Тарҳи ислоҳи қонуни интихоботи порлумонӣ бо вуҷуди мухолифатҳо тасвиб шуд

  • 25 Феврал, 2014
Маҷлиси намояндагон Image copyrightBBC World Service
Image caption Маҷлиси намояндагон тарҳи ислоҳи Қонуни “Интихоботи Маҷлиси Олии Тоҷикистон”-ро бо аксари кулли оро тасвиб кард

Бо вуҷуди мухолифати намояндагони аҳзоби кумунист ва наҳзати исломӣ Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон тарҳи ислоҳи Қонуни "Интихобот ба Маҷлиси Олии Тоҷикистон”-ро бо аксари кулли оро тасвиб кард.

Шодӣ Шабдолов, раҳбари Ҳизби кумунист ва узви порлумон, рӯзи сешанбеи 25 феврал дар иҷлоси Маҷлиси намояндагон гуфт, ки ислоҳоти ворида моҳияти ин санадро тағйир надода ва роҳро барои баргузории интихоботи озоду шаффофи порлумонӣ дар ин кишвар боз нахоҳад кард.

Ба эътиқоди ӯ, аз 200 то 100 маъошии ҳадди ақал (аз 8 ҳазор то 4 ҳазор сомонӣ) коҳиш ёфтани гаравпулӣ барои ширкати номзадҳо дар интихобот вазъиятро беҳтар нахоҳад кард. Зеро донишмандону фарҳангиён, ки маъоши ночиз дарёфт мекунанд, имкони пардохти ин миқдор пулро надоранд.

Ба гуфтаи оқои Шабдолов, вазъи аҳзоби фақире чун ҳизби кумунист чунин хоҳад буд. Ҳарчанд бар асоси ислоҳи Қонуни интихоботи порлумонӣ теъдоди номзадҳо дар феҳристи ҳизбӣ аз 22 то ба 28 нафар афзоиш ёфтааст, аммо ҳизби кумунист имкони молии пешниҳоди номзадҳои зиёдро надорад.

Зимнан, бархе аз коршиносони мустақил, афзоиши теъдоди номзадҳо дар феҳристи ҳизбиро ба суди Ҳизби ҳокими халқи демукроти Тоҷикистон (ҲХДТ) хонданд, ки дар пайи касби мақомҳо дар сохторҳои давлатӣ теъдоди намояндагони ин ҳизб дар порлумон коҳиш ёфта ва дар феҳрист нафаре боқӣ намонда буд, ки ҷойгузини намояндагони дигари ин ҳизб шавад.

Image copyrightBBC World Service
Image caption Оқои Ватанов гуфт, ки тарҳи ислоҳи Қонуни интихоботи порлумонӣ бар асоси тавсия ва пешниҳодҳои Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо пас аз интихоботи порлумонии соли 2010 таҳия шудааст

Ҳамчунин, раҳбари Ҳизби кумунисти Тоҷикистон аз тағйирот дар ин санад, ки ҳузури намояндагони аҳзоби сиёсиро дар ҳавзаҳои интихоботӣ тазмин мекунад, интиқод карда ва гуфт, ки бояд намоядагони аҳзоб дар марокизи раъйгирӣ низ ширкат дошта бошанд. Зеро дар ин марказҳо шумориши раъйҳо сурат гирифта ва прутукули натоиҷи интихобот таҳия мешавад.

Ба қавли ӯ "тақдири ҳама гуна интихобот дар участкаҳои интихоботӣ (марокизи раъйдигрӣ) ҳал мешавад."

Аммо пешинҳодҳои Ҳизби кумунисти Тоҷикистон дар ин замина пазируфта нашудааст.

Маҳмадалӣ Ватанов, раиси Кумитеи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони Маҷлиси намояндагон ва муаллифи тарҳи ислоҳи Қонуни интихоботи порлумонӣ ба навбаи худ гуфт, ки ин санад бар асоси тавсия ва пешниҳодҳои Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо (САҲУ) пас аз интихоботи порлумонии соли 2010 таҳия шуда ва пешниҳодҳои Ҳизби кумунист ба тарҳи феълӣ рабте надоштааст.

Ба гуфтаи оқои Ватанов, пешниҳоду тавсияҳои САҲУ ба ширкати атбоъи тоҷик дар хориҷи кишвар дар интихобот, адами мудохилаи ҳукуматҳои маҳаллӣ дар интихобот ва коҳиши мизони гаравпулӣ марбут буда ва ҳамаи онҳо дар тарҳи ислоҳи Қонуни интихоботи порлумонӣ ба назар гирифта шудааст.

Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломӣ, ҳизби умдаи мухолифи давлати Тоҷикистон ва намояндаи порлумон, низ мизони гаравпулиро зиёд арзёбӣ карда ва гуфт, ки ин рақам бояд то 20 маъоши ҳадди ақал ё 800 сомонӣ таъйин шавад.

Оқои Кабирӣ аз наҳваи бозпас додани гаравпулӣ ба номзадҳо интиқод кард, ки дар қонуни феълӣ танҳо дар сурати касби 49 дарсади оро ин пул ба номзади интихобот баргардонда мешавад.

Image copyrightBBC World Service
Image caption Оқои Шабдолов гуфт, ки ислоҳоти ворида моҳияти Қонуни “Интихоботи Маҷлиси Олии Тоҷикистон”-ро тағйир нахоҳад дод

Ӯ пешниҳод кард, ки ин рақам то 20 дарсад коҳиш дода шавад. Аммо ин пешниҳод аз ҷониби аксари кулли намояндагони порлумон, ки аъзои ҳизби ҳокими халқи демукрот ҳастанд, пуштибонӣ нашуд.

Раҳбари Ҳизби наҳзати исломӣ гуфт, ки намояндагони ин ҳизб дар порлумон тарҳи вижаи ислоҳи Қонуни интихоботи порлумониро ба Маҷлиси намояндагони пешниҳод кардаанд, ки бо тарҳи пешниҳодии Маҳмадалӣ Ватанов, намояндаи ҲХДТ, комилан тафовут дорад.

Ӯ ибрози умедворӣ кард, ки сарнавишти ин тарҳ шабеҳи тарҳҳои пешниҳодии қаблӣ дар мавриди интихоботи риёсати ҷумҳурӣ нахоҳад шуд, ки Маҷлиси намояндагон бо баҳонаҳои мухталиф аз баррасии он дар порлумон худдорӣ карда буд.

Авоили феврали соли 2012 Муҳиддин Кабирӣ ва Саидумар Ҳусайнӣ, намояндагони ин ҳизб дар порлумон, тарҳи ислоҳи қонуни интихоботи риёсати ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Маҷлиси Намояндагон пешниҳод карда буданд, аммо маҷлис аз баррасии он имтиноъ ҷуст.

Дар тарҳи ҲНИТ, ки ҳоло дар кумитеҳои Маҷлиси намоядагони Тоҷикистон баррасӣ мешавад, барои фароҳам сохтани шароит барои ширкати фаъъоли муҳоҷирони корӣ дар интихобот, коҳиши ҷиддии гаравпулӣ барои номзадҳои интихоботи порлумонӣ, ҳузури намояндагони аҳзоби сиёсӣ дар кумисиюнҳои марокизи раъйгирӣ ва адами мудохилаи ҳукуматҳои маҳаллӣ дар раванди интихобот таъкид шудааст.

Феълан 80 дарсади аъзои Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аз намояндагони ҳизби халқи демукрот ба раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳур, иборат буда, аҳзоби кумунист, наҳзати исломӣ, кишоварзӣ ва ислоҳоти иқтисодӣ дунафарӣ намоянда доранд.

Дар ҳамин ҳол, коршиносон дар эҳтимоли пазируфта шудани тарҳи олтернативи ҳизби наҳзати исломӣ барои ислоҳи Қонуни интихоботи Маҷлиси олии Тоҷикистон ибрози тардид мекунанд.

Матолиби муртабит