Тахриби сохтмони бахши маҳаллии ҲНИТ дар Панҷакент
Мақомоти шаҳрдории Панҷакент дар устони Суғд ба тахриби сохтмони дафтари Ҳизби назҳати исломит Тоҷикистон (ҲНИТ) дар ин шаҳр иқдом кардаанд.
Ба навиштаи сойти расмии ҲНИТ, рӯзи панҷшанбеи 5-уми июн ниҳодҳои шаҳрдорӣ бо шумули намояндаҳои пулису амниятӣ қисмате аз ин сохтмонро тахриб кардаанд.
Сино Ҳасанзода, масъули бахши ҳизб дар шаҳри Панҷакент, гуфтааст, ки мақомот қавл додаанд, ки бар ивази ин сохтмони тахрибшуда қитъаи замине ихтисос хоҳанд дод.
Вай афзудааст: "Дари бахши ҳизбро маҳкам карда будам, мутаассифона, симҳоро канда, дохили бахши ҳизб шуда, ба вайронкорӣ даст задаанд. Аз мо напурсиданд, ки дар бино чӣ асту дар кадом асос бояд бино тахриб шавад. Болопӯши бинои мо 11 “плита” дошт, ҳоло сетояшро канданд ва тасмим доранд, то девори биноро низ тахриб кунанд."
Ба гуфтаи оқои Ҳасанзода, дафтари бахши ҲНИТ дар шаҳри Панҷакент дар канори ҷоддае воқеъ аст, ки бояд бозсозӣ шавад. Вале ба гуфтаи ва й, нақшаи бозсозӣ тағйир ёфта ва дафтари ҳизбӣ набояд тахриб мешуд.
Дар хабари ҲНИТ иттилоъ дар бораи мизони махориҷе, ки давлат барои тахриби ин сохтмон пардохт мекунад, оварда нашудааст. Тайи чанд моҳи ахир дар фаъъолияти бахшҳои ҲНИТ дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон мушкил эҷод мешавад. Қаблан аз мушкилоти мушобеҳ дар навоҳии Исфара ва Спитамени вилояти Суғд гузориш шуда буд.
ҲНИТ иддаъо дорад, ки дар як соли ахир давлати Тоҷикистон алайҳи ин ҳизби мухолиф эъмоли фишорҳо ва таблиғоти густардаеро рӯйи даст гирифтааст.
