Тасвиби мувофиқатномаҳо барои мубориза бо терурисм дар Тоҷикистон

  • 22 Январ, 2014

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон мувофиқатномаҳои миёни аъзои Ҷиргаи Кишварҳои Ҳамсуд (ҶКҲ) дар заминаи мубориза бо террурисмро тасвиб кард.

Абдузафар Инъомов, намояндаи порлумон, ки рӯзи чаҳоршанбеи 22 январ санади омода кардани кодрҳои воҳидҳои зиддитерурисмро дар иҷлоси Маҷлиси намояндагон муъаррифӣ мекард, гуфт, ки дар Тоҷикистон муассисаи вижаи алайҳи терурисм вуҷуд надорад ва кодрҳои тоҷик дар муассисаҳои вижаи низомии Русия, Белорус ва Укройн омӯзиш хоҳанд гирифт.

Оқои Инъомов гуфт, ки дар чорчӯби ин санад барои омӯзиши низомиёни воҳидҳои зиддитерурисми Тоҷикистон имтиёзҳои молию фаннӣ пешбинӣ шудааст.

Тибқи Мувофиқатномаи дигар, ниҳодҳои зиддитерурисми Тоҷикистон аз кишварҳои узви ҶКҲ бо арзиши пойин ё ба таври ройгон таҷҳизоти вижаи фаннӣ, аслиҳа, васоили нақлия ва дастгоҳҳои вижаи мухобиротӣ дарёфт хоҳанд кард.

Ин ду мувофиқатнома 5 декабри соли 2012 дар шаҳри Ишқободи Туркманистон аз ҷониби сарони кишварҳои узви ҶКҲ имзо шуда буд.