Кабирӣ: 'Ҷанги соли 1992 ҳам аз лату кӯби аъзои порлумон шурӯъ шуда буд'
Image copyrightBBC World ServiceМуҳиддин Кабирӣ, сиёсатмадори саршиноси мухолиф, воқеъаи дирӯз бо ӯ ва ҳамроҳонаш дар шаҳри Кӯлобро "ҷинояти зидди сохтори давлатӣ, яъне, порлумони Тоҷикистон" унвон кард.
Раҳбари Ҳизби наҳзати исломӣ ва намояндаи порлумони Тоҷикистон рӯзи чоршанбеи 11 июн зимни суханронӣ дар иҷлоси Маҷлиси Намояндагон гуфт, ки бояд ин ҳодиса аз сӯйи Додситонии кул ва Маҷлиси Намояндагон аз зовияи "ҳамла ба порлумон" бозрасӣ шавад.
Рӯзи гузашта пас аз мулоқоти оқои Кабирӣ бо ҷавонон дар шаҳри Кӯлоб, шуморе аз афроди маҳаллӣ ба сӯйи худрави ӯ ва ҳамроҳонаш тухми мурғ ва гавҷафарангӣ (помидор) партоб карданд.
Ҳамчунин, чанд худрави бидуни пилоки шумораи давлатӣ дар масири ҳаракати худравҳои мутаъаллиқ ба ҲНИТ садди маснӯъӣ эҷод кардаанд. Бо ин вуҷуд, дар ин ҳодиса касе осеб надида ва худравҳои ҲНИТ басаломат аз шаҳри Кӯлоб берун шудаанд.
Оқои Кабирӣ дар иҷлоси порлумон аз ин ҳодиса ба унвони "ҳамла ба узви порлумон" ном бурд ва онро шабеҳи ҳаводиси соли 1992 дар порлумон хонд, ки ба ҷанги дохилӣ анҷомидааст.
Ӯ гуфт: "Мусибати мо аз гаравгонгирӣ ва лату кӯби вакилони Шӯрои Олӣ сар шуд. Вақте натавонистанд пеши роҳи ин ҷавонони бесоҳибро гиранд ё нахостанд, мардум фаҳмид, ки давлат бесоҳиб будааст, порлумон бесоҳиб аст ва ҳар кас ҳар коре хоҳад мекунад. Ин иштибоҳ набояд такрор шавад."
Ба эътиқоди раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар зарфи ду соли ахир гурӯҳе аз дохили кишвар бо пуштибонӣ аз нерӯҳои хориҷӣ талош мекунанд, аҳзоби сиёсиро дар раъси ҲНИТ "алайҳи президент бишӯронанд, президентро дар чашми мардум бад кунанд, то бигӯянд, ки ин президенти ҳама нест, раҳбаи як гурӯҳ аст."
Оқои Кабирӣ ҳодисаи ҳамла ба ӯ ва ҳамроҳонаш дар шаҳри Кӯлобро як амали қаблан тарҳрезишуда хонда ва гуфт: "Як сокини камбағали Кӯлоб пеши ман омада гуфт, ки ба ман пакети тухму помидору пул доданд, гуфтанд, ба мошини Кабирӣ занад. Номи он шахсро гуфт. Мо ин шахсро навор гирифтем, аммо IPAD-ро шикастанд ва навор аз адст рафт."
Шодӣ Шабдолов, раҳбари Ҳизби кумунист ва намояндаи порлумони Тоҷикистон, ҳодисаеро, ки рӯзи гузашта бо Муҳиддин Кабирӣ ва ҳамроҳонаш дар шаҳри Кӯлоб рух дод, маҳкум карда ва хостори бозрасии ҷиддии ин қазия шуд.
Оқои Шабдолов гуфт, ҳоло Тоҷикистон дар пешорӯйи интихоботи порлумонӣ қарор дошта ва аз аъмоле, ки ба ин раванд халал ворид мекунад, бояд ҷилавгирӣ шавад.
Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон, гуфт, бо вазири умури дохила дар бораи ин ҳодиса суҳбат карда ва ӯ қавл дода, ки ин қазияро пайгирӣ хоҳад кард.
Ҳамзамон, оқои Зуҳуров аз Муҳиддин Кабирӣ хост, то тафсилоти ончиро, ки бо ӯ ва ҳамроҳонаш дар шаҳри Кӯлоб иттифоқ уфтод, ба таври катбӣ ба Додситонии кулли Тоҷикистон ирсол кунад.
Баррасии ин қазия бо дархости Муҳиддин Кабирӣ ба рӯзномаи иҷлоси имрӯзи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон изофа шуда ва дар поёни иҷлос баррасӣ шуд.
Қабл аз баррасии ин мавзӯъ раиси Маҷлиси Намояндагон гуфт, ки “як суҳбати оҷили телефунӣ” дорад ва 10 дақиқа танаффус эълом кард.
Бештари хабарнигорон ҳадс заданд, ки шояд оқои Зуҳуров бо “мақомоти сатҳи олӣ” ин қазияро матраҳ карда ва мумкин аст аз баррасии он худдорӣ кунад ё ин амр пушти дарҳои баста анҷом шавад.
Аммо ба рағми ин ҳадсу гумонҳо баррасии қазияи рухдода бо Муҳиддин Кабирӣ ва ҳамроҳонаш дар порлумон ба таври ошкор баргузор шуд.
