Кабирӣ: 'Вазъи феълии Сурия ба даҳаи 1990 дар Тоҷикистон мемонад'

  • 30 Май, 2014
КабирӣImage copyrightBBC World Service
Image caption Кабирӣ мегӯяд, вазъи Сурия ба ҳолати солҳои 90-уми Тоҷикистон мемонад

Раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон вазъи феълии Сурияро шабеҳи даврони ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон дар даҳаи 1990 хонда ва гуфтааст, ки дар ин ҷанг "ҳеч як тараф наметавонад тарафи муқобилашро мағлуб кунад."

Муҳиддин Кабирӣ дар кунферонси байналмилалии "Ҷаҳони Ислом ва таҳдидҳои байналмилалӣ" дар шаҳри Истонбули Туркия суханронӣ карда ва аз Туркия, Эрон ва Арабистони Саъудӣ даъват кардааст, ки ба ҳалли мусолиматомези буҳрони Сурия кумак кунанд.

Оқои Кабирӣ дар ин кунферонс, ки рӯзи гузашта оғоз шуда ва се рӯз идома хоҳад дошт, аз авоқиби бади ҷанги Сурия ибрози нигаронӣ карда ва гуфтааст, ки агар барои ҳалли буҳрон иқдомоте муассир сурат нагирад, талафоти даргириҳо миёни мухолифон ва нерӯҳои давлатии Сурия афзоиш хоҳад ёфт.

Вай аз ҷумла гуфт: "Агар қазияи Сурия ба ҳамин минвол давом кунаду ҳалли мусолиматомези худро наёбад, адади қурбониёни он аз саду панҷоҳ ҳазор ба понсад ҳазор мерасад. Чаро мунтазир бошем, ки ним милюн кушта шавад, баъд дар фикри роҳи ҳалли сиёсии ин қазия шавем?!"

Роҳбари Ҳизби наҳзати исломӣ, ки танҳо ҳизби расмии мазҳабӣ дар кишварҳои Осиёи Миёна аст, ҳамчунин аз камрангии нақши муассисаҳои исломӣ дар ҳалли буҳрони Сурия интикод кардааст. Вай аз муассисоти ҷомеъаи мадании кишварҳои мусалмонӣ, ки "қудрати таъсир дар Сурияро доранд", хостааст, ки саҳми хешро дар ҳалли ин буҳрон гузоранд.

Ҳамчунин, дар ҳошияи ин ҳамоиши байналмилалӣ ӯ бо хабаргузориҳо ва шабакаҳои телевизиюнии Алҷазира ва TRT-и Туркия дар бораи таҷрубаи сулҳи тоҷикон ва имкони истифода аз ин таҷруба дар фароянди музокирот барои ҳалли Сурия суҳбатҳо кардааст.

Дар ҳоле ки Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ ва узви порлумон, дар ҳамоишҳои байналмилалӣ дар Алҷазира ва Туркия ширкат дорад, Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагон, рӯзи ҷумъаи 30 май дар оғози иҷлоси порлумони ин кишвар аз ғайбати оқои Кабирӣ дар ин иҷлос ибрози нигаронӣ кард.

Оқои Зуҳуров ба кумисиюни вижаи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дастур дод, то далели ғайбати Муҳиддин Кабирӣ дар иҷлоси порлумонро рӯшан карда ва ба ӯ гузориш диҳад.

Аз сӯйи дигар, оқои Кабирӣ мегӯяд, ки аъзои порлумон дар бораи ширкати ӯ дар кунферонси Истонбул "расман аз тариқи мактуб ва пешниҳоди нусхаи даъватнома ба кунефронс" дар ҷараён гузошта шудаанд.

Маҳмудҷон Файзраҳмонов, сухангӯйи ҳизби наҳзати исломӣ, ки дар ин сафар оқои Кабириро ҳамроҳӣ мекунад, ба Би-би-сӣ гуфт: "Устод Муҳиддин Кабирӣ мактуб навиштааст ва нусхаи даъватномаи кунферонси байналмилалии "Ҷаҳони ислом ва таҳдидҳои байналмилалӣ" ба ибтикори Маркази мутолеъоти иқтисодӣ ва иҷтимоъӣ дар Туркия (ESAM)-ро ба масъулони порлумон пешниҳод кардааст."

Пеш аз кунферонси Истонбул, оқои Кабирӣ дар ҳаштумин ҳамоиши серӯзаи Алҷазира, ки аз 26 то 28 май таҳти унвони "Таҳаввулоти олами араб: роҳ ба куҷост?" дар шаҳри Дуҳа, пойтахти Қатар доир шуд, низ ширкат ва дар бораи мавзӯъи "Ислом ва демукросӣ" суханронӣ кардааст.

Дар ин ҳамоиш ӯ гуфта, ки имрӯз бузургтарин мушкилии олами ислом надидани уфуқи умедворкунанда ва ноумедии насли ҷавон аст, ки аз ин ҳолат танхо се гурӯҳ ба нафъи худ истифода мекунанд.

Ин се гурӯҳ иборатанд аз 1) қудратҳои ҷаҳоние, ки рушд ва пешрафти олами ислом ба нафъашон нест, 2) ҳукуматҳои худкома, ки камтарин озодиҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии шаҳрвандонро таҳдид барои идомаи қудрати шахсии худ медонанд, ва 3) ҳизбу ҷараёнҳои ифротгаро, ки пешрафти ҷомеъаҳо, интихоботхои озоду шаффоф ва озодиҳои бештари мардум заминаи фаъъолияти онҳоро аз байн хоҳад бурд.

Оқои Кабирӣ афзудааст: "Вақти он расидааст , ки ояндаи ҷаҳони исломро бо нигоҳҳои воқеъбинона ва дур аз эҳсосоту тобишҳои сиёсиву мазҳабӣ таҳлилу баррасӣ кард ва ба ҳукуматдорону соҳибони тасмиму қарорҳо тавсияҳои дурусту дақиқ омода намуд... Вақти он расида, мо ба таври ҷиддӣ раванди "муколама байни худ ва бо ғайри худ"-ро оғоз намоем."

Матолиби муртабит