ҲНИТ боздошти фаъъолонаш дар Бадахшон ва Исфараро маҳкум кард
Image copyrightBBC World ServiceҲизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) бо пахши баёнияе боздошти раҳбари бахши маҳаллии ин ҳизб дар вилояти худмухтори Бадахшон аз сӯйи нерӯҳои амниятиро маҳкум кард.
Дар ин баёния, ки баъд аз зуҳри рӯзи чаҳоршанбеи 16 апрел дар торнамои ин ҳизб пахш шуд, омадааст, ки ин иқдоми кормандони интизомӣ амале аз қабл тарроҳишуда ва дорои ангезаҳо ва аҳдофи сиёсист.
Масъулони ҲНИТ мегӯянд, ки дар ҷаласаи имрӯзи шӯрои сиёсии ин ҳизб, ки бонуфузтарин ҳизби мухолиф дар Тоҷикистон маҳсуб мешавад, боздошти Саъодатшо Адолатов баррасӣ шудааст.
Дар ин ҷаласа гуфта шуда, ки ахиран дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон мавориди тавтеъа ва туҳмат алайҳи аъзо ва ҷонибдорони ҲНИТ афзоиш ёфта ва аъзои шӯрои сиёсӣ боздошти оқои Адолатовро нишонае аз ин раванд арзёбӣ кардаанд.
Баёния меафзояд: "Пӯшида нест, ки эҷоди тавтеа ва туҳмату буҳтонҳо алайҳи аъзову ҷонибдорони ҳизб ба таври доимӣ рӯи даст гирифта шуда, муддатест, ки тавассути расонаҳои давлатӣ бо шиддат идома дорад ва қазияи ба сари Саъодатшоҳ Адолатов омада низ аз ин раванд истисно нест."
Дар баёнияи ҳизб омада, ки дар гузашта мақомоти маҳаллӣ дар вилояти Бадахшон бо ворид кардани фишор бар пайвандони оқои Адолатов, аз ӯ дархости тарки раҳбарӣ ва узвият дар ҲНИТ-ро карда буданд.
ҲНИТ меафзояд: "Гуфтан бамаврид аст, ки мақомот бо истифода аз хешу ақрабо ва ҳамдеҳагон аз ӯ борҳо талаб доштанд, ки кори ҳизбиро канор бигузорад, дар ғайри сурат, болои ӯ ва наздиконаш мусибатеро хоҳанд овард. Вале имони росих ва иродаи қавӣ бародар С. Адолатовро барои собиту устувор дар роҳи фаъъолияти ҳизбӣ мондан водошт, ки номбурда онро аз талаби ҳамдеҳаву хешу ақрабо болотар донист."
Бар асоси гузоришҳои расмӣ, Саъодатшо Адолатов, раҳбари шуъбаи маҳаллии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз сӯйи нерӯҳои амниятӣ боздошт шудааст.
Ба навиштаи хабаргузории давлатии “Ховар”, боздошти вай дар қаламрави ноҳияи Ванҷ дар пайи шикояти беш аз сӣ нафар аз сокинони рустоҳои Мотравн ва Вравзи ҷамоъати Язғуломи ин ноҳия сурат гирифтааст.
Дар ин хабар омадаст, ки мақомот ӯро ба "барангехтани кинаву адовати динӣ" ва "тарғиби бартарии шаҳрвандон аз нигоҳи муносибати онҳо ба дин" муттаҳам кардаанд - иттиҳоме, ки бисёре аз мунтақидони давлат сохтагӣ арзёбӣ кардаанд.
Зимнан, дар моҳи апрели соли гузашта дар нашрияи давлатии "Ҷумҳурият" ва авохири моҳи август дар як нашрияи маҳаллӣ дар ноҳияи Ванҷ мақолоте интиқодӣ дар бораи оқои Адолатов мунташир шуда буд.
Боздошти Содиқов дар Исфара
Дар ҳамин ҳол, Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар баёнияи имрӯзи худ ҳамчунин аз боздошти Абдуманнон Содиқов, раиси бахши маҳаллии ин ҳизб дар ноҳияи Исфара, ба иттиҳоми додани ришва низ хабар додааст.
Далоиои боздошти оқои Содиқов маълум нест, вале масъулони ин ҳизб боздошти ӯро низ пас аз таҳқиқи он амале "сохтакорона ва ғаразнок" ва тарроҳишуда аз сӯйи кормандони интизомӣ хондаанд, ки ҳадаф аз он баднома кардани ҲНИТ аст.
Шӯрои сиёсии ҲНИТ мегӯяд, ки кормандони пулис оқои Содиқовро даъват карда ва бо ӯ дар бораи кадом камбудии ҳуқуқие суҳбат кардаанд ва сипас "машварат додаанд, ки барои раҳоӣ аз ин мушкил бояд маблағеро" як мақоми пулис дар шаҳри Исфара бидиҳад.
Дар баёния омадааст: "Бо талқини додани ришва ва дар ҷараён гузоштани мақомоти дигари интизомӣ барои боздошт дар вақти додани ришва, мақомот сохтакорона А. Содиқовро ба иртикоби “ҷиноят” роҳнамоӣ кардаанд."
Шӯрои сиёсии ҲНИТ аз афзоиши фишор ва саркӯби аъзояш ба унвони "фазои носолиме" ном бурда, ки мақомот ба вуҷуд овардаанд ва ин фазоро таҳдиде барои амнияту сабот ва мӯҷиби аз миён рафтани эътимоди мардум ба мақомоти давлатӣ хондааст. Ин ҳизби мухолиф аз раиси ҷумҳурии Тоҷикистон тақозо карда, ки "пеши роҳи чунин як қонуншиканиву ноъадолатиҳо гирифта шавад."
Шӯрои сиёсии ҲНИТ аз аъзо ва ҷонибдорони худ низ хоста, ки "барои таҳкими сулҳу сабот ва ваҳдати миллӣ" талоши бештар ба харҷ бидиҳанд ва фаъъолияти худро дар чорчӯби қонун ба роҳ бимонанд.
