Худдории сафорати Омрико аз додани раводид ба ду узви ҲНИТ
Image copyrightBBC World ServiceМасъулони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) мегӯянд, ки ду узви ин ҳизб натавонистаанд раводид барои сафар ба Омрикоро дарёфт кунанд.
Рӯзи 7 майи соли ҷорӣ масъулони бахши кунсулгарии сафорати Омрико дар Тоҷикистон аз ироаи раводид ба Маҳмудҷон Файзраҳмонов ва Илҳомҷон Ёқубов худдорӣ кардаанд.
Тибқи иттилоъи масъулони ҲНИТ, ин ду узви фаъъоли ҳизб аз сӯйи Доираи исломии шимоли Омрико барои ширкат дар анҷумани солиёнаи ин ниҳод даъват шуда буданд.
Қарор буд, ки дар ин анҷуман Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ, ширкат кунад, аммо ба далели гирифтории раҳабари ин ҳизб дар барномаҳои дохилии он, масъулони ин ҳизб ба ин натиҷа расидаанд, ки дар ин ҳамоиш ду узви он ширкат кунанд.
Илоҳомҷон Ёқубов, раиси бахши ҲНИТ дар вилояти Суғд, ва Маҳмудҷон Файзраҳмонов, сухангӯи ин ҳизб, қарор буд, ки дар анҷумани солиёнаи Доираи исломии шимоли Омрико, ки рӯзҳои 24 то 26 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Балтимори он кишвар доир мешавад, ба унвони намоянда аз ҳизб ширкат кунанд.
Масълони ҲНИТ, танҳо ҳизби мазҳабӣ дар қаламрави кишварҳои Осиёи Миёна, мегӯянд, ки дар гузашта намояндагони ин ҳизб барои сафар ба Омрико ва ширкат дар тадобири мухталифи он кишвар дар дарёфти раводид мушкил надоштаанд.
Эҷоди мушкили дарёфти раводиди сафар ба Омрико барои аъзои ҲНИТ дар ҳолест, ки ахиран масъулони ин ҳизб аз таъқиб ва фишор ба бархе аз аъзо ва тарафдорони ҳизбашон дар дохили Тоҷикистон гузориш карданд.
Дар ҳамин ҳол, масъулони сафорати Омрико дар Тоҷикистон мегӯянд, ки тибқи муқаррароти мавҷуда дар ин сафорат онҳо ҳаққи шарҳи ин мавзӯъро надоранд.
Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи иддае аз ҷавонон, тайи солҳои ахир масъулони кунсулгарии сафорати Омрико дар Душанбе бо баҳонаи мухталифе аз ироаи раводиди сафар ба Омрико ба онҳо худдорӣ кардаанд.
