Шӯрои сиёсии ҲНИТ 'ҳамла ба' раҳбараш дар Кӯлобро маҳкум кард
Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ), умдатарин ҳизби мухолифи давлат, бо интишори баёнияе ончи ҳамла ба раҳбари ҳизб ва ҳамроҳонаш дар Кӯлоб хонда, маҳкум кардааст.
Бино ба иттилоъи дафтари матбӯъоти ҲНИТ, ин тасмим рӯзи чаҳоршанбеи 11 июн, дар иртибот ба ончи ҳамла ба раҳбари ҲНИТ ва ҳамроҳонаш дар шаҳри Кӯлоб дар рӯзи гузашта номида шуда, иттихоз шудааст.
Дар ин баёния воқеъаи андохтани тухми мурғу гавҷафарангӣ ба сӯи худравҳои ҳомили фаъъолони ҲНИТ аз сӯйи афроди номаълум дар шаҳри Кӯлоб "ҷинояти тарҳрезишуда аз ҷониби доираҳои мухолифи саботу оромӣ ва ваҳдати миллӣ” арзёбӣ шудааст.
Ин шӯро рӯзи сешанбе дар ҷаласае ҳамчунин "роҳҳои иловагии таъмини ҳуқуқи аъзову ҷонибдорони ҳизб ва амнияти раҳбарӣ" ва пешниҳоди баргузории иқдомҳои саросарӣ алайҳи фишорҳо бар ҲНИТ-ро баррасӣ кардааст. Вале баррасии ин пешниҳод ба таъвиқ уфтодааст.
Дар назар аст, ин мавзӯъ пас аз ҷашни Ваҳдати миллӣ дар авохири моҳи ҷорӣ ва поёни моҳи Рамазон дар авохири моҳи оянда дубора баррасӣ шавад. Ҳамзамон, таъкид шуда, куллияи иқдомоти ҲНИТ дар чорчӯби қавонини Тоҷикистон, бо таваҷҷуҳ манофеъи миллию давлатӣ ва ҳифзи сулҳу аубот сурат хоҳад гирифт.
