Талоши давлати Тоҷикистон барои бозсозии нерӯгоҳи “Сарбанд”
Image copyrightBBC World ServiceДавлати Тоҷикистон қасд дорад, то бо кумаки молии Бонки Осиёии Тавсеъа (БОТ) дар зудтарин фурсат нерӯгоҳи “Сарбанд”- ро таҷдиду бозсозӣ кунад.
Зеро ба далели кӯҳнаву фарсуда шудани бахши аслии таҷҳизоти фаннӣ ин нерӯгоҳ дар маърази хатари аз фаъъолият бозмондан қарор дорад.
Ҷамолиддин Нуралиев, муъовини аввали вазири молияи Тоҷикистон, ки рӯзи чоршанбеи 19 март, тарҳи мувофиқатномаи Тоҷикистон бо БОТ дар заминаи ироъаи кумаки билоиваз барои бозсозии нерӯгоҳи “Сарбанд”-ро дар иҷлоси порлумон муъаррифӣ мекард, гуфт, ба ин манзур 170 милюн дулори омрикоӣ тахсис шудааст.
Ба гуфтаи оқои Нуралиев, аз ин маблағ 136 милюн дулор кумаки билоивази Бонки Осиёии Тавсеъа буда ва саҳми ширкати “Барқи тоҷик” 34 милюн дулорро ташкил додааст.
Ӯ гуфт: “Бар асоси пешгӯии мутахассисон дар сурати иҷрои ин тарҳ иқтидори нерӯгоҳ ба 252 меговот (солиёна 1,13 милюн килувот-соъат нерӯи барқ) мерасад, ки нисбат ба иқтидори феълӣ 12 меговот бештар аст. Сатҳи хизматрасонии он низ баланд хоҳад шуд.”
Зимнан, дар соли 1956 дар рудхонаи Вахш, дар ҷануби Тоҷикистон, бунёди нерӯгоҳи барқи обии “Сарбанд” шурӯъ шуда ва дар соли 1962 бо тавоноии 240 меговот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.
Бино ба иттилоъи манобеъи Вазорати энержӣ ва захоири оби Тоҷикистон, ба иллати аз кор мондани системи назорати сатҳи баландшавии об дар солҳои 1993-1994 огреготи дуюми нерӯгоҳ қисман зери об монда ва ҳоло дар сурати обпартоӣ дар нерӯгоҳҳои болооб ба нерӯгоҳи “Сарбанд” хатари зери об мондан таҳдид мекунад.
Дар солҳои 2011-2012 огреготи чоруми нерӯгоҳи “Сарбанд” тавассути воми 14 милюндулории Бонки Исломии Тавсеъа бозсозӣ шуда ва ба дунболи он тавоноии ин огрегот аз 40 то 45 меговот афзоиш ёфт.
Феълан дар Тоҷикистон 8 тарҳи энержӣ бо маблағи умумии 500 милюн дулори омрикоӣ иҷро мешаванд. Аз ин ҷумла, 97 милюн дулор вом ва 348 милюн дулор кумаки билоиваз буда, саҳми давлати Тоҷикистон 53,5 милюн дулорро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин, дар иҷлоси имрӯзи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон Мувофиқатномаи Тоҷикистон ва Бонки Урупоии Таҷдиду Тавсеъа (БУТТ)дар мавриди ироъаи кумаки билоиваз барои беҳбуди системи обрасонии шаҳрҳои марказии Тоҷикистон баррасӣ ва тасвиб шуд.
Ҳазинаи ин тарҳ 18 милюн дулор буда, 11 милюн дулори онро кумаки билоивази БУТТ ва 7 милюн дулори дигарро воми ин бонк ташкил медиҳад.
Дар назар аст, дар зарфи ду соли оянда дар чорчӯби ин тарҳ системи обрасонии шаҳрҳои Турсунзода, Шаҳринав, Ҳисор ва Сомониёни ноҳияи Рӯдакӣ бозсозӣ шавад.
Зимнан, ба манзури беҳтар сохтани кайфияти оби ошомиданӣ ва бо оби ошомиданӣ таъмин кардани сокинони кишвар давлати Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалии молӣ 9 тарҳи сармоягузориро бо ҳазинаи 640 милюн сомонӣ рӯи даст гирифтааст.
