Боздошти ду фаъоли маҳаллии ҲНИТ дар вилояти Хатлон

  • 13 Май, 2014
Қамариддин Афзалӣ Image copyrightBBC World Service
Image caption Қамариддини Афзалӣ аз сӯйи кормандони интизомӣ дар ноҳияи Қумсангир боздошт шудааст

Раҳбари бахши Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва муъовини вай аз сӯйи кормандони интизомӣ дар ноҳияи Қумсангири ин вилоят боздошт шудаанд.

Ба гуфтаи як хабарнигорони маҳаллӣ дар ин ноҳия, Қамариддини Афзалӣ ва муъовини ӯ ҳангоме боздошт шудаанд, ки бо хабарнигорон суҳбат мекарданд.

Ба гуфтаи ин манбаъ, кормандони интизомӣ бо либосе, ки зоҳиран ба пӯшиши пулис монанд буд, ба назди оқои Афзалӣ омаданд ва ӯро якҷо бо муъовинаш ба сӯйи дафтари пулис бурданд.

Хабарнигорон мегӯянд, ки оқои Афзалӣ мадорики лозимаро ба кормандони интизомӣ нишон дода ва ба онҳо шарҳ додааст, ки бо шунидани ҳодисаи табиъӣ дар ноҳия ба Қумсангир омадааст. Аммо ду корманди интизомӣ мадорик, дурбин ва телефунҳои ҳамроҳи ӯ ва муъовинашро аз онҳо гирифтаанд.

Ба гуфтаи хабарнигорон, оқои Афзалӣ ва муъовини ӯ ба аёдати пайвандонашон омадаанд, ки дар маркази ноҳияи Қумсангир ба сар мебаранд ва аз ҳодисаи ҷорӣ шудани селоби имрӯз хисорот дидаанд.

Масъулони ин ҳизб боздошти раиси бахши худ дар вилояти Хатлонро таъйид карданд.

Ҳикматулло Сайфуллозода, сухангӯйи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, рӯзи сешанбеи 13 май ба Би-би-сӣ гуфт: "Иллати аслии боздошти оқои Афзалӣ дар Қумсангир мусоҳибааш бо хабарнигорон будааст. Дар он вай дар мавриди адами расидагии бамавриди мақомот ба ҳодисаҳои табиъӣ дар минтақа суҳбат мекардааст."

Оқои Сайфуллозода мегӯяд, ки ҳоло онҳо наметавонанд бо оқои Афзалӣ тамос бигиранд. Аммо вай афзуд, ки раиси бахши ҲНИТ дар вилоят ва муъовини ӯ ба аёдати дӯстон ва ба манзури ошноӣ бо вазъи осебдидагони селоб ба он ҷо рафта буданд.

Боздошти раиси бахши маҳаллии ҲНИТ дар вилояти Хатлон дар ҳолест, ки ахиран масъулони ин ҳизб аз афзоиши таъқиб ва фишорҳо бар аъзо ва ҷонибдорони он дар саросари Тоҷикистон хабар додаанд.

Матолиби муртабит