаанд, ки аз онҳо барои ин корашон 400 сомонӣ ҷарима ситондаанд: “Мо намехоҳем, ки дар сарзамини мо ба мисли Ҷумҳурии Украина (Укройн) ҷанги шаҳрвандӣ сар занад.”

Ин афрод мегӯянд, ки баъд аз чанде онҳо дар мавриди боздошти Александр Содиқов ба занни “ҷосусӣ” дар шаҳри Хоруғ хабар ёфтаанд. Ва суол мегузоранд, ки чиро кормандони интизомӣ афродеро, ки ба хотири ҳимоят аз сулҳ таҷаммуъ карданд, муҷозот карда, вале оқои Содиқовро бемуҷозот гузоштаанд?

Ин афрод ҳамчунин аз раҳбарони Тоҷикистон хостори муҷозоти шаҳрвандони хориҷие шудаанд, ки ҳадафи "ноором кардаи вазъ ва нобуд кардани сохти қонуни асосӣ" дар Тоҷикистонро доштаанд.

Дар иттилоъияи дигари вазорати кишвари Тоҷикистон омада, ки Додгоҳи шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон се нафар аз сокинони маҳаллиро дар "ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ (нақзи қонуни идорӣ)" муҷрим шинохта ва барои панҷ шабонарӯз маҳкум ба ҳабс кардааст.

Ҳамчунин 25 нафар аз сокинони шаҳри Кӯлоб ба итиҳоми партоби тухми мурғ ва гавҷафарангӣ ба сӯйи худрави ҳомили оқои Кабирӣ ва ҳамроҳонаш ихтор дода шудаанд. Маъмурони пулис бо 116 нафар аз сокинони дигар суҳбатҳои инфиродӣ анҷом додаанд.

Пулис мегӯяд, ки бо сокинони маҳаллае, ки ин воқеъа дар он рух дода, мулоқотҳое низ баргузор шудааст.

Рӯзи 10 июни соли ҷорӣ пас аз мулоқоти оқои Кабирӣ бо ҷавонон дар шаҳри Кӯлоб, шуморе аз афроди маҳаллӣ ба сӯйи худрави ӯ ва ҳамроҳонаш тухми мурғ ва гавҷафарангӣ (помидор) партоб карданд.

Оқои Кабирӣ рух додани ин воқеъаро "ҷинояти зидди сохтори давлатӣ, яъне, порлумони Тоҷикистон" унвон карда ва афзуд, ки ин ҳодиса дар миёни намояндагони порлумон баррасӣ шавад.

Баъд аз матраҳ шудани ин воқеъа аз сӯйи оқои Кабирӣ дар порлумон, вазорати дохилаи Тоҷикистон барои таҳқиқи ин ҳодиса ва партоби санг ба сӯйи сафорати Бритониё дар ин кишвар гурӯҳҳои корӣ таъсис дод.

Зимни натиҷагирӣ аз ин таҳқиқот масъулони пулис иттилоъ додаанд, ки он рӯз (10 июн) оқои Кабирӣ бо раиси шаҳри Кӯлоб аз ҳамоиши аъзои ин ҳизб дар дафтари он дар хиёбони Сафарови ин шаҳр иттилоъ медиҳад.

Аммо раиси шаҳр ӯро дар ҷараён мегузорад, ки дар ин замина “камбудиҳое” ҷой дорад. Зеро нозирони молиёт ва кормандони оташнишонии Кӯлоб қаблан дари ин дафтарро муҳр зада будаанд.

Ҳарчанд дар торномаи вазорат мушаххасан аз "камбудиҳо" зикре нарафта, аммо омадааст, ки бо ин вуҷуд оқои Кабирӣ ҷаласаро дар манзили маскунии раиси бахши ин ҳизб дар шаҳри Кӯлоб баргузор кардааст.

Матолиби муртабит