Мувофиқатномаи Edgo Energy бо давлати Тоҷикистон барои истихроҷи нафту гоз

  • 27 Ноябр, 2013

Ширкати байналмилалии Эдгу Энержӣ (Edgo Energy) эълом кард, ки бо давлати Тоҷикистон барои анҷоми корҳои иктишофӣ ва истифодаи минтақаи дорои нафту гози Сурхсимо ва Қарордони ин кишвар мувофиқатнома имзо кардааст.

Тибқи иттилоъияи ин ширкат қабл аз имзои ин мувофиқатнома тарҳи онҳоро давлати Тоҷикистон мавриди омӯзиш қарор дода буд ва сипас раиси ҷумҳури кишвар онро таъйид кард.

Умар Масрӣ, раиси идории ин ширкат дар иттилоъияи ин ширкат гуфтааст: "Эдгу Энержӣ мутмаъин аст, ки адр минтақаи мавриди назар зарфияти қобили таваҷҷӯҳи нафту гоз вуҷуд дорад ва мо умедвори муваффақият кор дар ин ду минтақае ҳастем, ки иҷозатномаи корҳои иктишофӣ дар онро касб кардаем."

Ду минтақаи мавриди назар дар марзии Тоҷикистон ва Афғонистон ҷой дошта ва бахше аз ҳавзаи собитшудаи дорои таркиботи ҳидрукарбун аст.

Мувифиқатномаи имзошуда ба ширкати Эдгу Энержӣ муҷаввизи корҳои иктишофиро барои ҳафт соли оянда ва баҳрабардорӣ аз ин конҳоро ба муддати си сол бо иҷозаи тамдиди мувофиқатнома боз барои ду марҳилаи панҷсола медиҳад.

Дар иттилоъияи Эдгу Энержӣ мехонем, бино ба Пажуҳиши Заминшиносии Омрико ин ду минтақаи Сурзсимо ва Қарордон зарфияти кашфи бузурги захоири бисёрмилёрдбушкаии муъодили нафтиро дорад.

Зимнан моҳи июни соли ҷорӣ Ширкати Миллии Нафти Хоми Чин ва Тутол тавофуқеро барои кор дар ҳавзаи Бохтар дарёфт карданд, ки ба гуфтаи коршиносон ин амр Тоҷикистонро ба яке аз содиркунандагони муҳими энержӣ ба Чин табдил хоҳад дод.

Ширкати Эдгу Энержӣ зарфи 50 соли ахир дар кишварҳои Ховари Миёна, Офриқо, Медитаронаи Шарқӣ ва Осиёи Миёна машғули анҷоми корҳои иктишофӣ ва истихроҷи нафту гоз аст.