Намояндагони порлумон пешниҳоди намояндагони ҲНИТ-ро рад карданд
Image copyrightBBC World ServiceНамояндагони порлумони Тоҷикистон пешниҳоди намояндагони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) дар мавриди ворид кардани тағйирот ба қонуни интихоботи ин кишвар барои ислоҳи низоми интихоботиро рад кардаанд.
Бар асоси иттилоъи сойти расмии ин ҳизб, дар ҷаласаи имрӯзи намояндагони порлумон аз ҳашт пешниҳоди воридшуда танҳо дуто аз онҳоро пазируфтаанд.
Аммо аз пешниҳодоти умдае, ки аз сӯйи ду намояндаи ҲНИТ барои тағйири ин қонун ироа шуд, сарфи назар шудааст. Аз ҷумла яке аз ин пешниҳодот, ворид намудани намояндагони аҳзоби сиёсӣ ба узвияти кумисиюнҳои интихоботӣ дар ҳавзаҳо ва марокизи раъйгирӣ буд, аксари намояндагони порлумон онро рад кардаанд.
Саидумар Ҳусайнӣ, яке аз ду намояндаи ҲНИТ дар порлумон, рӯзи душанбеи 14 апрел ба Би-би-сӣ гуфт, ки ин пешниҳод, яке аз иқдомоти аслӣ барои ҷилавгирӣ аз ҳар гуна тақаллубкорӣ дар ҷараёни раъйдиҳӣ ва ҳисоботи раъй буд.
Аммо ӯ мегӯяд, ки намояндагони порлумон, ки бар зидди ин пешниҳод суханронӣ мекарданд, далели воқеъӣ барои рад шудани ин пешниҳодотро нагуфтаанд.
Оқои Ҳусайнӣ афзуд: "Фарзи мисол онҳо дар мавриди пешниҳоди мо барои ворид кардани намояндагони аҳзоби сиёсӣ ба кумисиюнҳо мегуфтанд, ки бархе аз аҳзоби сиёсӣ дар минтақаҳои мухталифи ин кишвар аъзо надоранд ва аз ин рӯ агар мо намояндагони аҳзобро ба кумисиюнҳо ворид кунем дар қиболи ин аҳзоб ноадолатӣ сар хоҳад зад."
Вай меафзояд, ки пешниҳоди онҳо дар мавриди додани ҳақ ба муҳоҷирини тоҷик, ки дар хориҷ ба сар мебаранд, барои пешниҳоди номзадӣ дар интихобот низ пазируфта нашудааст.
Аммо намояндагони порумони Тоҷикистон гуфтаанд, ки барои пешниҳоди номзадӣ барои ширкат дар интихобот бояд шаҳрванд даҳ соли ахирро дар дохили Тоҷикистон ба сар барад ва аз воқеъоти дохили ин кишвар ва қонунҳои мавҷуда дар он иттилоъоти кофӣ дошта бошад.
Вале намояндагони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон надодани иҷоза ширкат дар интихобот барои муҳоҷирони кориро нақзи ҳуқуқи шаҳрвандии онҳо унвон кардаанд.
Дар ҷаласаи имрӯзи порлумони Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ ва намояндаи порлумон пешниҳод кардааст, ки қабл аз қабули ниҳоии ин қонун, ин масъаларо барои баҳс дар як мизи гирд бо ширкати намояндагони порлумон ва ҷомеъаи мадании Тоҷикистон бо шумули рӯзноманигорон дар миён гузоранд.
Ҳарчанд намояндагони мардумӣ дар ҷаласаи имрӯз ду пешниҳод барои ворид кардани тағйирот ба қонуни интихоботӣ, аз ҷумла "бозгародонидани гаравпулӣ ба номзад дар сурати гирифтани 10 дарсади раъй дар интихобот" ва бо "қалами ранга пуркорӣ кардани прутуколҳоро" қабул кардаанд.
Бо ин вуҷуд дар иттилоъияи дафтари матбуъотии порлумони Тоҷикистон омадааст: "Раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон Сафаралӣ Раҷабов, Амирқул Азимов, Маҳмадали Ватанов, Хайринисо Юсуфӣ ва дигар аъзои Шӯро роҷеъ ба мавзӯъҳои рӯзнома фикру андешаҳои худро баён дошта, қабули санадҳои мазкурро барои рушди арсаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат муҳим арзёбӣ карданд."
Вале шаш пешниҳоди дигар барои ворид кардани тағйирот ба қонуни интихоботи Тоҷикистон дар ҳоле аз сӯйи аксари намояндагони порлумон пазируфта намешавад, ки дар Тоҷикистон дар ҷараёни интихобот, масъалаи тақаллубкории зиёде дар ҷараёни раъйдиҳӣ ва шумориши оро матраҳ будааст.
Ҳамчунин ҳафтаи гузашта дар ҳамоиши муъаррифии гузориши ниҳоии ҳайъати нозирони Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо мавзуъи вуҷуди навоқизи зиёде дар ҷараёни интихобот дар Тоҷикистон матраҳ шуд.
