Таъсиси коргурӯҳҳо барои таҳқиқи 'эътирозҳо' ба ҲНИТ ва сафорати Бритониё
Image copyrightBBC World ServiceБо дастури вазири умури дохилаи Тоҷикистон гурӯҳҳои вижаи корӣ барои таҳқиқи воқеъаи партоби 'тухми мурғу гавҷафарангӣ' ба худрави ҳомили раҳбари ҳизби наҳзати исломӣ (ҲНИТ) дар Кӯлоб ва эътироз дар назди сафорати Бритониё дар шаҳри Душанбе таъсис ёфтааст.
Тибқи иттилоъи торнамои расмии вазорати умури дохилӣ, ки рӯзи панҷшанбеи 12 июн мунташир шуд, Рамазон Раҳимзода, раҳбарии ин ду гурӯҳи кориро бар уҳдаи муъовинони худ гузоштааст.
'Партоби гавҷафарангӣ дар Кӯлоб'
Женерол Искандар Солеҳзода, муъовини вазири дохила, раҳбарии гурӯҳи корӣ барои таҳқиқи воқеъаи рӯзи 10 июн дар Кӯлобро ба уҳда дорад.Ду рӯз пеш шуморе аз сокинони ин минтақа ба худравҳои ҳомили Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҳизби наҳзати исломӣ ва ҳамроҳони ӯ тухми мурғ ва гавҷафарангӣ партоб карданд.
Ин воқеъа замоне рӯй дод, ки оқои Кабирӣ аз мулоқот бо шуморе аз ҷавонони шаҳри Кӯлоб берун меомад. Манобеъи ҲНИТ мегӯянд, ки бархе аз ин афрод ба сӯйи мошини оқои кабирӣ санг ҳам партоб кардаанд.
Вуқӯъи ин ҳодиса бо тақозои оқои Кабирӣ, мавзӯъи гуфтугӯ дар ҷаласаи дирӯзи аъзои порлумони Тоҷикистон буд. Оқи Кабирӣ ин воқеъаро "ҷинояти зидди сохтори давлатӣ, яъне, порлумони Тоҷикистон" хонд.
Рӯзи чаҳоршанбе Шӯрои сиёсии ҲНИТ низ баёнияе интишор дода ва ин воқеъаро “ҳамла ба раҳбари ҳизб ва ҳамроҳонаш дар Кӯлоб" хонда ва онро шадидан маҳкум кард. ҲНИТ ин воқеъаро иқдоме аз қабл тарҳрезишуда хонда ва гуфтааст, ки тарроҳони ин гуна аъмол афроде ҳастанд, ки "ваҳдат ва сулҳ дар кишварро мехоҳанд халалдор созанд.”
Дар баёнияи Шӯрои сиёсии ин ҳизб омадааст: "Бояд ёдовар шуд, ки то имрӯз бо ташаббуси (ибтикори) роҳбарияти ҳизб ба хотири ҳимоят аз ваҳдати миллӣ ва оромиву сабот дар кишвар сиёсати сабру таҳаммулгароӣ дар баробари фишору озори мақомот аз масъулияти аввалини ҳар узви ҳизб ба шумор мерафт."
Вале масъулони ин ҳизб бо изҳори таассуф гуфтанд, ки бархе аз мақомоти давлатӣ бо истифода аз ин “сабру таҳаммул” фишор бар аъзо ва ҷонибдорони ин ҳизбро афзоиш медиҳанд.
Ин шӯро дар нишасти худ ҳамчунин "роҳҳои иловагии таъмини ҳуқуқи аъзову ҷонибдорони ҳизб ва амнияти раҳбарӣ" ва пешниҳоди баргузории иқдомҳои саросарӣ алайҳи фишорҳои ахир бар ҲНИТ-ро баррасӣ карда, вале тасмимгирӣ да ин маврид ба таъвиқ уфтодааст.
Интизор меравад, ин мавзӯъ пас аз ҷашни Ваҳдати миллӣ дар авохири моҳи ҷорӣ ва поёни моҳи Рамазон дар авохири моҳи оянда дубора баррасӣ шавад. Ҳамзамон, таъкид шуда, ки куллияи иқдомоти ҲНИТ дар чорчӯби қавонини Тоҷикистон бо таваҷҷуҳ манофеъи миллию давлатӣ ва ҳифзи сулҳу сабот сурат хоҳад гирифт.
Зимнан, қазияи партоби гавҷафарангӣ ва тухми мурғ ба сӯи раҳбар ва фаъъолони ҲНИТ, умдатарин ҳизби мухолиф, дар Кӯлоб ба мавзӯъи баҳсҳои тунд ва танзомезе дар шабакаҳои иҷтимоъӣ табдил шудааст.
Барзе аз корбарони Фейсбук нивиштаанд, ки партоби тухми мурғ ва гавҷафарангӣ ба сӯи шахсиятҳои сиёсӣ аз сӯйи мухолифонашон дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон амре одӣ аст ва дар ҷомеъаҳои демукротик ин амал як навъ баёни норизоятӣ нисбат ба сиёсатмадорон мебошад.
Аммо иддаи дигар ин мавзӯъро ба сухра кашида ва аз ҷумла мепурсанд, ки дар минтақаи Кӯлоб ҳарчанд мардум фақиранду баҳои тухми мурғ ва гавҷафарангӣ ҳам гарон аст, чи гурӯҳе ҳозир шудааст, ки ҳазинаи зоеъ шудани ин маводро бипардозад?
'Эътироз' дар назди сафорати Бритониё
Женерол Икром Умарзода, муъовини дигари вазири умури дохилаи Тоҷикистон, раҳбарии гурӯҳи корӣ барои таҳқиқи эътирози шуморе аз сокинон ва партоби санг ба сӯйи бинои сафорати Бритониё дар шаҳри Душанберо бар уҳда гирифтааст.
Ин воқеъа низ рӯзи сешанбеи 10 июн рух дод. Ба гуфтаи шоҳидони айнӣ, чанд нафар аз сокинон, умдатан иборат аз занон, дар назди бинои ин сафорат тааҷаммӯъ карда ва ба сӯйи сохтмон санг андохтанд, ки дар натиҷа дурбинҳои атрофи сохтмон хароб шудааст.
Таҷаммӯъи ин афрод он рӯз дар ҳоле сурат гирифт, ки Робин Урд-Исмит, сафири Бритониё, барои ошноӣ бо вазъи амниятӣ ва баррасии шароити эмании сафари гардишгарони бритониёӣ ба устони худмухтори Кӯҳистони Бадахшон сафар карда буд.
Ангезаи таҷаммӯъи ин афрод ва дархостҳояшон аз сафорат маълум нест, вале гуфта мешавад пулиси ноҳияи Исмоъили Сомонии шаҳри Душанбе, ҷое ки сафорат дар онҷо воқеъ аст, ин афродро тавқиф кардааст.
Сафари оқои Урд-Исмит ба Бадахшон пас аз нооромиҳои 21-24 май дар шаҳри Хоруғ, ки дастикам панҷ кушта бар ҷо гузошт, сурат гирифта ва ӯ аз нахустин диплумотҳои хориҷӣ будааст, ки пас аз ин ҳаводис ба Баахшон боздид мекунад. Ҳарчанд ӯ натавонистааст бо фаъъолони ҷомеъаи маданӣ мулоқот кунад.
