Бидеҳиҳои ширкати 'Барқи тоҷик' ба як милёрд сомонӣ наздик шудааст
Image copyrightBBC World ServiceШиркати 'Барқи тоҷик' дар маҷмӯъ наздик ба як милёрд сомонӣ ё ҳудуди 200 милюн дулор ба нерӯгоҳҳои 'Сангтӯда-1' ва 'Сангтӯда-2' ва Кумитеи молиёти Тоҷикистон бидеҳкор аст.
Бузургтарин ҳаҷми бидеҳии ин ширкат ба нерӯгоҳи 'Сангтӯда-1' муртабит аст, ки беш аз 427 милюн сомонӣ ё муъодили ҳудуди 90 милюн дулорро ташкил медиҳад.
Ба гуфтаи масъулони 'Барқи тоҷик', дар ҳоли ҳозир гурӯҳҳои корӣ миёни ин ширкат ва намояндагони нерӯгоҳи 'Сангтуда-1' машғули баррасии мавзӯъи бозпардохти бидеҳиҳои ин ширкат ба ин нерӯгоҳ ҳастанд.
Тавре ки Даврон Исоқов, муъовини раиси ширкати 'Барқи тоҷик', мегӯяд, яке аз пешниҳодҳои масъулони ин ширкат ба ҷониби Русия, ки бунёдгузор ва саҳомдори аслии нерӯгоҳи 'Сангтӯда-1' маҳсуб мешвад, бозпардохти бидеҳиҳои 'Барқи тоҷик' дар соли 2018 аст.
Оқои Исоқов гуфт: 'Музокироти ҷонибҳо идома дорад ва мо пешниҳод кардем, ки баъд аз анҷоми пружеи муҳимми энержии 'CASA-1000' дар минтақа батадриҷ тамоми қарзҳои ширкатро ба ин нерӯгоҳ пардохт кунем.'
Вале оқои Исоқов мегӯяд, эҳтимол дорад, ки ин ширкат бо фароҳам шудани шароити беҳтари молӣ аз имсол ба пардохти тадриҷии қисмате аз бидеҳиҳои худ ба талабкоронаш оғоз кунад.
Ин дар ҳолест, ки ширкати 'Барқи тоҷик' ба нерӯгоҳи обии 'Сангтуда-2' ҳам, ки ба давлати Эрон таъаллуқ дорад, беш аз 131 милюн сомонӣ ё муъодили ҳудуди 27 милюн дулор бидеҳкор аст.
Ҳамчунин, ин ширкат ба Кумитеи молиёти Тоҷикистон низ беш аз 400 милюн сомонӣ ё беш аз 80 милюн дулор бидеҳкор аст. Ба гуфтаи Рустам Маҷидов, раиси бахши иқтисодии ширкати 'Барқи тоҷик', бидеҳии ин ширкат ба кормандонаш ҳам маблағи 20 милюн сомониро ташкил медиҳад.
Дар маҷмӯъ, бидеҳиҳои ин ширкат 978 милюн сомонӣ ё ҳудуди 200 милюн дулорро ташкил медиҳад.
Оқои Маҷидов дар бораи иллати анбоштагии ин бидеҳиҳо гуфт: 'Сабаби пайдо шудани ин қарзҳо (бидеҳиҳо) он буд, ки Тоҷикистон аз соли 2009 ба инҷониб дар инзиво аз системи интиқоли нерӯи барқи Осиёи Миёна қарор дошт ва имкони содир кардани нерӯи барқи изофӣ дар фасли тобистонро надошт. Ин яке аз авомили аслӣ буд, ки дар вазъи молии ширкат таъсири манфӣ гузошт ва дар натиҷа, ин қарзҳо пайдо шуданд.'
Вай афзуд, ки бо роҳандозии пружеи минтақаии 'CASA-1000' Тоҷикистон имкони судури мизони бештаре аз нерӯи барқро ба кишварҳои ҳамсоя пайдо хоҳад кард ва даромади бештаре ба даст хоҳад овард.
Бидеҳии 'Барқи тоҷик' ба нерӯгоҳҳо ва кумитеи молиёт дар ҳолест, ки масъулони ин ниҳод мегӯянд, сокинони Тоҷикистон низ ба ин ширкат ба маблағи беш аз 350 милюн сомонӣ бидеҳкоранд.
Коршиносон дар ин мавриди ибрози тардид мекунанд, чун бештари мардум мегӯянд, ки қимати нерӯи барқро бамавқеъ пардохт мекунанд. Мавориди зиёде буда, ки дар сурати напардохтани қимати нерӯи барқ, кормандони барқ интиқоли нерӯ ба манозили сокинонро қатъ кардаанд.
Дар ҳамин ҳол, масъулони Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон рӯзи гузашта гуфта буданд, ки мизони зиёде аз нерӯи барқ ва сармояи пардохтшуда барои он дар Тоҷикистон ба сирқат меравад.
Дар нишасти матбӯъотии имрӯзи ширкати 'Барқи тоҷик' масъулон гуфтанд, ки дар ин ширкат беш аз се ҳазор нафар, аз ҷумла нозирони фурӯши нерӯи барқ, фаъъолият мекунанд. Ва ба гуфтаи онҳо, шояд дар миёни ин афрод касоне бошанд, ки даст ба сирқати сармоя аз фурӯши нерӯи барқ мезананд.
Соли гузашта беш аз 350 мавриди нақзи қавоъиди фурӯши барқ дар миёни нозирон сабт шудааст.
Зимнан, масъулони ширкати 'Барқи тоҷик' мегӯянд, ки ин ширкат барои гузарондани бозрасии молӣ ё аудит озмун эълом карда ва чаҳор ширкати хориҷӣ дар музояда ширкат хоҳанд кард.
Қарор аст яке аз ин ширкатҳо дар ояндаи наздик фаъъолияти молии 'Барқи тоҷик'-ро тибқи меъёрҳои ҷаҳонӣ бозрасӣ кунад. Натоиҷи ин бозрасӣ дар охири соли ҷорӣ эълом хоҳад шуд.
